Мақолаҳо

МАҲАЛГАРОӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НОГУВОРИ ОН

Дар ҳар давру замон барои пешрафти чомеа ва инкишофи тамоми самтҳои  он мафҳуми маҳалгароӣ бевосита таъсири амики худро мерасонад. Гарчанде, ки мафҳуми мазкур дар баъзе кишварҳои ру ба тараққӣ мушохида гардида бошанд, хам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аниктараш дар расонахои иттилоотӣ ва хамзамон дар муносибату муоширати мардум низ махалгароӣ ба куллӣ дида мешавад.

Бархе аз мардумони кишварамон халки тоҷикро ба мардумони тоҷику помирӣ, узубеку уйҳур ва ғайрахо кисмат намуда, ба ин васила ният доранд, ки дар байни мардумон ҷудоиандозию тафрикаандозиро ҷори намоянд ва тавассути он ният доранд, ки хадафи нихоии хешро амали гардонанд. Давлату миллат хамон вакт куллан рушду нумӯъ меёбад, агар дар ниҳоди мардумашон аз бобати махалгарои сухане вуҷуд надошта бошад.

Агар таърихан ба пайдоиш ва ташаккули халки тоҷик аз нуктаи назари зехни назар афканем новобаста аз мавҷудияти мазхаб ва имон эътикод, дар маҷмуъ аз ҳуммати Ислом мебошанд. Агар аз дидгохи назари Исломӣ  ба мафхуми маҳалгароӣ назар афканем он низ онро аз назари аклонӣ махкум менамояд. Тақсим халқи точик ба махалгарои ин аз тарафи он нафароне сар зада истодааст, барои онхо пешрафт, рушд, сулҳу субот барин мафхумҳо бегона буда, ният доранд ки дар миёни мардум тавассути махалгарои низоъ андохта, барои амали гардонидани хадафхои хеш саъйю кушиш зиёд карда истодаанд.  Агар ба протсесси рушди хамаҷонибаи кишвар ба кулли назар афканем, мо амикан дарк менамоем, ки барои мардум имруз мафхуми махалгарои бояд бегона бошад. Чунки он барои рушд минбъдаи кишвар метавонад монеаи наверо эҷод намояд.Консепсияи махалгарои бояд имруз дар тафаккури ягон халк вуҷуд надошта, он як падидаи манфури ҷамъиятиест, ки ба ин ё он самти першравии чомеа монеи нав ба навро эъҷод менамояд.

Лола Назархудоева

Log in

create an account