Мақолаҳо

САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА АВРУПО ВА РУШДИ МИНБАЪДАИ ҲАМКОРИҲО

 

Чуноне, ки ҳамагон хуб иттилоъ доранд, моҳи нояброи соли равон сафари расмии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Аврупо сурат гирифт. Нахуст сафараш аз Конфедратсияи Швейтсария огоз гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Конфедратсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер гарму самимӣ истиқдол гирифт.

Ҷонибҳо қабл аз ҳама оиди баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар дар мулокоту музокироти васеъ бо иштироки ҳайҳати Тоҷикистону Швейтсари сурат гирифт. Президенти Швейтсария муҳтарам Ули Маурер зимни мулокот изҳор дошт, ки « Мо бо Тоҷикистон пайвандӣ дорем, зеро мо кишварҳои кӯҳистонӣ ҳастем ва дар сарҳади обҳои фаромарзӣ ҷой дорем. Омода ҳастем, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардумон лоиҳа ва ташаббусҳои дигарро низ бо Шумо якҷоя анҷом диҳем». 

Ҷонибҳои инчунин дигар оид ба муносибатҳои минбаъда ва ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон, ба мисоли гидроэнергетика, соҳаи мухталифи саноат, аз ҷумла , коркарди металлургияи ранга, саноати  маъданҳои куҳӣ, сабуку хурокворӣ, нақлиёт ва коммуникатсия таоудули назар намудаанд.  Сафари расмии Пешвои миллат ба Аврупо дар маҷмӯъ фароги тамоми масъалаҳои муҳим  буда, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон саҳмгузор аст. Агар ба тамоми суханонронӣ ва масъалагузории  Пешвои миллат дар Аврупо аз нуқтаи назари зеҳнӣ ва тафаккури баланди илмӣ назар афканем он ҳам бошад фарогири масъалаҳои ҳаётан муҳим мебошад. Алалхусус суханронии Пешвои миллат дар Юнеско ки  12 ноябри сол равон сурат гирифт, оиди масъалаҳи  глобалии  тацйиребии иқлим ва рафъи оқибатҳои он суханронӣ намуд.  Ин аст, ки имрӯз кишвари ҷавони моро беш аз 150 давлати дунё мешиносанд ва дар ин замина ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ илмиву фарҳангӣ ва цайраҳо ба роҳ монда шудаанд, ки маҳза з аз сафарҳои судманди Сарвари давлат ва ташаббускориҳои созандаву  бунёдкориҳояшон шаҳодат медиҳад.

 Муаллими клони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ? Хуҷаназаров. Ҷ

Log in

create an account