Мақолаҳо

МУБОРИЗА ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ХАДАФИ МОСТ

Мубориза ба муқобили экстремизму терроризм дар Тоҷикистон ҳарфи нав набуда шуруъ аз соли 2005 то инҷониб ба  давлату халқ ба муқобили ин вабои аср амалиётҳои ҷидди бурда истодаанд.  Имрўз агар мо сухан оид ба ташкилотҳои террористӣ барем, пеш аз ҳама ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба назар мерасад.

Гарчанде, ки  таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ин ташкилоти мухолифро пас аз даврони ҷанги дохилии соли 1997 дубора имконияти мавҷудият доданд аммо мутаассифона намояндагони ин ҳизби мухолифин ба қадри ин ғамхориҳои Пешвои миллат нарасида, хулосабарорӣ накарда, баръакс фаъолияти пинҳонии худро бар зидди сохти конститутсионии давлат ва манфиати халқу миллат пеш мебурданд. Ашхосони гумроҳи ин ташкилоти террористӣ ба хотири пулу мол ва манфиатҳои ғаразноки шахсии худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти давлатҳои хориҷӣ ва хоҷагони хориҷиашон гардида, мавқеи худро дар сатҳи сиёсии кишвар пурра аз даст доданд.

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки ин ташкилоти терррористӣ пурра аз ҷониби хоҷагони хориҷиаш маблағгузорӣ гардида, роҳбари ин ташкилоти террористӣ Муҳиддин Кабирӣ дар давлатҳои Аврупо маскан гирифтаву дар иҷрои  супоришҳои онҳо мебошад. Агар ин кас дар ҳақиқат фарзанди фарзонаи миллат мебуду мақсади аслиаш хизмат ба халқ бошад, ў имрўз на дар хориҷи кишвар наместод, аз нақшаҳои ғаразноки давлатҳои хориҷиро амалӣ намекард, балки дар Ватан маскан гирифта, баҳри пешрафти он саҳмгузори мекард.

 Бояд дарк намуд, ки замоне ки ТЭТ ҲНИТ дар ҳудуди кишвари мо расман фаъолият менамуд, мардумро бо нақшаҳои ояндаи гуё дурандеши худ фирефта намуда, нигоҳи онҳоро нисбати  сохти конститутсионии кишвар ҷиҳати манфӣ дигаргун мекард. Намояндагони ин ташкилот тавассути сомонаҳои интернетӣ ба мардуми кишвар муроҷиат намуда кумаки бевоситаи онҳоро талаб намуданд, аммо ин нақшаҳои ғаразноки онҳо бенатиҷа боқӣ монданд ва хоҳанд монд. Ҳамаи он наворҳои аудио-видеоӣ, ки имрўз аз ҷониби аъзоёни ин ташкилот дар сомонаҳои интернетӣ пахш гардидаанд, ягон асоси ҳақиқатро надошта, баръакс боиси нафрати сокинон гаштаанд.

 Вобаста ба ин, дасисаҳои нопоки ин ташкилоти террористӣ аз  ҳамватанони азиз, бахусус ҷавонон хоҳиш менамоем, ки фирефтаи ин гумроҳон нашаванд, зеро ки мубориза бар зидди терроризм ва  экстремизм хадафи мо аст.

НАСИМ САИДРАҲМОНОВ

Log in

create an account