Мақолаҳо

Терроризм ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ хотир нияти нек надорад

Дар харитаи сиёсии ҷаҳон мафҳуми терроризм бараъло вуҷуд дорад ва фаъолияти ғаразноки онҳоро тамоми ҷаҳон дарк ва мушоҳида карда истодаанд.Тамоми беадолатиҳо, ҷангу ҷидол, нестшавии қисматҳои алоҳидаи ҷаҳон, бесарусомонӣ, аз байн рафтани чандин миллионҳо кӯдакону наврасону, модарон маҳз ба мафҳуми терроризм сахт алоқамандӣ дорад. Ҳанӯз ҳангоми зуҳури ин ҳаракати номатлуб мардуми кишварҳои минтақаи ҷаҳонӣ дар даҳшату сарсониҳои мухталиф умр ба сар бурда истодаанд. Аксарияти сиёсатшиносони ҷаҳонӣ мафҳуми «терроризм»-ро ҳамчун «системаи хавфноки идоравӣ ва амалҳои даҳшатовар» шарҳ додаанд.

  Масалан, Максим Швеченко чунин нигоштааст: Мафхуми калимаи «террор» таърих дорад. Лекин терроризм вакте вусат ёфт, ки Амрико кушунхои худро вориди хоки Афгонистон намуд. Дар дохили Афгонистон аз хисоби чавонони ин давлат лагерхоро ташкил карданд онхоро аз силох таъмин намуданд ва  кушунхои Аммрико бар зидди ин  гуруххои иртичои чанг мекарданд ва онхоро «Исламский терроризм» номгузори мекарданд.  Агар куллан ба амалу фаъолияти ин ҳаракати номатлуб назар афканем, ҳадафи ниҳоии эшон ин ноором сохтани вазъияти ороми ҷомеа, бехонумон сохтани мардумони кишвар,  ва дар охир нест кардани мардумони манотиқи ҷаҳон мебошад. Агар аз дидгоҳи дини мубини Ислом ба он назар афканем, то ҳатто дар китоби муқаддаси « Қуръон» чунин омадааст: Ҳар касе фардеро бидуни иртикоби қатл, ё фасод дар рўи замин бикушад, чунон аст, ки гўё ҳамаи инсонҳоро кушта ва ҳар касе инсонеро аз марг раҳо бахшад, чунон аст, ки гўё ҳамаи мардумро зинда кардааст. (Моида, ояи 32) .

Аммо аз таҳлилҳои сиёсатмадорони ҷаҳон бармеояд, ки ин ҳаракати номатлуб танҳо ва танҳо як ҳадаф дораду халос. Ин ҳам бошад амалӣ намудани ҳадафи ғаразноки худ дар ҷомеа ва ба даст овардани фоидаи калон мебошад. Фикр мекунем, ки ирӯз тамоми мардумони ҷаҳон аз орзуву омоли ин ҳаракат пурра огоҳӣ доранд. Умедворем, ки ҳеҷкас ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин ниятҳои нопоки эшон нахоҳад гашт.

Ҷаббор Хуҷаназаров

Log in

create an account