Мақолаҳо

Куштори генерали эронӣ - инъикосгари ноамнии минтақа аст

Вақтҳои охир бар асари манфиатҳои геополитики абарқудратҳо дар мантақаи даргири Ховари Миёна вазъият ноором буда, руз аз руз муташанниҷ гашта истодааст. Мардуми ин минтақаҳо солҳост аз бад будани авзои сиёсӣ ва ҳарҷумарҷи бардавоми иҷтимоӣ ранҷ мебаранд, аммо бозиҳои абарқудратҳо  идома дорад. Чунончӣ, моҳи январи соли ҷорӣ, ҳамагон шоҳиди яке аз оқибатҳои бозиҳои сиёсии давлатҳои абарқудрат гардидем.

Рӯзи 3-юми январ Фармондеҳи воҳиди махсуси “Қудс”-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ зимни ҳамлаи ҳавоӣ аз ҷониби неруҳои низомии ИМА, дар шаҳри Бағдод кушта шуд.

Чӣ хеле ба ҳамагон маълум аст, генерал Қосим Сулаймонӣ яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар арсаи низомӣ ва сиёсӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон маҳсуб ёфта, солҳои зиёд масъулияти фаъолиятҳои низомии режими ҷумҳурии исломиро дар минтақа бар ӯҳда дошт. Куштори як фард барои кулли инсонҳо талафоти азим ба шумор меравад ва мо шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон низ, аз даргузашти Қосим Сулаймонӣ ба ҳайси як фард, як инсон андӯҳгин ҳастем ва ҳамдардии худро ба пайвандону наздикон ва сокинони Ҷумҳурии исломии Эрон баён медорем.

Лозим ба ёдоварист, ки Қосим Сулаймонӣ масъули анҷоми амалиётҳо дар хориҷ аз ҶИЭ буд ва дар тавсеаи нуфузи ин кишвар дар миёни гурӯҳҳои сиёсию низомии давлатҳои даргири Сурия, Ироқ, Лубнон ва Яман саҳми муҳими худро гузоштааст. Имрӯз коршиносони бахши сиёсӣ бар ин назаранд, ки марҳум Қосим Сулаймонӣ дар минтақаи Ховари Миёна на танҳо аз назари иҷрои амалиёти ҳарбӣ, балки аз назари татбиқи стратегияи сиёсии режими ҶИЭ як шахсияти матраҳ маҳсуб мешуд. Имрӯз нақшаи режими ҷумҳурии исломӣ дигар аз ҳеҷ кас пӯшида нест.

Қаблан генерал Қосим Сулаймонӣ бо ҳар роҳу васила дар умури дохилии кишварҳои зикргардида дахолат мекард.

Ҳодисаҳои хунини солҳои охир дар давлатҳои Ироқ, Сурия, Лубнон ва Яман сарзада, бевосита ва ё бавоситаи режими ҷумҳурии исломӣ ба вуқӯъ пайвастаанд ва масъули иҷрои ин нақшаҳо дар хориҷи Эрон, шахсан Қосим Сулаймонӣ буд.

Мардуми мо аз таҷрибаи талхи мудохилоти режими Ҷумҳурии исломии Эрон дар кишвари азизамон, ки охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта сурат гирифта буд, огоҳи доранд. Ин нуктаро таъкид намуданием, ки барои таъсис додан ва фаъол гардидани ТТЭ ҲНИ аз ҳар ҷиҳат режими охундӣ маблағгузорӣ мекарданд. Ташкилоти зикргардида, зодаи тафаккури охундӣ ва режими ҷумҳурии исломист, ба ин маъно, ки раҳбарияти наҳзатӣ аз ибтидо то интиҳои фаъолият таҳти пӯшиш, ҳимоят ва ҷонибдории ошкору ниҳонии режим қарор гирифта, бо маслиҳату машваратҳои режими исломӣ дар масири муборизаҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ ҳаракат карда буд.

Чӣ хеле, ки мардуми тоҷик якчанд сол пеш тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ва сомонаҳои интернетӣ, амалиётҳои террористии гурўҳҳои махсуси созмонёфтаи наҳзатиро, ки бо дастгирии молиявии ҶИЭ дар қаламрави ш.Душанбе роҳандозӣ гардида, боиси ҳалоки чеҳраҳои нотакрорӣ фарҳангӣ, сиёсӣ, илмии кишвар гардиданд, тамошо карданд. Аъзоёни ин гуруҳи террористи ба қатлу ғорат ва куштори шахсиятҳои варзидаи сиёсӣ, илмӣ, адабӣ ва фарҳангии тоҷик, аз ҷумла Муҳаммадҷон Осимӣ, Отахон Латифӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва якчанд нафари дигарро бо дастуру ҳидояти хадамоти махсуси Эрон ба анҷом расонидаанд.

Боз илова мекунем, ки дар доираҳои сиёсию низомии режими Эрон ҳимоят ва пуштибонии сиёсию молиявӣ ёфтани ТТЭ ҲНИ ба хотири интиқол додани ғояҳои инқилоби исломӣ ҷараён гирифта, ин навъ тасмимот идома доранд.

Ҳукуматдорони Эрон оиди даст доштанашон дар ҳар гуна кумак ба ТТЭ ҲНИ рад мекунанд ва ин дар ҳоле ки раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ соли 2015 бо роҳбари фирории наҳзатӣ М. Кабирӣ мулоқот анҷом дода буд.

Пирумшо Саодатқамов, нафақахӯр, сокини шаҳри Хоруғ

Log in

create an account