Мақолаҳо

Аз ноумедиҳо басо умед аст…

Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Ҳуҷанди бостони баргузор гардид, ҳақиқатан иҷлосияи тақдирсози миллати куҳанбунёди тоҷик буд ва мемонад.

 Соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон чу ашк дар миҷгон дар арафаи нобудсози қарор дошт ва аксари кишварҳои ҷаҳон бахусус ҳамсоякишварҳо дар фикри тақсимкунии Тоҷикистон буданд. Сабаби асосии фалаҷ шудани давлат ва сохторҳои он ин фаъолияти муғризона ва хоинони ҲНИТ буд. Агар ба таърих нигоҳ кунем пайдоиши ХНИТ аз солҳои 70-уми акси гузашта маншаъ мегирад, ки онҳо низ боқимондаҳои босмачиёни солҳои 1930 мебошанд. Аз пайдоишаш ҲНИТ мақсад доштк, дар қаламрави ин ва ё он кишвар бо роҳи гузаронидани актҳои террористӣ тарс ва ваҳмро ба вуҷуд оварда Давлати Исломиро  ташкил намоянд. Ташкил намудани чунин давлат низ маҳз аз рӯйи рукнҳои дини Ислом набуда, аз рӯйи фикру ақидаҳои хурофотпарастонаи ва манфиатҳои аъзоёни ҲНИТ бояд ба роҳ монда мешуд. Маҳз чунин мааром ва мақсад ҷанги шаҳрвандиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овард дар ин ҷанги хонамонсуз зиёда аз 150 ҳазори нафар ҷони худро аз даст дода чандин миллионҳо ба давлат хисоротҳои ҷониву молиро ба вуҷуд овард.  Дар ин ҷода аъзоёни ҲНИТ истифода аз қишри пастмаърифат дар маркази ш.Душанбе гирдиҳамоиҳо ташкил намуданд, ки аксари иштирокчиёни он мардони куҳансоли деҳот буданд.  Дар он даврон аъзоёни ҲНИТ бо роҳи бурдани корҳои ташвиқоти бобати «Хурдани нони муаллим ҳаром аст» аъзоёни сафи худро зиёд менамуданд. Банда соли 2010 ҳангоми сафар намуданам ба ноҳияи Панҷи бостони  бо муйсафеди 65 солаи деҳоти бо номи Зурибек ҳамсӯҳбат шудам.  Муйсафеди пиронсол каме дар бораи саргузашташ сухан ронда  , оиди гуреза шуданаш ба кишвари Афғонистон нақл намуда ашк мерезонд. Бобои Зурибек қайд кард, ки солҳои 92-96 гурӯҳе аз нафарон ба деҳоти онҳо ташриф оварда худро сардорони бахшии ҲНИТ дар минтақаи Қурғонтеппа муаррифи намуданд. Дар ин давом онҳо бо сокинони деҳот сӯҳбат карда онҳоро зери расонидани кумакҳо номнавис мекарданд. Вале аз байн анакнун 15 сол сипари мегардад вале нишоне аз он намояндагони сипари мегардад вале нишоне аз он намояндагони ХНИТ набуд. Баъдан ба бобои Зурибек маълум гардидааст, ки намояндагони Х бобои Зурибек маълум гардидааст, ки мақсади  намояндагони ХНИТ ин танҳо ворид намудани онҳо ба рӯйхати ҲНИТ ҳамчун аъзо будаасту халос ва бо ин роҳ нишон додани теъдодашон. Чунин кирдорҳои хоинонаи наҳзатиён дар солҳои ҷанги шаҳрванди баръало вонамуд буду мемонад. Вале бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати Милли Пешвои Миллат Эмомали Раҳмон дубора умеди ҷамъ кардани миллати тоҷик, муттаҳид кардани он ва барқарор намудани давлати деморативу ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикон ба вуҷуд омад. Дар он замоне, ки Пешвои Миллат дар Хуҷанби бостони тақдири миллатро ба даст гирифт аъзоёни ҲНИТ Кабири ва Кабиритаборон дар ш.Душанбе амалҳои хоинонаи худро бар зидди миллати тоҷик идома дода аз барпо хестани давлати Тоҷикистон бовари надоштанд ва зери дилҳо бо овози баланд механдиданд. Вале ҷасорату матонати марди шуҷои ватан, бовари ба фардои кишвар Пешвои Миллат бо дастгириии миллати тоҷик тавонист торикистонро дар як муддати кӯтоҳ ба Тоҷикистон мубаддал намояд. Айни замон Тоҷикистонро тамоми ҷаҳон ҳамчун давлати пешрафта ва амнтарини дунё мешиносанд ва онро эътироф мекунанд.  Мутаасифона ҳоло ҳам хоинои миллати тоҷик, аз хавориҷи кишвар мақсад доранд ба сари мардуми тоҷик санг биандозанд оромиро халалдор намоянд мардумро парешону саргардон  кунанд. М.Кабири бори дигар собит сохта истодааст, ки ӯ хидматгори кишварҳои хориҷа буда, мақсадаш ноором кардани Тоҷикистон мебошад. Вале мардуми тоҷик мардуми солҳои 1990 намебошанд онҳо ҳамакнун торикиро аз равшани фарқ мекунанд. 

 

                                                           Хушқадами Некқадам сокини ш.Хоруғ.                     

               

Log in

create an account