Мақолаҳо

САФСАТАҲОИ СОМОНАИ “СEZITTER.ORG”

Маълумоте, ки  дар сомонаи “сezitter.org” оид ба Чумӣурии Қиғизистон таалуқдоштани минтақаи Мурғоб ба табъ расидааст ягон ҳақиқати таърихӣ надошта гуфтаҳои сафсатаомезе, ки ҳамхаёлии баъзе ашхосро дар худ инъикос намудааст.

Агар мо ба  таърих назар афканем ягон  факту далели  илмӣ оид ба  Чумҳурии Қирғизистон  таалуқ доштани   Мурғоб  мавчуд нест. Дар сарчашмаҳои таърихии хонигарии Қуқанд Мурғоб ҳамчун манотиқи Помири Шарқӣ маҳсуб дониста шудаааст ва ягон харитаи таърихӣ дар бораи мансубияти Мурғоб  ба қирғизҳо нишон дода нашудааст.

Ҳарчанд бошандагони Мурғоб қирғиззабон бошанд ҳам, ин шаҳодати он нест, ки ҳудуди Мурғоб ба Қирғизистон дахл дорад. Мақсади ин гуна ашхос танҳо як чиз аст, ки он иғвоангезӣ аст. Дар мақола инчунин зикр гардидааст, ки бо кадом мақсад 1000-гектар замини Мурғоб ба ҳудуди Точикистон дода шудааст. Аз худи ин чумлаҳо маълум менамоем, ки инҳо фақат бо мақсадҳои ғаразнок ва иғвоангезӣ ӣувайдо мешаванд.

Бояд фаромуш накард, ки барои васл кардан заҳматҳои зиёд лозим аст, аммо барои хароб кардан ,тафриқа андохтан ва ҷудо намудан як сухани беҷо бас аст. Андешидан, таҳлил намудан ва ояндабин будан лозим аст.

Log in

create an account