Мақолаҳо

РАФТОРИ АВБОШОНАИ НАҲЗАТИҲО

Сафарҳои дохилӣ ва хориҷии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои созандагию бунёдкорӣ ва гулгулшукуфии кишвари азизамон нигаронида шуда, дар паи худ дастовардҳои зиёде доранд. Аз касе пӯшида нест, ки ин сафарҳо робитаю муносибатҳоро ба кишварҳои дуру наздик таҳким бахшида, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд, бо шарофати ҳамин сафарҳост, ки сармоягузории хориҷӣ ба ҳамаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ сол ба сол афзуда, иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар пайваста рушд меёбад.

Сафари навбати Пешвои миллат ба кишварҳои  Аврупо дар шароите сурат гирифта истодааст, ки халқи азизамон ҷиҳати тадбиқи ҳадафи чорум- саноатикунонии кишвар, ки  он ҳам аз ҷониби  Сарвари мамлакат дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, тамоми имконоти хешро сафарбар намудааст. Маълум аст, ки ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф  барои кишвари мо, ки аграрист, ду омили асосӣ- яке сармоягузорӣ ва дигаре ворид намудани технологияи муосир заруранд. Барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо ва муаррифӣ  намудани имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои мавҷудаи кишвар  маҳз  зимни сафарҳои кории Пешвои миллат ба  кишварҳои  пешрафтаи  дунё шароити мусоид ба миён меояд. Дар сафари навбатии бавуқуъпайваста, ки дар кишварҳои Швейтсария ва Фаронса сурат гирифт, дар баробари мулоқот бо лидерҳои сиёсии ин кишварҳо, инчунин Президенти кишвар бо доираҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, минҷумла бо роҳбари  исмоилиёни  ҷаҳон Аълоҳазрат  Оғохони  4, ки  чандин  сол  боз  ташкилотҳояшон  дар соҳаҳои  гуногуни Тоҷикистон  фаъолияти  густурда  доранд, мулоқотҳои судманд анҷом доданд ва имкониятҳои кишварро  бори  дигар муарифӣ намуданд. Зимни мулоқотҳои  судманд  раҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи бевосита ба самтҳои саноатикунонии кишвар, сармоягузорӣ ба ин бахш ва ба навъҳои гуногуни сайёҳӣ, имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Албатта, натиҷаҳои ин  мулоқотҳо барои пешрафти кишвар самараи нек ба бор меоранд.

Аммо ин сафарро низ чун  дигар кӯшишҳои  роҳбари  давлат наҳзатиҳои  хиёнатпеша, ки ҳамеша аъмолашон зидди пешрафти давлату миллат нигаронида шудааст, бо як ҳангомаи хиёнаткорона ва нотавонбинона пешвоз гирифтанд. Онҳо ин дафъа дигар худро идора карда натавониста, дар Фаронса хостанд бо муҳофизони Президент даргир шаванд, вале полиси Фаронса дар ҳол амали онҳоро, ки мухолифи тамоми меъёрҳо буд, пешгирӣ намуд ва онҳоро боздошт кард. Худи ҳамин амал шаҳодат аз он медиҳад, ки нафароне, ки мактабҳои экстремистиву террористиро гузаштаанд, ҳеҷ гоҳ таҳаммулпазир ва солим буда наметавонанд. Онҳо агарчи дар як ҷомеаи мутамаддин ва мардумсолор ба сар мебаранд, вале афкору ақоид ва амалкардҳояшон ҳамеша аз он андешаи ифротиву инсонбадбиниашон маншаъ мегиранд. Ин раҳгумзадагон бо ин амалашон бори дигар нишон доданд, ки онҳо барои худи ҷомеаи аврупоӣ чӣ қадар хавфу хатар эҷод карда метавонанд. Ин  амалашон исботи бебаҳси он аст,ки террорист дар ҳама  ҷо террорист боқӣ мемонад. ”Хар Макка равад, боз ояд хар”-мегӯянд дар урфият. Наҳзатиҳо ҳам ҳарчанд  солҳо боз  дар мамолики пешрафта умр басар баранд ҳам, дар ботин ҳамон сиёҳкору бадкешанд, ки дар ватанашон буданд. Ин нафарон номи миллати тоҷикро ҳам дар олам доғдор  мекунанд. Ба амали ноҷавонмардонаи ин  тӯдаи авбошон аз ҷониби соҳибмулконе, ки онҳоро зери қаноти худ  гирифтаанд, бояд баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Чаро не?!

 

Log in

create an account