Мақолаҳо

ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАЪРИХӢ

Он қадаре, ки таърих моро аз рӯзҳои аввалини таъсисёбии давлати навини Тоҷикистон дур мекунад, ҳамон қадар мо муҳимияти омузиши таърихи ин давраро эҳсос мекунем. Бо гузашти солҳо,  мо имкон дорем, ба таври объективӣ ва дар асоси факту далелҳои асоснок  ба солҳои душвортарини давлатдории тоҷикон назар андозем ва ба воқеаҳову руйдодҳои он давра баҳогузорӣ намоему аз он таҳлилҳо сабақ омӯзем. Яке аз чунин руйдодҳои муҳими таърихӣ - ин Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд гузашта буд.

  Дар даврае, ки тамоми сохторҳои давлатӣ бо таъсири  муқовимати гурӯҳҳои силоҳдор фалаҷ гардиданд ва ҳатто пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе гирифтори даргириҳои сиёсӣ ва муқовимати ҳарбӣ гардид, дар қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Барои дарк кардани таърихияти ин Иҷлосия бояд  назаре ба вазъияти он давра  гузорем ва ҳақиқати талху  азобҳои  мардуми тоҷикро бори дигар ёдрас шавем.

Вазъияти дохилии  он давраро таҳлил намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон онро чунин тасвир намуданд: «Тоҷикистон дар он рӯзҳо киштии шикастаеро мемонд, ки на раҳнамо ва на самти муайяни ҳаракатро дошт, мусофирону сарнишинони ин киштӣ дар талвосаи ҷон ва халосӣ аз ин вартаи маргу нобудӣ дасту по мезаданд». Ба болои ҷангу кушторҳо, ҷумҳурии моро хавфи гуруснагӣ интизор буд. Орд ҳатто дар корхонаҳои нонпазии шаҳри Душанбе намерасид. Корхонаҳои калонтарини ҷумҳурӣ  ва даҳҳо корхонаҳои дигар таҳти назорати гурӯҳҳои ҷинояткорон қарор гирифтанд. Ба иқтисодиёти кишвар 7 миллиард доллар зарар расонида шуд. Беш аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, 55 ҳазор кудак ятим монданд. Ҳизбҳо ва ҳаракатҳои  сиёсӣ  характери маҳаллӣ гирифтанд ва халқи тоҷикро ба ҷудоиандозӣ оварда расонданд. Фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва чизе, ки беш аз ҳама ба устувории давлат таҳдид кард ин суст ва ҳатто фалаҷ гардидани фаъолияти органҳои ҳифзи ҳуқуқ буд, ки дар роҳи таъмини бехатарии мардум нақши асосӣ доштанд.

Дар чунин шароити вазнини сиёсӣ ва иқтисодӣ аввалин вазифаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин таъмини сулҳ дар кишвар буд. Аз ҳамин ҷиҳат Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар шахсияти вакилони Иҷлосия тамоми кушишҳоро ба харҷ доданд, то ки сулҳ ва оромиро дар кишвар таъмин намоянд. Ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар яке аз аввалин қарорҳои худ авфи тамоми ҷиноятҳоро, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 содир шудаанд, эълон намуд, то ки ба  муқовимати гуруҳҳои силоҳбадаст  хотима дода,  онҳоро ба роҳи сулҳ ва осоиштагӣ ҳидоят намояд. Бо ҳамин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, маъмурӣ ва интизомӣ  озод кардани шахсоне, ки дар давраи   аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва ё дигар амали ғайриқонунӣ  содир карданд» қабул гардид.

Натиҷаи ҳамин кушишҳо буд, ки рӯзи 26 ноябри соли 1992 рӯзи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  эълон гардид ва он барои ба даст овардани сулҳ ва имзо гардидани Аҳдномаи ризоияти миллӣ асос гузошт.

Вазифаи дуввуми  Иҷлосия дар он буд, ки системаи нави давлатдориро ҷорӣ намояд, ки он пеши роҳи кашмакашиҳои сиёсиро гирифта, иродаи халқ ва волоияти қонунро дар интихоб  кардани роҳ ва сохти сиёсӣ афзалиятнок шуморад. Бо ҳамин мақсад дар рӯзи саввуми кори Иҷлосия ба арсаи таърихи давлатдории тоҷикон шахсияти нав баромад, ки  дар пойдории сулҳ ва инкишофи минбаъдаи давлат нақши калидӣ бозид. Рӯзи 19 ноябри соли 1992 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмонов Эмомалӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардид.  Ҳамчунин вакилони Шурои Олӣ вазъияти парокандагии сохторҳои давлатро ба назар гирифта, ваколати Раиси Шурои Олиро васеъ гардониданд.  27 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро қабул кард. Мувофиқи ин қонун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вазифаи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда гирифт. Қабул кардани чунин қарор боиси таъмини рушди устувори идоракунии давлат гардид.  Дар баробари ҳамин Иҷлосия барои гузаштан аз сохти парламентии идоракунӣ ба сохти президентӣ поягузорӣ намуд, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия бори аввал таклиф ва пешниҳодот дар бораи  ҳар чи зудтар қабул гардидани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сохти идоракунии  президентӣ  садо доданд.

Дар идомаи муттаҳидсозии мардум ва бунёди давлатдорӣ Иҷлосияи XVI рамзҳои давлатӣ - Нишон ва Парчами миллӣ  қабул гардиданд, ки ин аломати  асосии таърихияти онро нишон медиҳад.  Иҷлосия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти байналмилалӣ ва ҳамчун давлати мустақил, ягона ва  сулҳпарвар барои ҷаҳониён муаррифӣ намуд, зеро дар ин рӯзҳо на танҳо мардуми тоҷик, балки мардумони дигар кишварҳо ба қарорҳои ин Иҷлосия таваҷҷуҳи калон зоҳир намуданд.

 Ду ҳафта пас аз анҷоми ин Иҷлосия мухбири яке аз рӯзномаҳо ба Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон савол дода пурсид: «Бигуед, ки иҷлосия чи гуна ба ваҳдату якдилии вакилони гуногунақида ноил гардид?» Дар ҷавоби ин савол Эмомалӣ Раҳмон чунин ҷавоб дод: «Ба фикри ман  вакилон хатари ҷиддӣ - дар вартаи бало қарор доштани миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муттаҳид сохт». Дар ин давра  Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебоист вазифаҳои хеле душворро ҳал мекард. Аз он ҷумла дар қатори аввалин чораҳои Ҳукумат  барқарор кардани  системаи  идоракунии давлат,  амали қонун ва таъмини бехатарии шаҳрвандон,  таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон мутобиқ ба Ҳуҷҷати хотимавии  Хелсинки, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳаматарафаи гурезагон  бо хонаву ҷой, озукаворӣ, барқарор кардани иқтисоди кишвар ва дигар вазифаҳои ҳалталаб меистоданд. Ҳамаи ин   корҳо бояд дар муддати кутоҳтарин иҷро мешуданд, зеро тулонӣ шудани онҳо  ба буҳрони нави сиёсӣ ва парокандагии дигар оварда мерасонид.  Дар он давра ҳеҷ кас ба  амалӣ шудани қарорҳои қабулшуда боварӣ надошт, аммо  сарварии  хирадмандонаи роҳбарони он давра, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсафони вай  на танҳо вазифаҳои гузоштаро ҳаллу фасл намуданд, балки барои равнақи минбаъдаи кишвар хизмати бепоёнеро анҷом доданд.   

  Имрӯз мо бо ифтихори баланди самимона гуфта метавонем, ки дар таърихи Тоҷикистон Иҷлосияи XVI  ҳамчун саҳифаи наҷотбахши миллат ва марҳилаи таърихӣ ҷовидон хоҳад монд.

Муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик, н.и. т, Саидасанов Ю.

Log in

create an account