Мақолаҳо

Ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом

Вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҳавзаи давлатҳои арабӣ далели рушани ин иддаост. Зери таъ­сири чунин неруҳо буд, ки нут­фаи дар сатҳи пажўҳишгоҳҳои мағрибӣ таҳия ва барномаре­зишудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати Исломро бо усули бордоркунии сунъӣ дар батни ҷомеаҳои суриёиву ироқӣ во­рид карда, ҷанини зудрасеро тарбия карданд, ки он ҳанўз ҳангоми таваллуд дандонҳои хуношоми даррандагӣ дошт. Имрўз ин аъҷубаи заҳҳоктабори арабӣ мағзҳои ҷавононро мехўрад. Ҳикмати фаридуниву ҷуръати коваёнӣ мебояд, то мағзҳои ҷавонони моро аз афсуни ин махлуқи заҳҳоктабор вораҳонад.

Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин ҳизб эътимод надоштанду на­доранд, зеро ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки боиси мар­ги даҳҳо ҳазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гарди­да, муҷиби харобии иқтисоди ҷумҳурӣ шуд, маҳз бо сабаби тундравиҳои ҳизби мазкур ба амал омада буд. Аз ин рў, мар­дум ҳузури сиёсии Ҳизби наҳзати исломро дар арсаи давлатдорӣ ҳамчун омили нооромии кишвар тасав­вур мекунанд.

Ташкилоти тер­рористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ҳамчун як ҳизби сиёсӣ ва муддаии ба даст овардани ҳокимият дар ҳолати расидан ба ҳадафи сиёсии худ низ наметавонад кафили ваҳдати миллӣ ва як­порчагии Тоҷикистон бошад, зеро дар сурати ба сари қудрат омадани ҳизби динӣ ногузир мақому манзалати меъёрҳову муқаррароти динӣ афзалият пайдо карда, риояи онҳо на ба меъёрҳои ихтиёрӣ, балки ҳатмӣ табдил меёбанд.

Бо назардошти омилҳои хориҷӣ ва мавқею манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, ки ҳамчун субъекти сиёсӣ ба ҷараёни равандҳои сиёсии объектҳои сиёсӣ таъсир мегу­зоранд, метавон гуфт, ки таш­килоти террористии Ҳизби наҳзати ислом воқеӣ ва амалии ба даст овардани ҳокимиятро дар кишвар надорад. 

Аз ин рў, ба хотири бақои миллату ҳифзи истиқлолияти давлат, таҳкими амну субо­ти сиёсии кишвар ва рушди рўзафзуни он моро лозим аст, ки баҳри бартараф кардани та­моми омилҳои низою ташаннуҷ дар ҷомеаи худ саъю талош варзем.

Ташкилоти тер­рористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва гурўҳҳои дигари ифротии кишвар аз қабили чу­нин ниҳодҳои тундраве мебо­шанд, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам барои тира карда­ни фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.

Воқеан ҳам, ҷоиз ва му­носиб нест, ки як гурўҳи маҳдуди ҷомеа арзишҳои умумиҷамъиятиро танҳо ба худ мансуб донад ва фақат худро ҳомии он хонад. Гурўҳҳои сиёсӣ ниҳодҳоеянд, ки онҳоро қишрҳои муайяни ҷомеа таъсис дода, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ талош мевар­занд. Маҳз дар ҳамин замина ва бо ҳамин асос дуруст нест, ки Ҳизби наҳзати ислом ҳамчун як гурўҳи террористӣ ба нафъи худ аз арзишҳои исломӣ ва эътиқоди кулли мардуми Тоҷикистон сўиистифода намояд, хоса дар мавриде, ки вазъи му­раккаби сиёсии минтақа ва тафриқаангезиҳои неруҳои манфиатҷўи байналмилалӣ аз мо беш аз ҳарвақта ҳушёрии си­ёсиро тақозо дорад.

Ҳамзамон, бояд ҳамеша дар мадди на­зар дошт, ки ин ҳизб аз эътиқоду ҳассосияти мардум сўиистифода карда, ҳамчун аҳзоби диниву гурўҳҳои тундрави мазҳабии кишварҳои арабӣ зери нуфузи хадамоти махсус ва доираҳои динии му­таассиби хориҷӣ қарор дорад ва мехоҳад ба коми ин ҳомиёни манфиатҷўи худ вазъи ҷомеаи моро ноором кунад, чунонки ин гуна вазъиятро дар солҳои 90-уми асри гузашта дар киш­вар ба вуҷуд оварда, боиси ҷанги шаҳрвандӣ ва тахриби ватану мусибати садҳо ҳазор ҳамватанони мо гардида буд.

Давлат, ки муҳимтарин дастгоҳи ҳифзи бақо ва руш­ди миллат аст, амонатест, ки онро ба дасти ҳар гурўҳи си­ёсии тасодуфие набояд дод. Ҳар гурўҳи сиёсие, ки ин амо­натро ба даст овард, мувазза­фу масъул аст, ки онро ҳифз кунад ва неруҳои ватанпарасту худогоҳро барои идомаи умури давлатдорӣ тарбият диҳад, то дар вақти зарурат амонат дар дасти амин бошад.

Эҳёи давлатдории миллӣ ва истиқлолияти сиёсии кишвар муҳимтарин дастоварди милла­ти мо дар тўли ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу таҳким бахшида­ни он қарзи имониву виҷдонӣ ва масъулияти фавқулодаи шаҳрвандии мост. Аз ин рў, бо назардошти ҳассосияти вазъи сиёсии ҷаҳон моро лозим аст, ки нисбат ба омилҳои ташаннуҷ дар кишвар ва бартараф кар­дани онҳо нигоҳи ҷиддитар ва тасмимҳои қатъитар дошта бо­шем.               

Мо бояд ба қадри ин арзиши конститутсионӣ бирасем ва моҳияти ҳамин арзишро ба­рои насли ҷавон ва мардуми дар зери таъсири хурофотмон­да фаҳмонем. Ҷомеаи озоди имрўзаи мо ба андешаҳо ва таълимоти фундаменталии ба ислом бегона эҳтиёҷе надорад.

Албатта, маълум аст, ки ҳар як давлат бе мақсади му­айян ба давлати дигар кумак намекунад. Вазъи номусоиди сиёсию ҳарбии Тоҷикистон дар вақташ имкон намедод, ки ҳокимияти сиёсӣ ба рақибон сиёсияш ҷавобҳои қотеъона дода тавонад. Илова бар ин, танҳо ба хотири ваҳдату яго­нагии миллат бо ташкилоти тер­рористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва сар­кардагони он муросо кардани ҳокимият маънои фармонбар­дори онҳо буданро надошт. Аммо афсўс, ки онҳо ба ҷойи муросо ва мадоро ба таҳдиди рўйирост ва ғасби ҳокимият даст заданд.

Мақсадҳои нопоки саркар­дагони ҲНИ пуштибо­нии онҳо аз ҷониби давлати Эрон ҳушдор медиҳад, ки аз хатогиҳои содирнамудаи онҳо хулоса бардошта, барои ба як миллати воҳид табдил додани миллат тоҷик ва муттаҳид на­мудани сокинони Тоҷикистон ба як қувваи бузург корҳои зиёд анҷом дода шавад. Шояд тавассути телевизион ва радио силсиласуҳбатҳо бо иштиро­ки олимон, сиёсатмадорон ва ходимони дин гузаронида шуда, нисбат ба амал, фаъо­лияти анҷомдода ва мавқеи ин террористони наҳзатӣ бори дигар андешагузорӣ карда шавад, то ин ки тамоми мардум огоҳ бо­шанд ва мақсади нопоки онҳоро донанд.

 Мухбири рӯзномаи «Оинаи зиндагӣ»,

Чоршанбиева Гулчамол

Log in

create an account