Мақолаҳо

МУРҒОБ ЯК НОҲИЯИ АФСОНАВИИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Маводеро бо  номи  “Выявлен факт, доказывающий, что Мургаб – кыргызская земля!»- ро дар  интернет хонда, хеле  мутаассир  шудам. Ин  бародарони  қирғиз  чӣ  мехоҳанд?  Нотинҷиҳо  дар марзи  Қирғизистону   Тоҷикистон  дар  шимоли  кишварамон, дар Ворух кам набуд, ки  акнун  даъвои  дигареро  пеш  меоранд. 

Ин  мавқеи  расмии  Ҳукумати  Қирғизистон аст, ё  гурӯҳи  ҳангоматалабе, ки  бо маблағгузорӣ  ва  супориши  “дӯстон”-и хориҷиашон  мехоҳанд, авзои   ҳар ду  кишварро  хира  созанд, ба  қавле, обро  лой  карда, моҳӣ доранд. Қирғизу  тоҷикро ҷанг  андозанду ашёи  хомашонро  давлатҳои  абарқудрат аз худ  кунанд. Ба иззати  нафси  ягон  кас  расидан  намехоҳам. Вале бояд  хотиррасон  созем, ки  қарғизҳо аз  қадимулайём қавми  кӯчманчӣ  буданд  ва  дар тамоми  олам бо хаймаҳояшон  гашта, зиндагӣ  ба  сар  мебурданд. Хеле  аҷиб  аст, ки  имрӯз онҳо ноҳияи Мурғобро  аз они  Қирғизистон  баровардаанд. Саволи  матраҳ  чунин аст: пас  чаро ин “кашшофони” навбаромад дигар   минтақаҳои оламро, ки қирғизҳо ҳангоми кӯчбандии  муқаррариашон дар  он  ҷоҳо  ҳам  қарор  доштаанд, моли  худ  намешуморанд? Саволи  дигар: дар Ҷумҳурии  Қирғизистон  ҳам  минтақаҳои  тоҷикнишин  кам  нестанд, пас  ин  минтақаҳо  ҳам  моли   Тоҷикистонанд. Ё  гирем  Самарқанду Бухоро   ва  дигар  вилоёти  тоҷикнишини Ҷумҳурии  Ӯзбекистонро. Ҷумҳурии  Тоҷикистон  чунин  даъвоҳоро  пеш намеорад. Зеро  ба  қавли тоҷикони  Бадахшон, қоқ  ситта пи  девор  нанизавст, яъне  хоки  хушк ба девор  намечаспад. Мазмун, даъвои  беасос!

   Аз ҷониби  дигар, чун  далел  пеш  овардани  харитае, ки  аввали  асри  бист тарҳрезӣ  шудааст  ва  он  ҳам  агар ҳақиқатан  чунин  бошад, ҳаргиз моли  Қирғизистон  будани  ноҳияи  Мурғобро  исбот  намекунад. Зеро  пеш аз  ин  ва  баъд  аз  он  ҳам харитаҳои  дигаре  астанд, ки дар  онҳо   Мурғоб  дар ҳудуди  Қирғизистон  нишон  дода  нашудааст. Таърих  гувоҳ аст, ки  ноҳияи  Алай  ҳам, ки  баъди  пош  хӯрдани   Иттиҳоди  Ҷамоҳири  Шӯравӣ  ба  Қирғизистон  дода  шудааст, то ин  вақт ба  РСС Тоҷикистон тааллуқ  дошт. Вале  мо  даъвои  баргардонии  онро  ҳам  надорем. Бигзор, он  тавре  ки  марзҳои  кишварҳоямон баъди ба  даст  овардани  истиқлолияти  давлатӣ  муайян  ва  муқаррар  шудаанд, ҳамон  тавр монанд. Биёед, ба  обод  кардани  минтақаҳое, ки  ба  мо  тааллуқ  доранд, бештар  машғул  шавем, заминҳоямонро самаранок истифода  барем, конҳоямонро  ба  кор  андозем, ба  ҳар  гуна  иғво гӯш наандозем, бо  меҳнати  ҳалол барои халқи  худ  шароити  шоистаи  зиндагӣ фароҳам  орем. Мисле, ки  имрӯз корҳои  созандагиву  ободонӣ  дар   ноҳияи  Мурғоби Ҷумҳурии  Тоҷикистон  вусъат гирифтааст. Дар  ин  ҷо  тоҷикону  қирғизҳо  паҳлуи  ҳам  тинҷу  ором  зиндагӣ  мекунанд. Биёед, онҳоро  ноором  насозем.

      Р. Раҳмонқулов 

Log in

create an account