Мақолаҳо

ТАМАЪКОРОН БА МАНФИАТИ ТОҶИКОН КОРЕ НАКАРДААНД...

(Посух ба “Ахбор.сом” ва Дориюши Раҷабиён)

Вақтҳои охир дурӯғсомонаи “Ахбор.сом” бо такя ба андешаи ба ном “рӯзноманигори тоҷики муқими Лондон” Дориюши Раҷабиён маводеро таълиф намудааст, ки дар он перомуни шиори “Садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан” афкору ақидаҳои фитнаангез ва дур аз ҳақиқат баён шудаанд. Яъне дар матлаб аслан нафақат ҳамаи хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшу саҳми Ҷаноби Олӣ дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон нодида гирифта шудааст, балки тӯҳмату бӯҳтони меҳнафурӯшони хориҷӣ аз ҷумлаи Дориюши Раҷабиён ҳамзамон нисбати мардуми осоиштаи Тоҷикистон ва пайравони асили Пешвои миллат равона гардидаст.

Воқеан ниёз ба таҳлили ҳар як ҳарфи душманон нест, зеро ҳамааш пучу беҷо, олудаву боғараз ва заррае ба ҳақиқат тавъам намеоянд. Зеро хосса иқдому ташааббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки давлати муосир ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон таъсис ёфт ва дар заминаи он Ваҳдати комили миллӣ сурат гирифт.

Аммо ба дурӯягону фитнаагезону ҷосусон ва душманони миллати тоҷик амсоли Муҳиддини Кабирӣ, Мирзо Салимпур, Дориюши Раҷабиён, Алим Шерзамонуф, Саидюнуси Истарафшанӣ ва ҳамтоёнаш боз мегӯем, ки пунбаи хомро аз гӯшҳояшон канда, аз воқеҳои ҳалокатбори солҳои пешин ва ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ сабақ гиранд. Дар акси ҳол худкардаро даво нест ва агар чунин маломату сангандозиҳо аз ҷониби чунин ашхос давом ёбад, онҳоро миллати тоҷик нафрину лаънат хоҳад кард. Чунки то ҳоло ягон нафар аз одамони нобаршуда ва ҳаммаслаконаш ба манфиати мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон коре накарда, баръакс хонасӯзиро пеша намуда, миллатро дар назди ҷаҳониён паст мезананд.

Барҳақ месазад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Асосгузори давлати навини тоҷикон гӯем. Зеро маҳз Президенти муҳтарами мо ҷамъи парешонгаштаро ба по рост кард, Тоҷикистонро рушд бахшид, ба иҷтимоиёти коҳишёфтаи мамлакат нерӯву тавон эҳдо намуд ва тадриҷан тамоми роҳҳоро кушоду Ватани маҳбуби моро ба назари ҷаҳониён чун диёри сулҳпарвару тамаддунгаро муаррифӣ кард.

Ӯ борҳо собит кард, ки дар арсаи талошҳо баҳри шукуфоии Ватан ва некуаҳволии мардум устувору ҷонфидост, бим аз ҳеҷ монеае надорад, рисолату маромномаи зиндагиаш бунёдкориву созандагист.

Чун инсони хирадманд ба илму фарҳангу маориф таваҷҷуҳу гаравиши вижа дорад ва ба аҳли таълиму тарбия ҳамовора арҷгузорӣ мекунад. Бо роҳбарию ҳидояту ғамхории ӯ дар соҳаи маориф ва илм таҳаввулоти куллӣ ба вуқӯъ пайваст, мазмуну муҳтавои омӯзиш такмил ёфт, таълимгоҳҳои зиёди замонавӣ бунёд гардида, бо навтарин таҷҳизоти технологӣ таҷҳизонида шуданд, китобҳои нав ба нав нашр гаштанд, бо омӯзгорон имтиёзҳо муқаррар ва музди меҳнаташон борҳо афзуда шуд.

Сокинони ҳамаи минтақаҳои мамлакат ҳақшиносу ҳақиқатпарвар ва воқеиятбин ҳастанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз халқи тоҷик фарзанди фарзонаву ғамхори хешро бо камоли эътиқоду эҳтиром Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ном мебаранд ва ифтихор аз он доранд, ки чунин бузургмарде ки тамоми оламиён чун сарвари муваффақ мешиносандаш, бузургмарде, ки тамоми тоҷикони ҷаҳонро ҳомиву пушту паноҳ гардидааст.

Арзишмандтарин подоши ҳар амале сазовор шудан ба эҳтирому эътирофи мардум аст ва табиист, ки Пешвои миллати тоҷвари мо ба ин мукофоти олӣ сазовор гашта, ҳамагон шукрона аз омолу рафтори ватандӯстонаву сиёсати дурандешона ва хирадбунёдаш мекунанд.

Пас, чаро мо ба ҳарфи мунофиқону дурӯягон, душманони миллат, расвоён ва тамаъкорони шабакаҳои “фесбукӣ” посухи ҳакимона диҳем. Зеро онҳо чеҳраву кирдори инсонӣ надоранду танҳо бозичае дар дасти дигаронанд ва танҳо манфиатҷӯиро касб намуда, ба фоидаи хоҷагони худашон талош доранд. Аммо нигаҳ доштани тавозун, оромиву субот, ҳамдигарфаҳмӣ, якпорчагии Ватан, дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдат, тарғиби арзишу моҳияти меҳанпарастӣ бояд рисолати ҳар яки мо бошад ва дар ин ҷода лозим аст, ки аз пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва нагузорем, то касе аз хоинон ба номусии ватандории мо бирасад.

Санҷар Куканов, сокини шаҳри Хоруғ

Log in

create an account