Мақолаҳо

Кист он шахс?

Ки ба Ватан хиёнат мекунад. Дар Ватане, ки ба дунё омада, ба воя расидааст.

Соли 1969 Мирзо Салимпур дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1990 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Салимпур аз ҷумла чунин афродест, ки танҳо арзишҳои ботил ва хоми ифротиро дораду худхоҳу мағрур аст ба инсонҳо нафрати беандоза дорад, ҷанҷолдўстдору пархошгар аст. Агар ин хислатҳо ёру ёвари Мирзо Салимпур намебуд, оё ба минбари ифротзадаҳо табдил меёфт? Нерўи эътирозии бемавридашро нисбат ба ҳамватанаш сарф намекард.

Амалан Салимпур 2 дафъа аст, ки ба миллат хиёнат мекунад. Солҳои 90-ум дар авҷу шўри ҷавонӣ ба майдони хатарноки сиёсат пай мениҳад. Чун пойгоҳи илмӣ ва шуури мустаҳкам надошт, мафтуни ақидаҳои митингбозӣ ва беҳокимиятӣ гардид. Мирзо Салимпур хоини миллат ва ватанфурўш аст. Мирзо Салимпур ҳамеша дар «Фейсбук» сомонае бо номи «Ахбор ком» кушодааст, ки дар он хабарҳои дуруғу фитнаангез бознашр менамояд. Аслан ў метавонад ба Ватани худ омада, фаъолияти кориашро давом диҳад, аммо вай барои пулу мансаб шуда, ватани худро фурўхт. Салимпур ба ватани худ хиёнат намуда, дар мулки бегона барои бегонагон кор мекунад. Мирзо Салимпур дуруғгўи гузаро аст. Он бофтаҳои хаёлии худро, ки дар сомонаҳои интернетӣ менависад, ягон далел надорад ва ў ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопокаш намерасад.

Дар фарҷоми ин таҳлили муқоисавӣ ба Мирзо Салимпур гуфтаниам, ки марди оқил ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба Ватан хиёнат намекунад. Магар ин мардонагист, ки сирру савдои ватани азизамонро фош намуда, бо он мефахрад. Чунин шахсон ба муроду мақсади хеш намерасанд ва дар ҳаёташон муваффақ намешаванд.   

Сармуҳаррири рӯзномаи «Оинаи зиндагӣ»,

Давроншоева Руқиямо

Log in

create an account