Мақолаҳо

Моёншо Назаршоев олим, ходими сиёсию ҷамъиятӣ ва бунёдгузори Донишгоҳи давлатии Хоруғ

 Моёншо Назаршоев олим, ходими сиёсию ҷамъиятӣ ва бунёдгузори Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Дар таърихи ҳар як халқ  шахсоне ҳастанд, ки аз ибтидо амалу тақдирашонро бо тақдири халқи худ пайваст менамоянд. Ин гуна ашхос ҳамчун машъали фурузон барои халқаш раҳнамое мегарданд. Таърих  гувоҳӣ медиҳиад, ки ашхоси зиёд буданд ва ҳастанд, ки дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ ҳиссаи муҳим гузоштаанд ва мегузоранд. Бузургии ин зумраи одамон дар он аст, ки онҳо  пеш аз ҳама  манфиати оммаро  дар мадди  назар мегиранд ва баҳри ҳимояи он кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. Аз ин хотир, ин гурӯҳи одамон бо мурури замон сазовори  эҳтироми омма гашта, номбардорони миллати хеш мешаванд.

Боиси ифтихор аст, ки фарзандони  кӯҳистони Бадахшон низ дар поягузории  кохи  мӯҳташами   фарҳанги миллӣ, барафрохтани  чароғи  донишу маърифат бо мақсади  рушду  нумӯи  кишвар  саҳми  арзандаи хешро  гузоштаанд. Яке аз чунин фарзандони  фарзонаи  миллат олим, ходими давлатию ҷамъиятӣ, доктори илмҳои таърих академик М. Назаршоев мебошад.

Моёншо Назаршоев  зодаи сарзамии  пурасрори  Бадахшон, маконе мебошад, ки дар он аз симои  барҷастаи давлатию сиёсӣ Шоҳфитур, Ширишоҳ Шоҳтемур, аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳамадов ба дунё омадаанд. Зиндагии  пуршӯри ин олим дар ростои таҳавуллоти  иҷтимоӣ дар  ҷомеа ва  рӯйдодҳои  барои мардум сарнавиштсоз, эҷодиёти илмӣ, оммавии  доманадору каломи  пурҳарорати  педагогӣ, фаъолияти  муассири  ҷамъиятиаш ба хотири  фурӯзонии  чароғи  дониш барои ҳар  шахси  зиёӣ, тимсоли  ибрат шуда метавонад.  Зиндагинома,  корномаи  илмӣ, ҷустуҷӯҳои  эҷодӣ ва дастовардҳои  зеҳниаш барои  насли  имрӯзаи  мо  бахусус ҷавонон мактаби  ҳаёту, таҷриба  мебошад.  Дафтари  рӯзгори ӯро  варақгардон намуда кас ба хуби  дарк мекунад, ки дар ҷамъият  кам нестанд, нафароне, ки ҳар лаҳзаи умр худро барои  шукуфоии  сарзамину диёр,  рушди илму   маориф, маорифкунонии  халқ сарф намуда  меҳнату  кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд. Бо ибораи  Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои  миллат, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Зиёиён воқеъан хазинаи  тиллоии  миллат, гули сари  сабади  ҷомеа ва чароғи  мардуми Тоҷикистон мебошанд». Омӯзиши  эҷодиёту фаъолияти  омӯзгорони  соҳибтаҷрибаву варзида, олимону аҳли  эҷоду фарҳанг, таърихи гузашта  бо мақсади  рушду нумӯи  Ватан, пешрафт ва ташаккули худшиносӣ дар марҳилаи  ҳозира  амр зарурӣ ва воқеӣ мебошад.

Моёншо Назаршоев аз рӯзҳои аввали  фаъолияти корӣ  то лаҳзаҳои  охирини ҳаёташ  марому матлаби  зиндагиро танҳо  дар хизмат кардан ба халқ ва ватан медонист.  Барои ӯ омӯзгорӣ аз касбҳои  муқаддас ҳисоб мерафт. Омӯзгори  ҳақиқӣ аз назараш танҳо  донишомӯз набуда, балки  мурабӣ,  шахсиятҳои  сазовори  давру замон аст. Омӯзгор бояд шогирдоне ба камол  расонад, ки дар  пешбурди  ҳаёти  ҷомеа  саҳмгузор бошад.

Моёншо Назаршоев баъди хатми  Донишкадаи  омӯзгории  шаҳри  Душанбе, аввал дар Донишкадаи  омӯзгории   шаҳри Кӯлоб ва баъд дар  Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон ба таълиму  тарбияи донишҷӯён машғул мешавад.

Аз аввали  фаъолияти  омӯзгорӣ Моёншо Назаршоев дар пешбурди  корҳои  ҷамъиятӣ-сиёсӣ байни усдодону шогирдон фаъолона ширкат меварзад. Маҳорати  кордонӣ ва муомилаву муоширати  хуби ӯ  бо одамон ба эътибор гирифта, ӯро баъди  чанде сарвари  комунистони  Донишгоҳ таъин кардаанд. Аз аввали солҳои 60-ум  домани фаъолияти  меҳнатии Моёншо Назаршоев васеъ мегардад. Ў ба корҳои  ҳизбӣ ҷалб мшавад. Аз ин  солҳо  дар ҳаёти  ин шахс  давраи нав, давраи  фаъолияти  сиёсӣ-иҷтимоӣ оғоз меёбанд. Кумитаи марказии ҳизби комунистии Тоҷикистон донишу маҳорати   кордониашро ба инобат гирифта, ӯро аввал ба вазифаи мудири  шӯъбаи  идиалогии коркунони  хоҷагии қишлоқ ва аз моҳи  майи соли  1963 ҷонишини мудири  шӯъбаи  КМ ПК Тоҷикистон таъин намуданд. Баъди ҳашт моҳ Моёншо Назаршоев барои сарварӣ намудан ба ташкилоти ҳизбии Вилояти  Кӯҳистони Бадахшон пешбарӣ мекунанд ва дар пиленуми  7-уми  кумитаи  ҳизбии вилоятӣ  27-уми  июли соли  1963 ӯ ба ҳайси  котиби аввали  комитети   ҳизбии вилоятӣ интихоб мешавад.

Ҳамчун роҳбари вилоят, аз рузҳои аввали  фаъолияташ хуб дарк  кард, ки қисми масъалаҳои  муҳими вилоятро  дар сатҳи  идораҳои  ҷумҳурӣ ҳаллу фасл кардан имкон нест. Ҳамин буд, ки ӯ ду маротиба бо  талабу дархост назди раиси  Шӯрои Вазирони  СССР  А.Н. Косгин рафта  буд.  «Дар натиҷа  бо мадади  А.Н.Косгин барои вилоят 200 мошини  тамғаи  «Зил-130», «Газ-53» ва барои сохтмони  стансияи   телевизионии  «Орбита» маблағ дастрас гардид».  Ба ҷуз ин дар давраи  котиби аввали комитети  ҳизби вилояти буданаш ба инкишофи  соҳаи нақлиёту саноат,  алалхусус  коркардбарории тилло, лаълу лоҷвар, мармар  ва дигар  захираҳои  бебаҳои  зеризаминии Бадахшон низ диққати махсус медод. Оғоз ёфтани  корҳои   ҷустуҷӯи ва ба кор андохтани  Куҳи Лаъли  ноҳияи Ишкошим, конҳои Помери Шарқӣ аз қабили кони «Снежное», кони мармари даштаки  ноҳияи Ванҷ ва даҳҳо  дигар конҳои маъданҳои  ноёб хизмати  ӯ мубошад.

Хизматҳои М. Назаршоев ҳамчун роҳбари вилоят дар инкишофи маориф, илм ва фарҳанг низ хело калонанд. «Агар соли таҳсили 1966-1967 дар вилоят 267 мактаби маълумоти умумӣ, аз ҷумла  131 мактаби  ибтидоӣ,105 мактаби ҳаштсола ва 31 мактаби  миёна барои қариб 21 ҳазор  хонанда  вуҷуд дошта бошад, пас аз соли хониши  1970-71 мактаб, аз ҷумла  137 мактаби ибтидоӣ, 79 мактаби ҳаштсола ва 59  мактаби миёна  бештар  аз 26 ҳазор нафар мехонд». Дар бораи мувафақиятҳои маорифи халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҳамин фақат шаҳодат медиҳад, ки  шаҳри Хоруғ аз ҷиҳати шумораи шахсони  дорои маълумоти олӣ (ба ҳар 10 ҳазор нафар сокин) соли 1965 дар байни шарҳои   Иттиҳоди Шӯравӣ  ҷои якумро ишғол намуд.

Ҳафт соли фаъолияти  меҳнатӣ-ҳизбии М.Назаршоев дар Бадахшон дар байни мардуми  ин сарзамин хотираи  неке боқӣ гузошт. Ин даврае буд,  ки он дар саҳифаи  таърихии аҳолии вилоят бо хатти зарин  сабт шудааст. Сар шудани бозсозӣ  аз нимаи дуюми   солҳои 80-ум  раванди  демократикунонии ҷомеаро тезонид. Бо вуҷуди  ташаккул ёфтани бисёрҳизбӣ, равнақу ривоҷ ёфтани ошкорбаёнӣ боиси аз сари нав  ба арсаи сиёсат ворид шудани ингуна шахсон гардид. Ва аз ин солҳо баъди  20 соли фаъолияти  омӯзгорӣ дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон  давраи дуюми иштироки фаъолонаи М.Назаршоев ҳамчун ходими сиёсю давлатӣ сар мешавад. Соли 1990 меҳнаткашони ноҳияи Шуғнон  кордонию ҳиссаи  баланди маъсулиятшиносиашро ба эътибор гирифта , ӯро  ҳамчун  намояндаи мардумӣ дар Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мекунанд. Интихоб шудан ба  органи  қонунбарории мамлакат боварии мардуми Помирро нисбати  М.Назаршоев дучанд гардонид  ва иҷро шудани  бисёре аз масъалаҳои  иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии сарзамини худро бо фаъолияти ин намояндаи мардуми - раиси кумитаи илм, маориф сиёсати ҷавонон дар Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ медонист.

Моёншо Назаршоев ҳамчун шахсияти фаъоли ҷамъиятӣ дар баробари фаъолияти сиёсӣ ҷамъиятӣ ба корҳои педагогӣ, илмӣ, баҳри дарёфти роҳҳои самараноки инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ бетараф  набуда оиди пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ диёри азизамон тадқиқотҳои бузурги илмиро анҷом додааст.  

Хизмати Моёншо Назаршоев дар ҷодаи илм дар қатори  намоёнтарин олимони  соҳаи таърих бояд шинохт. Албатта, имрӯз кам нестанд олимтарошони ба таҳқиқоти таъриху ҷомеъашиносии даврони шӯравӣ бо чашми  ғараз нигоҳкунанда. Чунин ашхос «исбот» карданӣ ҳам мешаванд, ки гӯё ҷомеашиносони шӯравӣ фақат тарғибгари идеалогияи марксистӣ-ленинӣ буданду тадқиқоташон қимати  илмие надорад. Бояд онҳо донанд, ки тадқиқот ва ҳатто тарғиботи  барои созандагӣ даъваткунандаю ҳадафи пешравии ҷомеа дошта, ҳамеша қимати баланди  илмию амалиро  соҳиб буда  метавонад. Аз ин  лиҳоз рисолаҳои  Моёншо Назаршоев, ки солҳои 60-80-ум таълиф шудаву руи чоп дидаанд, барои замон ниҳоят созгору рӯзмара буданд. Онҳо то имрӯз қиммати  илмии худро гум накардаанд ва онро дар оянда низ нигоҳ хоҳанд дошт. Дар таҳқиқоти ӯ заҳмати  бурдборонаи  халқ, дастовардҳои  беназири  иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ воқеан таҳлили  чуқури  илмӣ ёфтанд.

 Дар ҳақиқат доираи таҳқиқоти  олим ниҳоят доманфароху ба талаби замон созгор буд. Дар 200 корҳои рӯи чоп дидаи ӯ, ба ин ё он дараҷа қариб тамоми масоили таърихии Тоҷикистони Шӯравӣ ба назар мерасад, вале нуқтаи марказии заҳмати тадқиқоти олимро инъикоси воқеъбинонаи раванди фаъолияти созандагии ҳизби комунист дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар бар мегирад. Бо дигар маънӣ ӯ дар байни помиршиносон мақому манзалати нотакрори  худро соҳиб гаштааст.

Тамоми ҳаёту фаъолияти  ин марди  ҳақиқатҷӯ ба он нигаронида шуда буд, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол, бахусус Помир  ҳарчи зудтар аз буҳрони сиёсию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ бароварда шавад. Маҳз бо ташаббус ва дастгирии ӯ дар арафаи  таҷлили  яксолагии  истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурӣ аз 5-августи  соли 1992 таҳти рақами  294 дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ барои ҷавонони дар роҳи илму дониш ташна, Донишгоҳи давлатӣ таъсис ёфт ва аз 1-уми  октябри  ҳамин сол ба фаъолият оғоз намуд. Таъсис ёфтани чунин боргоҳи илму маърифат  дар солҳои аввали истиқлолият, ки ҷанги бародаркуш мерафт басо мушкил буд. Аммо зодагони Бадахшон бо сарварии М. Назаршоев ин рисолати таърихии худро дар назди наслҳои оянда сарбаландона иҷро мекарданд. Дар ҳақиқат таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар таърихи  ҳаёти маънавӣ ва  фарҳангии  Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳодисоти  нодир ва фараҳбахш маҳсуб меёбад. Таъсиси донишгоҳ шароите фароҳам овард, ки бисёре аз  ҷавонони  доништалаб бе ташвишу тараддуди зиёди рузгор дар ин донишгоҳ таҳсил кунанд.

   Донишгоҳ дар соли нахусти таъсисёбӣ аз ду факултет гуманитарӣ ва табиӣ-илмӣ) таркиб ёфта, 200 нафар донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифта буд. Дар тадриси онҳо 25 муаллим, аз ҷумла 4 нафар доктори илм ва 1 нафар номзади илм ширкат доштанд. Имрӯз донишгоҳ дорои 8 факултет  ва 2 кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, китобхонаи илмӣ, озмоишгоҳҳои  васоити техникӣ, синфхонаҳои  лингафонӣ ва маркази  омӯзиши  иқтисод ва забонҳои  хориҷӣ буда дар  шӯъбаи рӯзона ва ғоибонаи он 4560 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Дар таълиму тарбияи донишҷӯён имрӯз 329 нафар омӯзгорон машғуланд, ки аз инҳо 10 нафар доктори илм, 32 нафар номзади илм - дотсент, 17 нафар номзади илм-муаллими калон, 102 нафар саромӯзгорон ва 168 нафар ассистент  мебошанд. Аз ин шумора 1 нафар Узви вобастаи Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали ба номи Академик Н.И.Вавилови Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Руссия дар соҳаи генетика ва селексияи растаниҳо, 2 нафар дорандагони Ҷоизаи Президентӣ дар соҳаи маориф, 2 нафар барандаи Ҷоизаи ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ,  53 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кору фаъолият  намуда, 13 нафар устодони донишгоҳ бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

    Моёншо Назаршоев ба ҳайси  як зиёии  асил,  маорифчии  шӯълавар, олими  сермаҳсул рисолаташонро  пурра дар назди наслҳои имрӯзаву оянда  иҷро кардаанд. Аз ин  рӯ, барои  насл имрӯзаи  мо пос доштани  хотираи  неки  ӯ ба хотири  фардои  неки  Ватан хело ҳам  муҳим аст ва ин  омил дар ташаккули  шахсияти  фаъол - ҷавонон аҳамияти барҷаста дорад. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке  аз суханрониашон ба аҳамияти  омӯзиши  фаъолияти  пурсамари  фарзандони  халқу Ватан, сабақҳои  таърихӣ ишора карда қайд намуданд, ки «Фарзанди халқу миллате, ки  гузаштаашро фаромӯш кардааст ва хотираи  таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ аз ғояти  кӯтоҳандешӣ ояндаашро низ инкор мекунад».

Бо дар назардошти  хизматҳои  шоистаи М. Назаршоев ҳамчун олим, омӯзгор, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи илм, фарҳанг ва маорифи ҷумҳури  Шӯрои  вазирони  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.10.1994 №495 барои абадӣ гардонидани   хотираи М.Н. Назаршоев қарорро оид ба номгузории Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев қабул намуд.

 Ба шарофати ин ва рамзи вафодорӣ  дар  саҳни донишгоҳ нимпайкараи устод  гузошта шудааст ва ҳар боре, ки  кас ба он  назар меафканад мисраъҳои зайл ба хотир мебиёянд:

 Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.

Мамадризо АЛИМШОЕВ, муовини ректор оид ба таълим

 

Log in

create an account