Мақолаҳо

Иғвоҳои навбатии мухолифин дар радиои Озодӣ

  Кормандони радиои Озоди бо дарҷи ном «Муроҷиатномаи мухолифини тоҷик ба мақомоти баландпояи Амрико» бори дигар собит сохтанд, ки талаботҳои Қонуни кишвар «Дар бораи матбуот» барои ин радио арзише надорад. Гарчанде радиои Озодӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ якчанд маротиба барои ба пойгоҳи ифротӣ табдил додани минбари радио таъкид ва огоҳ карда шуда бошад ҳам, боз ба сиёсати дохилии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дахолат намуда, заминаи нави ҷанги шаҳрвандиро мехоҳанд муҳайё созанд.

Бозиҳои пасипардагии роҳбарияти радиои Озодиро мардуми тоҷик имрӯз дарк намудааст ва дигар хатогиҳои солҳои 90-уми қарни гузаштаро такрор нахоҳанд кард.

Имрӯзҳо ташаббусҳои ғаразноки кунунии Паймони миллӣ, ки зери парчами ТЭТ ҲНИ қарор дорад, тавассути шабакаҳои иьтимоӣ дар хориҷа ба паҳн намудани афкори носолими худ оғоз кардааст.

Роҳбари ТЭТ «ҲНИ» М.Кабирӣ бо ҳаммаслакони худ дуруст қайд кардаанд, ки онҳо мухолифи мардуми тоҷик буда, намехоҳанд кишвар ободу рушд кунад ва сулҳу амният пойдор бошад. Яъне, зидди манфиатҳои миллианд. Бинбар ин худро то ҳол да Аврупо мухолифи мардуми тоҷик муаррифӣ менамоянд.

Бояд фаромӯш насохт, ки шомилшудагони ин ташкилот дар даҳаи охири қарни гузашта хиёнатеро бар сари халқу миллат оварданд, ки аз замони пайдоиши инсоният дар руйи замин ҳеҷ душман ин кору рафторро нисбати миллати худ раво надидааст. ТЭТ ҲНИ вазъи ҳассосии сиёсати онвақтаро истифода намуда, мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват карда, ҳаргуна фикрҳои хоинонаро паҳн намуданд ва дар охир Ватани азизамонро ба гирдоби ҷанг кашиданд. Ин хиёнаткорони аъзои ТЭТ ҲНИ Ватанро ба бегонагон фурӯхтанд ба сари миллати худ ьанг оварда, ыазорон нафарро щурбони манфиати бегонагон намуданд.

Рафтори ТЭТ ҲНИ барои ин миллат таъсири бади равониву ҷисмӣ ва ба руҳияи миллии мардум таъсири бад расонид, ки боиси бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмӯъ, хурофоту таассуби шадид гардид. Ҳамаи ин рафтору кирдори ТЭТ ҲНИ ҷисми миллатро захмдор намуда, сабаби марги ҳазорҳо нафар шаҳрвандон гардид.

Мардуми шарифи Тоҷикистон фикру ақидаи ифротиву хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИ ба хуби дарк намуда ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки газанде аз онҳо ба Ватан расад. Имрӯзҳо бовари дар он дорем, ки ҷавонони соҳибмаърифату худогоҳи кишвар фирефта ва гирифтори доми ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мамнӯъ нагашта, баҳри боз ҳам ободтару шукуфонтар намудани Ватан камари худро устувор мебанданд.

 Пирумшо Саодатқадамов, нафақахур, сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account