Мақолаҳо

ҲНИТ ҶОМААШРО ДИГАР МЕКУНАД

Аз нишасти Созмони Амнияту Ҳамкори Аврупо бист рўз сипарӣ гашт ва ҳанўз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии ҷаҳон аз ин нишасти баҳсбарангез, ки гўё озодии инсону сухану раванди демократикунонии ҷомеаро бо иштироки қариб 60 кишвари дунё ва як қатор созмону ҳаракатҳои ба ном демократипараст мавриди гуфтугў ва баррасӣ қарор дода бошад, нашр  мешаванд. Рўзноманигор Бахтиёр Ҳамдам мақолаашро дар рўзномаи «Минбари халқ»  ҳамоиши САҲА-ро  мазҳакаи илоҳӣ» номгузорӣ намудааст ва вақте матолибро аз нашрияҳои мухталиф дар бораи ин ҳамоиш мехонед, воқеан ҳам ин нишаст аз мазҳакае, ки дар он актёрони беҳунар нақшҳои асосиро иҷро мекунанд, чизи бештаре набуд.

Сухангўии  роҳбари наҳзатиҳои тоҷик Муҳиддин Кабирӣдар ин ҳамоиш тарошаи аз бом афтодаро мемонд. Воқеан Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҷомаа номашонро дигар карданианд. Онҳо  ҳаракатеро   бо номи «Паймони миллӣ» созмон додаанд, аммо ин ҳамон ҲНИТ-и дар хуни мардуми бегуноҳ олудагашта асту халос. Дар илми риёзӣ қоидае ҳаст, ки «бо иваз кардани ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад» ва дар сиёсат ҳам чуни наст. Бо дигар кардани номи ҳизбу ҳаракат дар мафкураи аъзои он табадуллот роҳандозӣ намудан, ин ба маъноест, ки «Хар агар Макка равад» боз ояд хар».

Оғои Кабирӣ  бо «молодой человек»-ҳои худ мехоҳанд дар ҷомаи нав мардумро фиреб диҳанду аз паси худ баранд, бехабар аз он ки замона дигар гашту мардуми тоҷик низ дигар. Дигар фиребу найранги шуморо кўдаки дар гаҳворбуда ҳам бовар намекунад. Хостед бо номи Ислом мардуми мумину мусулмонро фиреб диҳад, аммо тиратон ба ҳадаф нарасид ва ба гумон, ки бо номи «Паймони миллӣ» мақсади нопокатон амалӣ шавад, Оғои Кабирӣ.

С.Шакарбек, ноҳияи Ишкошим       

Log in

create an account