Мақолаҳо

Сулҳу ваҳдат - роҳи ҳалли марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Тайи чанд сол аст, ки барои марзи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаҳо зуд-зуд сар мезананд.

Маълум аст, ки  роҳи автомобилгарди Исфара-Ворух, ки аз ҳудуди Қирғизистон убур мекунад, асоси ҳамин  муноқишаҳою  нофаҳмиҳо  қарор гирифтааст.

Ҳатто бар асари ҳамин муноқишаҳо даргириҳо сар зада, дар натиҷа талафоти ҷонӣ мушоҳида шуда, чандин нафар захмӣ шуда, ҷароҳат бардоштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков – Раисони Ҷумҳурии  Тоҷикистону Қирғизистон дар санаи 26 июли соли 2019 дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо сокинони маҳаллӣ вохӯрӣ анҷом доданд.

Ангезаи муноқишаҳо дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.

Инчунин дар минтақаи наздисарҳадии байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯхи шаҳри Исфара ва деҳаи Орта-Бози ноҳияи Ботканд муноқиша ба вуҷуд омад, ки низ ба масъаоаи марзи байни ду ҷумҳурӣ алоқаанд мебошад.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 971 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ ва роҳу бозор даст ба гиребон шудаанд ва тоҳ ҳол чандин нафар дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд.

Дар арафаи соли нави 2020 боз дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаҳо боз ба амал омаданд. Чи тавре ки расонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум менамоянд, субҳи 8-уми январи соли 2020 сокинони маҳаллаи Коктоши ноҳияи Боткон хонаи истиқоматии сокини ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара Нарзулло Абдуллоевро оташ заданд. Дар санаи 9-уми январи соли 2020 шаҳрвандони Қирғизистон бидуни сабабе ба мошини ба мошини сабукрави шахсии шаҳрванди тоҷикистон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ» Зафар Аъзамовро мавриди сангборон қарор доданд.

Шаби 9-ум инчунин дар марз аз ҷониби гурӯҳи низомиёни қирғиз борҳо ба ҳаво тир парронида шудааст, ки танҳо баъди дахолати намояндагони ВКД ва Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсоя  қатъ гардидааст.

Дар таърихи 13 –уми январи соли 2020 ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини сарвазир Азим Иброҳим барои гуфтушунид бо ҳайати Ҳукумати Қирғизистон ба шаҳри Исфара сафар кард ва мулоқот баргузор гардид, аммо ба қавли муовини вазир Азим Иброҳим, масъала ҳанӯз нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.

Дар натиҷаи баҳсҳо тарафҳо ба ин тавофуқ расиданд, ки аз 467 километри  марзи баҳснок 114 километри онро таъин  ва аломатгузорӣ намоянд. Ин аввалин ҷаҳиши амалие буд, ки дар фосилаи 40 сол ба ин тараф  идома дорад.

Умеди комили ҳар ду ҷониб, яъне ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бар он  аст, ки ин мушкилро танҳо бо роҳи эҳтиромгузорӣ, адолат ва дӯстӣ бояд ҳал намуд. Ин мушкилу монеа ҳанӯз боқимонда аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки тарафҳо мехоҳанд, ки аз 467 километри марзи баҳснок  дар навбати аввал 114 километри онро аломатгузорӣ кунанд ва мардуми  ҳар ду ҷумҳурӣ орзу доранд, ки дӯстона ҳаллу фасл намудани ин масъалаи  мушкил ягона роҳи боадолат ва ҳалкунанда  мебошад.

Дотсенти кафедраи адабиёт ва санъат Лалҷубаи Мирзоҳасан

 

 

 

 

 

 

 

 

Log in

create an account