Мақолаҳо

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ДАР ОИЛА

Чуноне, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд:

«Оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад.»

Муҳимтарин коре, ки инсон дар умри худ анҷом медиҳад, бунёди оила аст. Оила қонунест, ки шахс дар муҳити он худро аз ниёзҳои инсонӣ бениёз мегардонад. Яъне ҳар инсоне дар муҳити оила анъанаҳои табиии ба вуҷуд овардани наслро идома дода, бо воситаи оила ба ҷомеа мепайвандад ва шахсияту ҳуввият касб мекунад.

Оила ва оиладорӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии инсонӣ маҳсуб гашта, пойдорӣ ва мустаҳкамии он асоси хушбахтии аъзоёни он дар ҳаёти шахсӣ ба шумор меравад.Оила намунаи олӣ ва таърихии институти иҷтимоӣ буда,зуҳуроти иҷтимоию ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад.Табиист,ки фаҳму дарк,ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар дар оила аввалин дарсест,ки дар зеҳни кудак нақш мебандад ва фаъолияти минбаъдааш низ аз ҳамин гуна шароит вобастагӣ дорад.Муҳити оила хуб ёбад, ҳар навъе ки бошад таъсири худро ба кӯдак мегузорад ва умрбод дар вуҷуди он боқӣ мемонад.Дар ниҳоят кудак ба ҳама гуна бардоште,ки аз оила дорад вориди ҷамъият мегардад.

Масъалаҳои таҳкими робита миёни ҷомеа,муассисаи таълимива падару модарон тавассути як қатор қонунҳо,аз ҷумла Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»ба танзим дароварда шудаанд,ки ин санад раҳнамои волидон мебошад.

Ҳар як оила ӯҳдадор аст, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ,хештаншиносӣ тарбия намоянд.Дар оилаҳои хуб фарзандони бомаърифати хуб ба воя мерасанд ва ояндаи давлату миллат аз ин гуна фарзандон вобастагии зиче дорад.Агар волидон барои дар роҳи илму дониш роҳнамун намудани фарзандони хеш кӯшиш намоянд,дар ҷомеа оилаи солиму бофарҳангба вуҷуд меояд.Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд,ки пешрафту тараққиёти ояндаи кишвар,боигарии давлат аз кадрҳои баландихтисос вобастагии зиёде дорад.Аз ин рӯ,ҳар як падару модарро зарур аст,ки фикри ояндаи фарзандро андешида,онҳоро аз беҳудагардиҳо манъ карда,дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ тарбия намоянд.

Нуқтаи дигаре,ки ҳоло дар хонаводаҳо дар тарбияи фарзанд фаромӯш шудааст,ин мутолиаи китоб дар муҳити оила мебошад.Вақте волидон дар назди фарзанд китоб мутолиа мекунанд ё китобро ҳамчун ганҷи маонӣ ҳифз менамоянд,албатта ин ба тарбияи фарзанд таъсири мусбӣ мерасонад.Агар волидайн порае аз қисса ё ҳикоя ба фарзандон роҷеъ ба мӯҳтавои китоб саволу ҷавоб намоянд,шавқи китобхониро дар онҳо бедор месозанд.Бо назардошти тараққиёт ва пешравии ҷамъият,тарбияи насли наврас низ ба худ таваҷӯҳи бештареро талаб мекунад.Зеро, мушоҳидаҳо ва омӯзишҳои педагогию психологии солҳои охир нишон медиҳанд,ки бо вуҷуди дар зарфи 28 соли даврони истиқлолият дар бунёди оилаи устувори тоҷик ба мувафаққиятҳо ноил шудан,мушкилоти мувофиқба замони нав ба вуҷуд омадаанд,киба раванди таълиму тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд.Ба монанди ҳуқуқвайронкуниҳои  ноболоцон,нашъамандӣ,таъсири тамаддунҳои хориҷӣ ва цайра,аз ҷумлаи чунин мушкилот мебошанд.

Ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила маншаъ мегирад.Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши онро дорад.То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад,ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд.

Тарбияи оилавӣ корӣ муҳим буда,аз волидайн талаб ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад.Вазифаи волидайн,ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд,ба воя расонидани фарзандони фарзандони дорои ахлоқи накӯ ва ба ҷомеа нафърасон мебошад.

Оилаи муосир дар асоси тацйироте,ки дар ҷомеаи навин ба вуҷуд меояд,инкишоф меёбад. Васеъ паҳн шудани воситаҳои иртиботӣ,коммуникатсионӣ,пешравии илм ва дар ин замина дастовардҳои техника ва технологияҳои замони нав на танҳо ба некуаҳволии оила таъсир мерасонад,балки боиси инкишофи ҳамаҷонибаи насли наврас низ мегардад.Воситаи асосии иҷтимоикунонии насли наврас оила мебошад,ки он фарзандонро ба ҳаёт ва фаъолияти ҷамъиятӣ омода месозад. Бояд донист, ки муҳимтарин вазифаи оила таъмини хушбахтии аҳли хонавода ва тарбияи шоиста мебошад.

Тарбияи оилавӣ,ки онро машъали тарбия гӯянд,ба ба охлоқи инсонӣ асос шуда,дигар ҷузҳои таркибии тарбия аз он сарчашма мегиранд.Фарзанд маҳсули оила асту тарбияаш аз хонадон ва панди падару модар, инчунин аз муҳити маънавӣ маншаъ мегирад.

Тавре маълум аст,ки давраҳои бачагӣ,наврасӣ ва ҷавонии инсон дар оила мегузаранд.Аз ин хотир, падару мода рва колонсолони хонаро зарур аст, то ки вижагиҳои тацйироти синнусолии фарзандонро ҳис карда,ба имкониятҳои онҳо такя кунанд ва барои муътадил ҷорӣ шудани ташаккули шахсияташон цамхорӣ намоянд.Қобилияти эҷодии кӯдакро пайхас намуда,ҳамзамон дар айёми наврасӣ,ки давраи басо ҳассос аст,ба онҳо аҳамият бояд дод.

Ассистенти кафедраи педагогика,равоншиносӣ ва методикаи таълими ДДХ Муволасенова Паймора

Log in

create an account