Мақолаҳо

Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир

Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст. Бо ин мақсадҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо падидаҳои эктремистӣ маҷмӯи чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида истодааст.

Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ–ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро амалӣ Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст. Мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм (ифротгароӣ) қисми таркибии таъмини амниятӣ на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байни давлатӣ ва байнимасҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмиллалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯБ мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм(ифротгароӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмиллалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Созишномаҳои байналмиллаиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмиллаӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шаванд. Бояд аз таҷрибаи байналмиллаӣ ҷиҳатӣ мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва эктремизми (ифротгароӣ) байналмиллалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст. Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯи масъалаҳои ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумлатаҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ- миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро бе бозгашт пеш гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзиштӣ, муноситаҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифродгароӣ мебошад. Терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омодани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое, мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмон бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Зӯроварӣ, зулм фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст. эътирозро ба вуҷуд овард, ки он мумкин ба ифродгароӣ сабзида расад. Чи тавре, ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифродгароӣ, ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Мавриди аввал: вақте, ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Мавриди дуюм: дар мавриде, ки барои ҳокимият мубориза бурда мешавад. Бинобар ин мо шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон мураббиён, донишҷӯён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилонава самими дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятшинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузорбошем.

Паҳлавонов А, сокини н.Ишкошим

Log in

create an account