Мақолаҳо

«Садои мардум»–барномаи бемантиқи ТЭТ ҲНИ

     Намояндагони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом, ки имрўзҳо дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ба паҳн намудани варақаҳои бадномкунандаи Ҳукумати ҶТ ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машғул мебошанд, аслияти одамии худро аз даст додаву, дар шоҳроҳи зиндагӣ роҳгум гаштаанд. Гузаштагони бузург гуфтаанд: «Гар шахс бекору бесавод монд рў ба ифротгариву коста сохтани дарбор меорад, зеро ки ў дар ин амал ояндаи дурахши нонамоёнашро мебинад». Аз ин рў, имрўз ҷавонони гумроҳи тоҷик ба ваъдаҳову ду танга пули беқадри хоҷагони хориҷиашон бовар карда, дар қаламрави давлатҳои Аврупо бо ниқоби дурўғ кўшиши тағйир додани нигоҳи аврупоиҳоро нисбати Тоҷикистон намуда истодаанд.

      Қишре аз сокинони кишвар ба дастгирии барномаҳои «Садои мардум» машғул мебошанд ва дар он ақидаанд, ки ҳақиқат онҷост.  Агар Шумо ин барномаро дар санаи 16.11.2019 нигаред, пас шоҳиди он мегардед, ки баранда кўшиш менамояд хотираи сокинони шаҳри Хоруғро вобаста ба ҳаводиси соли 2012 бедор сохта, онҳоро ҳамчун олот бар зидди Ҳукумати ҶТ истифода намояд. Таърих шабоҳат аз он медиҳад, ки ҳама вақт халқи оддӣ аз ҷониби нафаре ҳамчун олоти ҷанг истифода мегардид. Мебоист ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони ҶТ ба ин барномаи «Садои мардум» мақолаву сабтҳои видеоии ҷавобӣ омода ва паҳн созанд. Зеро танҳо бо ин роҳ мо метавонем қишри гумроҳи ҷомеаро ҳушёр гардонем ва барои пойдориву абадияти истиқлолияти кишвар саҳми шаҳрвандии худро гузорем. Ин аст мардонагӣ, на ин ки аз хориҷи кишвар номи миллатро паст задан.

Наботов Замон

сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account