Мақолаҳо

«То шамол навазад, шохи дарахт намеҷунбад» Ё чаро маҳз режими Эрон ба қурбонӣ шудани Қ. Сулаймонӣ оварда расонд

Феълан анқариб сад давлати дунё дар ин ё он шакл ба оғӯши ҷангу низоъҳои иҷтимоӣ кашида шуда, дар ноамн гаштани давлатҳо бевосита террористону ҷонибдорони бунёдгароии исломӣ даст доранд. Реша давондани ақидаҳои иртиҷоӣ дар ҷаҳон собит менамояд, ки дар асл терроризм миллату ватан надошта, бевосита аз ҷониби кишварҳои манфиатхоҳ ё режимҳои худкома бунёду маблағгузорӣ карда мешавад.

Мусаллам аст, ки худи қавму халқиятҳои гуногун дар ҳар давру замон ба хотири ба ҳам расидан талошҳои зиёд мекунанд. Вале, мутаассифона дар тақдири ҳар халқ ҳокимон ё худ режимҳои манфиатҷӯ баъзан на аз тарафи мардум, балки бо таъсири қувваҳои беруна ё давлатҳои абарқудрат сари қудрат меоянду бо сиёсатбозии хеш монеаи дӯстиву ҳамкории халқи бо ҳам дӯсту бародар мегарданд.

Чанде пеш мардуми Эрон генерал Қосим Сулаймониро аз даст доданд ва мо дар ин маврид ба онҳо ҳамдардии амиқ ва изҳори тасаллият менамоем.

Аммо суоле ба миён меояд, ки кору сиёсати режими феълии Эрон чӣ аст? Магар худи марҳум Қ. Сулаймонӣ гунаҳкор буд, ки аз тарафи Амрико ваҳшиёна ба қатл расид? Албатта «то шамол навазад, шохи дарахт намеҷунбад» ва маҳз чунин сиёсати пешгирифтаи режими Эрон ба марги ӯ оварда расонд. Умуман, чаро ин режим ба давлатсозиву сиёсати кишварҳои дуру наздик дахолат карда, садди роҳи якпорчагии онҳо мешвад?! Чаро ин “ҳукумат” ба бунёду азнавсозии гурӯҳҳои иртиҷоию созмонҳои террористӣ даст зада, авзои ҷаҳонро ноором мекунад ва аз оқибатҳои он намеандешад…

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз мухолифи бо ҳам наздик шудани фарҳангу тамаддунҳо ва шинохти ҳамдигар нест, зеро ин як раванди табиӣ мебошад. Вале бо сабаби оне, ки омезиш дар шароити нобаробарии сиёсӣ мегузарад, бисёр вақт хусусияти якҷониба гирифта, ҷомеаҳои аз лиҳози иқтисодӣ сусттар зери таъсири шадиди фарҳангу арзишҳои давлатҳои қавитар қарор мегиранд.

Дур намеравем. Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро аз рӯзи аввали фаъолияташ, кӣ бунёду ҷонибдорӣ намуд ва дар талошҳои табаддулоти давлатии солҳои пешу охир кӣ даст дошт? Албатта мо пӯсти режими худкомаро дар чармгарӣ мешиносем ва намегузорем, ки он бори дигар ба ҳаёти осоиштаи тоҷикистониёни азиз даст занад. Терроризм ҳаракатест, ки бо сохти мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст, талош менамояд, ки бесуботиро равнақ дода, буҳронҳои иҷтимоиро бо роҳи норозигии мардум фишор оварда, ба сохти сиёсӣ тақвият бахшад. Ин усул ба яке аз аъзоёни режими болозикр, яъне ташкилоти экстремистӣ - террористии ҳизби наҳзати исломӣ хос аст, ки чанд сол қабл бо нияти суиқасд ва табадуллоти давлатӣ дар кишвар амалиёти террористӣ анҷом дод.

Дар давоми солҳои фаъолияти ТЭТ ҲНИ 304 нафар аъзоён ва тарафдорони он дар содир кардани 560 ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар ҳайати гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ба қайд гирифта шуданд. Дар маҷмӯъ аз ҷониби аъзоёни ҲНИ 1 610 ҷиноят аз қабили куштор, таҷовуз ба номус, ҳаракатҳои зуроваронаи шаҳвонӣ, терроризм, бандитизм, экстремизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқу аслиҳаи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ, ташкили гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва воҳидҳои мусаллаҳ, роҳзанӣ, ғасб намудани ҳокимият, даъват барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, тахрибкорӣ, исёни мусаллаҳонаю зархаридӣ ва ғайраҳо содир шуданд.

Бале, маҳз режими феълии Эрон ҳаст, ки ғайр аз ТЭТ ҲНИ гурӯҳҳои “Қудс”, “Ҳизбуллоҳ”, "Хашд аш - Шооби, “Ҳамос”, “Созмони ҷиҳодии лубнон”, “Ал–Қоида” ва дигар ҳаракатҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ террористӣ эълоншударо дастгирӣ намуда, онҳоро ба барҳам додани суботу оромии ҷаҳон ва вайронкориҳо раҳнамун мекунад.

Муволасен Акобиров, таҳлилгар

Log in

create an account