Мақолаҳо

Мақсади мо зиндагии осуда аст, моро осуда гузоред!

Зиндагии осудаи  тоҷикон  дар ин мамлакати  озод боиси боварии  хориҷиён  гардида, ҳазорон  балки бештар аз он ҳамватанони  мо  берун аз Ватан муҳоҷир шуда  зиндагии худро  саранҷом мекунанд.

  Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мўҳтарам Эмомали Раҳмон дар хориҷи кишвар, бахусус Руссия ҳангоми гуфту шуниди сарварони ду давлат вазъи муҳоҷирон  беҳтар гардид. Дар натиҷаи  гуфтушуниди  байни давлатҳо   ва барномаҳо таҳлил гардида ,бисёр сокинони мамлакатамон барои кор ва зиндагӣ  сафари хориҷи кишвар намуданд.  Бояд қайд намуд,ки тоҷикони бурун аз Ватан бо фазилату дониш ва кордониву  маърифати баланди инсонӣ исбот намуданд,ки онҳо ворисони арзандаи Сино ва Айнии бузургворанд. Онҳо намояндагони он миллати воломақоманд.ки сулҳу салоҳ ва оромии кишвари, онҳо арзиши  воло доранд.  Вале  мутаасифона бархе аз «ватандор» худро «дилсузони»-и Ватан эълон намуда,мехоҳанд тавассути дини мубини ислом ин осудагии  Ватанро  халалдор созанд .Бо кирдорҳои паст ва фармонҳои хориҷии худ ки  парвои онро  доранд, ки муҳоҷир дар ѓариби  нони  пайдо намудаи худро баҳри зиндагии шоистаи  фарзандаш ним месозад. Кўшиш мекунад, ки  барои хонондани фарзандон  тамоми  имкониятро  истифода барад. Ў  ҳеҷ гоҳ  намехоҳад ва намегузорад, ки марди муҳоҷир   чун «террорист», ё худ «қасосгар»,муаррифӣ  гардад.

    Мутаасифона дар бисёр мавридҳо  шоҳиди бемаданиятӣ ва рафтори ношоистаи наҳзатиҳо  мегарданд   ва   муҳоҷири бегуноҳ барои  рафтори  ношоиста ва инсону шурандозиҳои «ҳамватан» ба Ватан интиқол  мегардад. Ин нақшаи пешакӣ  таҳия намудаи наҳзатиҳост , зеро мақсади онҳо яктост. Низоандозӣ байни сокинони мамлакати  озоду ободи тоҷикон. То суханони  дурўѓу   тўҳматҳои  беасоси онҳо монеа  гиранд . То мардуми  меҳнатқарини тоҷик бурун  аз мамлакат пушту  паноҳе надошта бошад.То муҳоҷир дар ѓарибӣ зиндагии  осуда надошта бошад.

Ин ҳама аз  беадолатии онҳо дарак медиҳад , зеро онҳо мехоҳанд мардумамон осуда набошад ва доимо саранҷом бошанд .Пўшида нест ,ки дар кишвари мо низ бадбахтона ҳастанд одамоне , ки гумкардаи роҳи худанд ва аз  худшиносии миллӣ дар фосилаҳо  қарор доранд.Чунин шахсон бо эҳсоси таҳмилгардида ба ҷуз «фикри» худ дигар чизеро шунидан ва эҳсос намудан надоранду нисбат ба меҳан ва миллати худ   амали душманона ва хиенаткорона раво мебинанд.Чуноне ки шоири бузург  гуфтааст:

 Аз хиёнатгарист бадномӣ,

Ва-аз бадӣ бадсаранҷомист.

      Албатта ончое , ки  хиёнат ба Ватан , бадӣ ва  бадномӣ аст онҷо халқ сарсону саргардон аст.Боиси нигаронист, қисмате аз ҳамватанони мо нисбат ба арзишҳои милливу давлатӣ мавқеи бетарафӣ ва бегонапарастиро ихтиёр намуда, ба  раванди муттаҳидӣ ва якпорчагии кишвари азиз монеа ба вуҷуд оварда, ба миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо хатарҳо эчод намуда истодаанд. Нақши фард дар ташаккул ва инкишофи ҷомеа басо муҳим аст ва тақдирсоз аст. Қаҳрамониҳои бемисли Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ,Темурмалик ва даҳхо намояндагони миллати мо метавонанд барои ҷавонон раҳнамову ифтихор бошанд.Касе , ки Ватанашро чун Пешвои миллат дўст медорад, шиори «Ватан маро чу ҷону тан»-ро дар мадди назар хоҳад дошт.Шахси ватандўст ҳаргиз  ба хиёнат нисбат ба халқу миллати хеш даст намезанад, зеро Тоҷикистони муқаддас сарзамини мардони бузургу зодгоҳи шоирони тавоно , як гўшаи биҳиштмонанди замин аст.

Мухбири рӯзномаи оинаи зиндагӣ,

Чоршанбиева Гулҷамол

Log in

create an account