Мақолаҳо

Терроризм – зуҳуроти хатарноки аср

Имрўз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат ги­рифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар ин робита, ҳамчунин, дар ақсои олам терроризму экстремизм беш аз ҳар вақт авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI ба ҳисоб меравад.

Ба сабаби рух додани ин ҳодисаҳо, пеш аз ҳама, дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи волидон бо мактаб, риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд. Бачаҳо беназорат монда, дар машғулияту дарсҳо ширкат намеварзанд ва рў ба корҳои ношоиста меоранд, авбошӣ мекунанд, ҳатто аз нодонӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ мепайванданд ва дар ниҳояти кор қотили ин­сон мешаванд. Баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кўшиш ба харҷ намедиҳанд ва бе шуғли муайян ва касбу кор мемонанд. Бекорӣ сарчаш­маи ҳамаи балоҳост, одам аз бекорӣ ба ҳар кор даст мезанад. Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ касбу коре ё шуғле дошта бошад, то ризқу рўзии хеш ва аҳли хонаводаро пайдо намояд ва ҳам ба фикрҳои беҳуда фурсат наёбад. Аксари ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд. Баъзе аз онҳо ба нашъамандӣ мубтало мегарданд. Пош хўрдани оилаҳои ҷавон низ яке аз сабабҳои ба равияҳои бегона шомил гардидани ҷавонон мегардад. Мо  бояд ҳамаи чораҳоро андешем, то ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем. Ба ҷавонону наврасон ҳамеша бояд таъкид кунем, ки фирефтаи дасисаҳои гурўҳҳои ифротгарову манфиатталаб нашаванд ва ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо накунанд.

Дар ҳаққиқат, агар ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гурўҳҳои террористӣ пешгирӣ карда нашаванд, сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халалдор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида, фарҳанги минтақаҳои гуногунро коста мегардонанд.

Боиси таассуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву шуури сиёсӣ ва ҳамчунон, бо сабаби рушд наёфтани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон ба доми аъзои гурўҳҳои террористӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро олуда месозанд. Агар пеши роҳи чунин кирдорҳо гирифта нашавад, пояи истиқлолият ва ваҳдати миллии мо заиф мегардад.

Мушкили дигаре, ки сабаби шомил шудани шаҳрвандон ба гурўҳҳои террористӣ мегардад, нобаробарии дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва маданияти сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад ва ин ба он сабаб гардида истодааст, ки баъзан шаҳрвандони мо ба моҳияти истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ сарфаҳм нарафта, ба сафи гурўҳҳои иртиҷоии террористӣ мепайванданд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд.

Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем.

Фидокориву  мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.

Мутаассифона, мо имрўзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон раванди рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани “ҷанги сард” возеҳ мушоҳида мешаванд.

Чунин воқеият талошҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳониро дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои глобалӣ дучанд коста гардонида, ба усулу асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳаргуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд.

Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат масъалаи рақами як бошад, зеро ҳифзи Ватан бақои ҳастии миллат мебошад.

Гулмамадов Назаралӣ,

сокини шаҳри Хоруғ

 

Log in

create an account