Мақолаҳо

Ҳар як сафари кории Пешвои миллат ба хотири халқ

Баъд ба даст овардани истиқлолият  Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналхалқӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти худро ҳамчун давлати комилҳуқи мустақил барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар  аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба  истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофи байни давлатҳои соҳибистиқлол, равона  мекунад. Ин масъала дар моддаи 15 –и Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало ифодаи худро ёфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад».

Ҳамаи ин тадбиру имкониятҳо ба он оварданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз  таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи мустақили худро пайдо намуда, доираи муносибату ҳамкориҳои тарафайни он сол то сол устувортар мегарданд. Алҳол бо шарофати  роҳандозии чунин сиёсат Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдўсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамкорӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба бо сиёсати дарҳои кушод шинохта шудаст. Аз ин ҷониб имрӯз Тоҷикистон мизбони ҳазорҳо ҳамоишҳои байналмилалӣ гардида сарони давлатҳои хориҷа аз  Тоҷикистон  дидан менамяонд ва оиди масъалаҳои мухталифи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гуфтушунидҳои назаррасеро анҷом медиҳанд. 

Аммо мутасифона имрӯз баъзе аз ҳамватанони мо бо мақсади  амалӣ намудани сиёсати хоҷагони хориҷиаш муносибатҳои байналмилалӣ ва сафарҳои кории Пешвои миллатро бардурӯғ ва бо ҳар гуна таҳлилҳои бемантиқ дар расонаҳои хабарӣ ва  шабакаҳои иҷтимоӣ ифшо намуда бо ин  мехоҳад мақсадҳои  нопоки худро пиёда намоянд. Вале мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳар як сафари кории Президент ба хориҷи кишвар  ин пеш аз ҳама ба манфиати халқ   мебошанд.

Насим Саидраҳмонов

Log in

create an account