Мақолаҳо

Наҳзату гурӯҳи 24 ҷузъе аз ДИИШ-анд

 

4-уми ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалии Раҳмон ба Ҷумҳурии Конфедеративии Шветсария сафари расми доир намуданд. Дар ин сафар лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни энергетика, инфрасохторӣ, бахши истеҳсолоти саноатӣ, саноати кӯҳӣ, сабук ва хурокворӣ, аз ҷумла коркади маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, аз ашёи хом, бахшҳои молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ, ки барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ мебошад, бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ шартномаҳои дуҷониба бастанд.

Ҳангоми сафари Призиденти кишвар роҳбарон ва аъзоёни ҲНИ дар шаҳри Будорбуни Шветсария дар кӯчаҳои тангу торики ин кишвар расмгири намуда, инчунин навореро дар шабакаҳои интернети паҳн намуданд, ки аз марому мақсади нопоки ин ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон ва роҳбари онҳо Муҳиддин Кабири ва дигар тарафдоронашон нисбати кишварамон дарак медоданд. Ҳамагон медонем, ки ҲНИ аз солҳои таъсисёби то ҳол зарае дар ободии кишварамон саҳм нагузоштаанд, баракс фақат қатлу ғорат, танқидро пешаи худ намудаанд. Дар ин навор онҳо худобехабарию худфурӯши, аз сару садобаландкуниҳояшон дарак медод, ки чунин шеваи гуфтори хашинашон танҳо василаи ором кардани қалби пур аз кинаи сиёҳи онҳост.

Аз сӯи дигар, бояд назди хоҷагонашон ҳар долару еврои гирифтаашонро ҳисобот диҳанд ва барои фаъолияти ояндаашон грант гиранд. ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ бо васвасаи хоҷагони хориҷиашон ва баъзе аз соҳибмулкони намакношинос, ки кулбаҳои бобоии худро оташ задаву рў ба мулкҳои бегона оварданд, худро намоиш диҳанд. Бехабар аз он, ки ин теша ба решаи худ задан буду халос. Мо ҳамагон медонем, ки ҳар як оилаи тоҷик ҳанӯз ҳам аз он рўзгор захмҳои шифонаёфтаи худ рӯйи қалбҳо доранд ва ҳеҷгоҳ иҷозати дуюмбора такрор шудани ин ҷанги хонумонсузро намедиҳанд ва ин ҳизбро дастгири намекунанд.

Бо ин амалаш ҲНИ мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳҳои куштору зӯроварӣ, тарсу ваҳм, ки дар амалҳои террористии моҳи сентябри соли 2015 аз тарафи Абдуҳали Назарзода ва аъзоёни дигари ин ҳизб содир гардида буд, амалӣ созанд. Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи беамону оштинопазир алайҳи ин ҳизб ва ҳар гуна падидаҳои номатлуби диниро ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ, боқимондаҳои динӣ, хурофоти аз шуури мардум тадбирҳои гуногун андешида мешавад. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст ва намебарояд, чунки мардуми тоҷик аз азал хулосаи заруриро бедастгирии бегонагон ва бегонапарастон бароварда метавонад.

Айни ҳол байни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кўшиш барои соҳиб шудан ба нуфузу мартаба ба ин ё он минтақаи олам, сарвату захираҳои табии, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад ва онҳо дар ин корҳои касифонаи худ хиёнаткорони дохилӣ ба мисли ҲНИ-ро бо ҳамаи ҷузъиёташ истифода мебаранд.

Танҳо бо фишор ва қувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза намудан ба муқобили падидаҳои аср кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои ҳалли ин масъала равона кардани нерў ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст ва бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғиб намоем то аз тарафи гурӯҳҳои тундрав ба мисли ҲНИ, ташкилотҳои террористӣ шомил нашаванд.

 Сокини ш.Хоруг: Назармамадов Эрик

 

Log in

create an account