Мақолаҳо

Ворух – деҳаи дустӣ бошад…

Ворух яке аз деҳаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, дар қисмати шимолии он, ҳаммарз бо Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Дар ин деҳа таърихан мардуми тоҷик бо расму русум, оини хоси миллии тоҷикона бо ҳамсояҳои дусту бародари худ қирғизҳо умр ба сар мебурданд. Лозим ба ёдоварист, ки мардуми қирғизтабор дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мурғобу Ҷиргатол бо миллати тоҷик умр ба сар бурда истодаанд. Ин халқ бо миллати тоҷик бар ба бар истода баҳри ободии диёри худ заҳмат кашида истодаанд. Дар ғаму шодии якдигар ҳамеша шарик буда, чунон дустона зиндагони мекунанд, кик ас пай намебарад, ки онҳ оду миллати гуогунанд. Қирғизҳои ноҳияи Мурғоб худро хушбахт меҳисобанд, ки онҳо шаҳрванди Тоҷикистонанд. Дар тули 28 соли истиқлолият ноҳияи Мурғоб ободу зебо шуда, имруз кас пай намебарад, ки ин ҳамон ноҳияи 30 сол пеш аст. Ободони, сохтмони иншоотҳои маданӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ сол то сол бештар қомат рост менамоянд, ки ин симои онро сол то сол  назарработар менамояд. Ҷиргатол низ ҳамчунон ободу зебо шуда сатҳи зиндагонии мардуми ин диёр низ боло рафта истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳтат - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  борҳо аз ноҳияҳои Ҷиргатолу Мурғоб, ки аҳолии таҳҷоии он қирғизтаборонанд,  дидан намуда баҳри пешрафти ҳаёти онҳо ғамхориҳои бешеро зоҳин намудааст. Ба истифода додани НБО- и Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб, ки солҳо аз қувваи барқ маҳрум буд, мисоли ин гуфтаҳост.

         Бар мегардем ба масъалаи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд. Масъалаи Варух имруз ба масъалаи ҷиддии миллати тоҷик табдил шуда истодааст. Дар урфият мегуянд, ки аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст. Тоҷикон аз рӯи ин матал амал намуда, тааммулро пеша намуда, хоҳони дӯстӣ ҳастанд. Таърихан миллати тоҷик бо ҳеҷ ягон халқу миллат ҷанг накардааст ва кӯшиши ҷангидан ҳам накардааст ва инро намехоҳад.  Танҳо хоҳони сулҳу дӯстист.  Тоҷикон аслан муътеи қонуни давлат ва қонуни нонавишиаи инсонӣ, эҳтиром, тааммулпазироӣ буданд ва мемонанд. Ва боз мегӯянд, бо ҳамсояи носозгор зистан дар морхона зистан аст. Нофаҳмиҳое, ки имруз дар байни тоҷикони Ворух ва қирғизтаборон боиси ташвиши ҳамагон аст. Онҳо бояд донанд, ки Тоҷикистон ҳамсояи беҳтарини  Қирғизистон буда,  зиндагии онҳо аз ҳар чиҳат аз ҳамдигар вобастагӣ дорад.  Солҳои тулонӣ муносибат байни тоҷику узбек хуб набуд ва ин ба зарари як тараф не, бар зарари ҳар ду тараф буд. Имрӯз ақли солим дастболо шу два ин ду миллат дар фазои дӯстӣ умри ба сар бурда, муносибати хуби сиёсӣ, фарҳангӣ, маданиву иқтисодӣ доранд. Мегуянд, ки даркушоӣ кун, на дарбандӣ. Баракати зиндагӣ аз дакушоист, на аз дарбандӣ.

         Мехостам деҳаи Ворух деҳаи дӯстии байни тоҷику қирғиз бошад:

                   Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

                  Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Алифбеков Замон

Log in

create an account