Мақолаҳо

СИМОИ АСЛИИ ТЭТ ҲНИ АЗ ДАВРАИ ПАЙДОИШИ ОН

Ҷумҳурии Тоҷикон тули 28 сол аст, ки бо сарбаланди ба сӯи эъмори давлати озоду обод, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пеш рафта истодааст. Фазои сулҳу суботи комил, оромиву осудагӣ ва Ваҳдати миллӣ, дар қаламрави мамлакат аз тарафи шаҳрвандон бо шукргузорию қаноатмандӣ қабул гардидааст. Вале дар ҷомеъа ҳастанд афроде, ки ин ҳамаро нодида гирифта, бо роҳи содир намудани ҷинояту хиёнат, вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсиро дар ҷумҳурӣ ноором сохтани мешаванд. Ҳамин гунна аъмоли нагин бештар аз ҷониби роҳбари ташкилоти террористии ҲНИ ва аъзоёну тарафдоронаш бештар дар шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ мушоҳида мегардад.

ТЭТ ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил гардида, решаҳои хориҷӣ ва моҳияти воридотӣ дорад. Зеро тарзи тафаккур, идеяҳои асосӣ ва худи сохтори ТЭТ ҲНИ маҳз дар натиҷаи ба Тоҷикистон ворид шудани афкори бегонаи ваҳҳобию ихвонӣ ва баъдан, зери таъсири маслиҳату роҳбарии доираҳои махсуси хориҷӣ қарор гирифтани ин ҳизб шакл гирифтааст.

Ҷанги бародаркуше, ки соли 1992 ТЭТ ҲНИ ташкил кард аз хориҷи кишвар идора ва маблағгузрӣ карда мешуд. Дар ҷанги хонумонсӯз наҳзатиҳо зиёда аз 150 000 нафар шаҳрвандон куштаву беному нишон, 55 000 кӯдак ятиму бепарастор, зиёда аз 25 000 зани бешавҳару бесаробон монда, беш аз як миллион гурезаҳо, зиёда аз 10 миллиард доллар хисороти иқтисоди молӣ, зиёда аз 36 000 манзили ба хоку хуну оташ кашида, ҳазорҳо мактабу бемористон, осоишгоҳу иншооти сухтаву валангор, ноумеди ба фардои зиндагӣ, 1400 афсару сарбози ҷоннисоркарда ва садҳо миллион ҳисороти ҳисоб нашударо ба мардуми тоҷик мерос гузоштанд.

Бо мақсади аз байн бурдани фарҳангу маданият ва анъанаҳои миллӣ бисёр шахсиятҳою равшанфикрони баруманди ҷумҳурӣ, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, Минҳоҷ Ғуломов, Отахон Латифӣ, Сайф Раҳим, Б.Исҳоқӣ, М.Олимпур ва чандин шахсиятҳои дигарро ваҳшиёна ба қатл расониданд.

Миллати мо, бо ақлу заковати азалӣ ва иродаи қавӣ тавонистанд, ки худро аз доми ин хиёнатпешагон, ки мақсадашон ба даст овардани ҳокимияту давлат ва ба ҳиссаҳо тақсим кардани ватанӣ аҷдоди буд, раҳо намоянд. Ҳануз оташи ин ҷанг ва оқибатҳои ногувору талхбори он ҳанӯз аз ёду хотироти миллати тоҷик зудуда нагардидааст ва захмҳои шифонаёфтаи худ рӯйи қалбҳо доранд.

То ҳол ТЭТ ҲНИ аз хориҷӣ кишвар идора ва маблағгузори карда шуда, бо роҳбарии М.Кабирӣ ва баъзе аз ноҷавонмардони ин миллати кӯҳанбунёд дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба сӯи Модар-Ватан санги маломат мезананд. Талош бар он доранд, ки мардумро аз нав ба кӯйи гумроҳӣ кашида бо даъвоҳои беасоси худ сулҳу суботи кишварамонро халалдор созанд. Онҳо сиёсати имрӯзаи кишварро ғайримиллӣ ва ғайриқонунӣ хонда, бо изҳори баёнияе хостори муҳокимаи мақомоти тоҷик дар додгоҳи байналмилалӣ мешаванд. Дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава баргузор гардида, бо сабаби ҷоҳилию бесаводӣ ва боре ҳам аз кӯчаи маърифат нагузаштану суханҳои пучу тӯҳматангезашон шикаст хурданд. Шикасти ТЭТ ҲНИ дар Варшава зарбае сахте буд ба ин ташкилот, ки аксарияти тарафдорону аъзоёни наҳзат аз кабирӣ ва ҳизби террористии тиҷоратиаш рӯй гардонданд.

Имрӯз роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидюнуси Истаравшанӣ пас аз шикаст хурданашон дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава бо даъвоҳои беасоси худ иброз доранд, ки миллати тоҷик бояд ба хати порсӣ баргардад. Маълум мегардад, ки ин махлуқҳои мардумозор боз барои гумроҳ намудани миллати тоҷик ва ба давраи ҷоҳилият бурдани Тоҷикистониён аз хоҷагонашон супоришҳои навбатӣ гирифтаанд. Аммо, дар ҳеҷ сурат мардуми Тоҷикистон хатти забони модарӣ ва давлатиашро иваз намекунанд.  Дар сурати ба хати порсӣ гузаштан миллати тоҷик боз гумроҳтар гардида, наздик ба 20 соли дигар ақибмонда мегардад. Аксарияти кишварҳое, ки хати порсиро истифода мебаранд, дар он ҷо сулҳу суббот ва оромии комил дида намешавад. Тамоми эҷодиёти шоирону адибон ва пажуҳишгарону равшанфикрони тоҷик бо хати забони давлатӣ чоп шудаанд. Ба ғайр аз ин имрӯз ашъори шоирону нависандагони тоҷик бо тамоми забонҳои дунё тарҷума гардида истодаанд. Дар донишгоҳҳо ихтисоси забони порсӣ фаъолият мекунад ва донишҷӯён лмӯхта истодаанд. Мо дигар ниёз ба хати порсӣ ва дигар хат надорем. 

Хулоса сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруягию  иғвоагарӣ ва кирдорҳои ваҳшиёнаи наҳзатиҳоро медонанд ва ҳеҷгоҳ ҷонибдори аз ТЭТ ҲНИ намекунанд.

Нахимова Марзия, cокини шаҳри Хоруғ

Log in

create an account