Мақолаҳо

Дӯстӣ қувваи бузург аст

Дӯстӣ аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъона ва дилпурона ҳаёт ба сар мебаранд. Мардуми тоҷик ниҳоят мардуми меҳмоннавозу дӯстпарваранд ва дӯстонро бо тамоми мавҷудияташон дӯст медоранду мепарваранд. Ҳақиқат аст,ки саодату камолоти ҳар миллату давлат ва бахту иқболи баланди онҳо аз робитаи дӯстӣ пойдор мегардад. Фазои сулҳу суботи комил, оромиву осудагӣ ва Ваҳдати миллӣ, дар қаламрави мамлакат аз тарафи шаҳрвандон бо шукргузорию қаноатмандӣ қабул гардидааст.

       Пӯшида нест, ки наслҳо дар ҳаёт ҳама паси ҳамдигар омада мераванд,аммо дӯстӣ робитаест,ки мисли моҳу хуршед дурахшон пояндаву абадист ва ҳамеша дурахшу партавафшон мемонад.

      Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо мардуми қирғиз ҳамсарҳад ва робитаи дӯстӣ доштанд. Ин дӯстиву рафоқат буд,ки ин ду халқ ба тиҷорат машғул шуда ба кишварҳои ҳамдигар рафтуомад доранд.

      Муноқишае, ки бо сабаби тақсимоти ҳудудӣ дар байни шаҳрвандони вилояти Суғд, бахусус ноҳияи Исфара, ҷамоати Ворух ва Куктош, Оқсай-Тамдиқ рух дод, ки боиси ба ҳалокат расидани яке аз шаҳрвандони Љумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо нафар шаҳрвандони Љумҳурии Қирғизистон захмдор шуда дар беморхона бистарӣ шуданд.  Ин аз тангназарии баъзе афродест, ки дўстию рафоқати ин кишварҳоро намехоҳанд ва миллати қирғизро бар зидди миллати тољик бархезондааст.

        Ин воқеа боиси нигаронии мардуми осоиштаи ду кишвар гардид.  Ҳамаи мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз он ҷумла маорифчиёни шаҳри Хоруғро бетараф намонданд.

       Мо маорифчиёни шаҳри Хоруғ боварӣ дорем,ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии роҳбари оқили худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Љумҳурии Тољикистон ҷаноби олӣ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаи мубрами рӯз  бо роҳи гуфтушунидҳои тарафайн ҳаллу фасл хоҳанд намуд.

      Мо итминони комил дорем,ки ин ду халқи бузурги тоҷик ва қирғиз байни ҳамдигар дустиву рафоқатро байни ҳам барқарор намуда, зиндагии осударо барои худ шоиста меҳисобанд.

 Директори МТМУ №6-и ш.Хоруғ

Адолат Назирова

Log in

create an account