Мақолаҳо

Оилаи солим – асоси ҷомеаи шаҳрвандии намунавӣ

Оила гурўҳи хурди иҷтимоиест, ки дар асоси  никоҳи расмӣ ва шаҳрвандӣ ташкил шуда, аъзоёни онро зиндагии муштарак ва якҷоя пеш бурдани хоҷагии оилавӣ иҷрои вазифаҳои оилавӣ ва аҳолӣ анъанаҳои оилавӣ муттаҳид месозад.

Чуноне ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Нишонаи солим будани ҷомеъа пеш аз ҳама муносибати ғамхорона ба зан-модар мебошад, зеро зан - модар мураббии фарзандон ва нигоҳдорандаи  чароғи хонадон аст. Ба ин хотир дар ҳар оила, дар тамоми ҷомеа бояд рўҳияи эҳтироми беандоза нисбат ба зан - модар ба вуҷуд варда шавад, мақоми ў ҳамеша баланд бошад, ҳуқуқҳояш ҳаргиз поймол нагарданд».

Оила, ҳамчун институти  ҷамъиятӣ - инсонӣ роҳи дуру дарозро тай карда аз шаклҳои қабилавии худ ба шакли имрўза расид. Аз қадимулъаём оила вазифаи анъанавии махсуси худро дошт ва яке аз вазифаҳои муҳими  оила ташкил кардани оила ва ба воя расонидани фарзанд мебошад.

Оилаҳо асосан бо пояҳои  ахлоқии худ хеле устувор буда, муносибати волидайну фарзандон дар  дарҷаи якум истода, барои ҳамаи аъзоён ва махсусан фарзанд фазои ягона бояд ташкил намуд.

Оила дар ҷамъияти мо дар асоси муҳаббат ва розигии писару духтар бунёд мегардад.

Оила ва оиладорӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои  зиндагии инсонӣ маҳсуб гашта, пойдорӣ ва мустаҳкамии он дар ҳаёти шаҳсӣ ба шумор меравад.

Оила ин иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқ ва чун қоида якумраи зану шавҳар аст, ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили  хонавода барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфтааст, бо риояи ҳама шартҳои дар қонун зикршуда  ва умумияти маънавӣ ва хоҷагӣ, инчунин ҳуқуқу ўҳдадориҳоро байни аъзои оила ба вуҷуд меорад ва дар ҳимояи давлат қарор дорад.

Дар оила ҳамаи мафҳумҳо ақида, ҳиссиёт ва одатҳои нахустин гузошта мешавад, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи  тамоми маънавиёти шахсияти кўдак замина мегузорад.

Оила  он вақт солим бунёд мегардад, ки агар аъзоёни  оила аз ҷиҳати ахлоқӣ обутоб ёфта бошанд. Ҳар як шахс бояд хуб дарк карда тавонад, ки бунёди никоҳ ва оила ин масъулияти ҷиддиро эҳсос менамояд.

Оила инчунин институти иҷтимоӣ буда, қайд кардан зарур аст, ки ба ин институтҳои иҷтимоӣ дохил мешаванд.

Нақши асосии оила ин таъсири  он ба меҳанти ҷисмонӣ ва ҳаёти рўҳонӣ, ки дар он одамон зиндагӣ мекунанд. Оила барои кўдак ҳам муҳити зист  ва ҳам муҳити тарбия ба ҳисоб меравад.

Оила ин ба монанди меъмор буда, ки дар он кўдакро ба монанди ҳайкал месозанду ўро ҳам аз ҷиҳати  ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати рўҳӣ тарбия намуда, шахсият дар кўдак эҳё мешавад.

Аз дидгоҳи ман оила ин чизи асосӣ ва муҳим дар ҳаёти инсон мебошад. Кўдак аз ҳама бештар ниёз дорад ба навозиш, муҳофизат ва тарбия эҳтиёҷ дорад.

Асосан оила инсонро ба ҷамъият роҳнамоӣ  карда ва ўро дар ҷамъият чӣ тавр зандагӣ карданро меомўзад.

Оила қадимтарин шакли ҳамзистии одамон буда, вобаста  ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ –сиёсӣ тағйир меёбад.

Оилаҳои ҳозиразамон бояд барои барпо намудани оилаи хуб онҳоро мебояд дар асоси муҳаббати тарафайн якдигарро интихоб карда бошанд.

Равоншиносон, педагогон ва сотсиологон чунин мегўянд, ки оилаҳои ҳозиразамон якхела нестанд, балки бисёр аз ҳам фарқ мекунанд.

Структураи оила тағйир меёбад, асосан аз ду гурўҳ-волидайн ва кўдакон. Оилаҳое ҳастанд, аз волидайн яке ё падар ё модар бо як кўдак  момою бобо алоҳида зиндагӣ мекунанд ин ба волидайн имконият намедиҳад, ки аз таҷрибаи  авлодӣ гузашта чизеро омўзад.

Ҳанўз дар Юнони қадим Афлотун баъди Суқрот гуфта буд, ки кулли шарри олам худбинии мардум, нобаробарии тарбиявии онҳо дар навбати аввал аз шароити нобаробарии  кўдакон дар оила аст.

Барои он, ки дар оила як сохти муайяне дошта бошад бояд ба таълиму тарбияи фарзандон диққати  махсус дода шавад. Фарзандон бояд дар оила  меҳнатдўст бошанд.

Кўдаконро аз кори хона маҳдуд накунед, новобаста ба он, ки вай аз ўҳдаи ин кор ба осонӣ баромада метавонад ё не чунки иҷрои доимии ягон намуди кори хона бе ташаккулёбии маҳорат ва малакаи кўдакон мусоидат мекунад.

Талаботи ҳама вақт ягон кори хонаро  иҷро намудан аз тарафи кўдак ба мувафақияти оилавӣ дар оянда оварда мерасонад.

Ҳама вақт аъзоёни оилаатонро дастгирӣ ва ҳавасманд намоед, кўшиш намоед, ки  ҳеҷ вақт баробари  рафтори аъзоёни  оила гапи дағал назананд. Дар оилаатон ҷангу ҷанҷол  набардорад, ки ин ба ташаккули  асаби кўдак таъсири манфӣ мерасонад.

Дар оила меҳнатро ба меҳнати занон ва меҳнати мардон тақсим накунед, чунки ин ба пешравии ҳаёти шумо халал мерасонад.

Агар шумо хоҳони он бошед, ки оилаи бамаърифат дошта бошеду фарзандон ва набераҳоятон хушбахту маданӣ ба воя расанд, шуморо зарур аст, ки қоидаҳои зерини психологиро иҷро намоед.

Ҳама вақт дар муносибат ба фарзандонатон ҳалим ва меҳрубон бошед.

Дар оилаатон фазоеро ҷорӣ намоед, ки  дар он ҳама якдил, меҳрубон ва мулоҳизакор бошанд.

Ҳар рўз, ҳар дақиқа ба фарзандонатон диққат диҳед, аз омўзиш ва тарбияи онҳо дар мактаб ва гирду атрофи онҳо  бохабар боше два мунтазам онҳоро бо роҳи  нек раҳнамоӣ намоед.

Роҳ надиҳед, ки фарзандони шумо бесабаб ба мактаб нараванд.

Дар назди фарзандонатон ҷанг накунед, ҳамаи муносибатҳои зану шавҳариро дар набудани фарзандонатон ҳал намоед.

Ҳама вақт барои кўдаконатон намуна бошед, зеро ин намуна барои  онҳо дар оянда дарси ибрат хоҳад шуд.

Барои гузаронидани истироҳати маданӣ ба кўдаконатон вақти худро дареғ надоред, дар якҷоягӣ бо онҳо ба театр, музей, китобхона, консерт ва дигар ҷойҳои маданӣ равед.

Фарзандони шумо  бешарм ва дурўя  нисбати дигарон бадбин набоанд, дар пеши онҳо аз танқид ва ғайбати хешовандону ҳамсояҳо ва дигар шахсон худдорӣ намоед.

Тарбияи оилавии шумо бояд ба тарбияи мактаб мувофиқ бошад, агар баръакс бошад, ягон натиҷа гирифта намешавад.

Донишмандони шарқ дар китоби «Шоҳи шафтолу» бунёди оиларо таҳлил намуда, ба хулосае меоянд, ки рағбати инсон дорои се манба мебошад: дил, ақл ва ҷисм, Рағбати дил дўстонро бунёд мекунад, рағбати ақл эҳтиромро ва рағбати ҷисм майлу хоҳишро ба вуҷуд меорад, ки ин оиларо мустаҳкам мекунад.

Хулоса, дар оила албатта инсон ҳаматарафа инкишоф ва тарбия мегирад. Мавқеъ ва нақши оила дар ҷамъият хеле бузург будан асоси давлатро ташкил медиҳанд.

Нигина Амонхоҷаева, саромӯзгори кафедраи

 педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълим

Log in

create an account