Мақолаҳо

Ҳамкориҳо бо Аврупо густариш меёбанд

Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон кариб ҳамаи кишварҳои олам Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ пазируфта, ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро бо он рушду тақвият бахшиданд. Минҷумла, давлатҳои хориҷӣ аз қабили давлатҳои калидии Аврупо аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии кишварамон сиёсати давлатии моро аз ҳар тараф ҷонибдорӣ карда, баҳри рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба мароқ зоҳир намуданд. Яъне ин ҳамкориҳо маҳз бо иқдому ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои бози Ҳукумати мамлакат сурат гирифтанд.

Ҳамин аст, ки 1- ноябр дар Қасри миллат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони  Аврупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушшелло ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни вохурӣ ҳамкории Тоҷикистон бо парлумони Аврупо ва масъалаҳои  рушди  ҳамкории  байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Аз ҷониби дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятиро яке аз самтҳои ояндадори ҳамкории судманд арзёбӣ гардида,  нақши фаъолияти пайвастаи Шурои ҳамкорӣ, зеркумитаи рушди ҳамкорӣ, сухбатҳои сиёсию амниятӣ ва ҳуқуки инсонро муҳим ҳисобида шуданд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Точикистон манфиатдор аст, ки робитаҳояшро бо парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм волоияти қонун, соҳаҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳои мубрам таҳким бахшаду дар ин ҷода Тоҷикистону Аврупо ҳамкориҳои хубро ба роҳ монанд.

Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи  миллӣ рушди кишвар то соли 2030 ва Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои давраи то соли 2020 аҳамияти хосса зоҳир гардид.

Воқеан яке аз ташабусҳои созандаи Тоҷикистон дар соҳаи об ва татбиқи амалии Даҳсолаи нави байналмиллалӣ «Об барои рушди  устувор» ва Стратегияи таҷдидшудан Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои минтақа баланд арзёбӣ карда шуд. Инчунини дигар масъалаҳои мубрам дар робита бо муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ, пӯрзур кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва идомаи ҳамкорӣ бо дигар барномаҳо зарур шумурда шуд.

Қобили қайд аст, ки феълан Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барномаҳои зиёди  фарҳангиву иҷтимоӣ ва маърифатиро маблағгузорӣ намуда, бо муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон дар самти рушд додани илм ва маориф ҳамкории пурсамар дорад.

Санаи 4 ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия сафар карданд.

Итминони комил аст, ки ин сафари Пешвои миллат ба ҳамкориҳои Тоҷикистону кишварҳои калидии Иттиҳоду Аврупо боз ҳам заминаҳои мусоид фароҳам оварда, дар робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ шароиту имконияҳои навро рӯи кор хоҳад овард.

Зарнигор Хусравова, муаллимаи калони

кафедраи адабиёт ва санъати Донишгоҳи

давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоева

 

 

Log in

create an account