Мақолаҳо

Мавҷудияти давлат аз дахлнопазирии марзу буми он вобастагӣ дорад

Маънии калимаҳои давлат, миллат ва ҷомеъа васеъ ифода ёфта, баёнгари сарҷаъмии онҳо барои ҳар як намояндаи ин ё он миллат арзёбӣ мегарданд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз мансубият ба миллату дин, нажот, мазҳаб ва забон баробарҳуқуқ буда, дар ҳудуди кишвар шароити зиндагии арзанда барои ҳаммаи онҳо фароҳам оварда шудааст.

Мутаасифона баъзе аз сокинони қирғизтабори кишвари мо фазои кишварамонро вобаста ба ҳаводиси байни марзии Тоҷикистону Қирғизистон нодида гирифта, вокуниши манфӣ нишон дода, дар сомонаҳои Интернетӣ ба паст задани шаъну шарафи Ватани худ машғул шуда истодаанд. Ҳоло он, ки онҳо шаҳрванди ҶТ буда, Ватани онҳо низ Тоҷикистон мебошад ва онҳоро дар кивари ҳаммарзи мо ба мисли дигар сокинони ҷумҳурӣ чашми дидан надоранд. Онҳо намедонанд, ки аз ҷониби қирғизҳои ҳамхуни худ барои манфияти онҳо муваққатан истифода бурда мешаванд.  

      Сокини ш.Хоруғ Сафдаршоев Мамадшо

Log in

create an account