Мақолаҳо

Эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ – эътимод ба ояндаи дурахшон

Вақте ки ҳар рӯзи мо бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад, ин барои ҳар як шаҳрванди баору номуси Ватан боиси ифтихори бузург ва фараҳмандӣ аст. Албатта дар олам ҳазорҳо намуд созу суруд сароида мешавад, аммо одамонро танҳо ягона суруд муттаҳид месозад ва он Суруди миллии кишвар аст.

Яъне Суруди миллии мо яке аз муқаддасоти миллату давлат ба ҳисоб рафта, хосса зимни сафару мулоқотҳои расмии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои гуногун бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ва дар вазъи тантанавӣ суруда мешавад. Инчунин Суруди миллӣ дар чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ – варзишӣ, ё худ мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун ҳини баромадани варзишагарон ба зинаҳои шӯҳрат мутантан садо медиҳад.

Аммо дар бандҳои якум ва дуюми низомномаи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «I. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст. II. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад: 1) ҳангоми оғозу анҷоми иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки дар ҷумҳурӣ мувофиқи Қонун иди умумихалқӣ эълон гаштаанд;»

Пас, аз бандҳои болозикр бармеояд, ки агар Суруди миллӣ ифодагари иттиҳоду ягонагии давлату миллат бошад, гиромӣ доштани он барои ҳар як шаҳрванд қарзу ҳам фарз аст ва новобаста аз оне, ки аз кадом табақаи аҳолии ҷомеа бошем.

Инчунин дар банди дуюми низомномаи мазкур зикр гардидаст, ки Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд иҷро карда мешавад: 4) ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва тадбирҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳо мувофиқи иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳанд; 5) ҳангоми маросимҳои расмии пардабардорӣ аз рӯи ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, лавҳаҳои ёдбуд ва дигар иншоотҳои мансуб ба муҳимтарин воқеаҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ, ба шарафи ходимони сиёсӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, қаҳрамонони халқӣ, ходимони илм, адабиёт ва фарҳанг; 6) ҳангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, маҳаллҳои аҳолинишин, корхона, муассиса ва ташкилотҳо бо мукофоти давлатӣ; 7) ҳангоми барафроштани Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, идораҳо, муассисаю корхонаҳо мегузаронанд; 8) ҳангоми пешвозгирӣ ва гуселонидани сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ба ҷумҳурӣ расман ташриф меоранд - баъди иҷрои Суруди Миллии давлати мехмонони хориҷӣ. Қонунгузории ҷумҳурӣ метавонад дар ҳолатҳои дигар иҷрои ҳатмии Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намояд.

Яъне манзур аз тадбирҳои дигари зербанди чоруми банди дуюм ин рамзи муқаддаси давлатӣ ҳамзамон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳам бояд мувофиқи мақсад иҷро карда шавад.

Вале мутаассифона феълан талаботи иҷроиши Суруди миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар идораҳои марбути ВМКБ ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест. Зеро то ҳол на ҳамаи масъулини маориф ва илму идорахои дигар дарк намудаанд, ки маҳз дар чунин муқаддасоти давлатӣ эътимоди сустнашавандаи халқу миллат инъикос ёфта, маҳз ин муқаддасот моро ба волотарин хушбахтии зиндагии ҳар соҳибватан, яъне Истиқлолияту Ваҳдат ҳидоят мекунанд. Бинобари ин, бояд гуфт, халқияте ки рамзҳои миллию давлатии хешро эҳтирому қард мекунад, ба ояндаи равшани худ эътимод дорад ва мо бояд аз ҷумлаи чунин мардумон бошем.

Назар Броимшоев, таҳлилгар аз шаҳри Хоруғ

Log in

create an account