Мақолаҳо

ТЭТ ҲНИ – аслияти худро ба ҷаҳониён нишон дод

       Ба мо маълум аст, ки ҷаҳони имрўза рў ба афзоиши ғояҳои террористию экстримистӣ гардонида, муборизаҳои шадидро алайҳи ин зуҳуротҳои номатлуб пурзўр намудааст. Тоҷикистони ҷавонбунёди мо, ки имруз қадамҳои устувори худро дар роҳи тараққиёт гузошта истодааст, аз хатари таъсири ташкилотҳои экстремистию террористӣ берун нест. Чуноне таърихи навини Тоҷикистон нишон дод, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ давлатҳои манфиатдор тариқи имкониятҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба мафкураи халқ ҷиҳати манфӣ таъсир расонида, онҳоро барои ташкил намудани гирдаҳамоиву бетартибиҳо водор сохтаанд. Боиси хотирмонист, ки дар замони чунин гуна бетартибиҳо ҷавонони гумроҳгаштаи тоҷик даст ба куштори чеҳраҳои шинохтаи тоҷик зада, обрўву нуфузи миллатро дар арсаи байналмиллалӣ поймол намудаанд.

        ТЭТ ҲНИ, ки имрузҳо аз мавқеи давлатҳои ғарб истифода намуда, тариқи сомонаҳои интернетӣ бо Ҳукумати кишвар ҷанги иттилоотӣ эълон кардааст, ба вайрон намудани ақидаи мардуми тоҷик нисбат ба сохти конститутсионӣ саъю кушиш намуда истодааст. Ҷавонони тоҷик, ки имруз фирефтаи ваъдаҳои роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ гардидаанд, дар сомонаҳои интернетӣ  ба чопи мақолаҳо, ки бар зидди сохти конститутсионӣ ва паст кардани обрўву нуфузи Президенти ҶТ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон равона карда шудаанд, машғул мебошанд. Мақолаҳое, ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ нашр гардидаанд, мутаассифона аз чониби бархе аз сокинони кишвар дастгирӣ ёфта истодаанд. Давлатҳои хориҷӣ аз имкониятҳои ТЭТ ҲНИ истифода намуда, мехоҳанд ба ҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд ва мардуми тоҷикро боз ба доми оташу нооромиҳо гирифтор намоянд.

         Аммо имрўз кишварҳои ғарб аллакай ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ пазируфтанд. Чунончӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ аслияти ин ташкилоти ифротиро дарк намуда, расман онро террористӣ эълон намуданд, ки дар оянда фаъолияти ин ҳизбро дар давлатҳои Ғарб ғайриимкон месозад.         

Имрўз ин маълумот барои ҳар як шаҳрванди ҶТ хушхабар аст. Чунки ватан мову шуморо ҳамеша дар оғуши худ бо тамоми нозукиҳоямон парвариш менамояд. Бинобар ин вазифаи муқаддаси ҳар ҷавон аст, ки ватану модарро аз ҳар гуна хиёнаткунандагон ҳимоя намояд. Хиёнат ба ватан дар назди халқ ҳеҷ вақт бахшиданӣ нест. Умед аст, ҷавонони мо аз ин рафтори номатлуб ҳамеша худро дар ҳазар мегиранд. 

 Наботов Замон,

сокини ш.Хоруғ

 

Log in

create an account