Мақолаҳо

МО ТАРАФДОРИ СУЛҲЕМ!

Афродон ба мисоли М. Кабирӣ ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки зодаи ҳамин Ватан ва модар ҳастанду аз обу хоки ин сарзамин ба воя расидаанд, баъди ба балоғат расидану мустақил гардидан на ҳаққи фарзандии ин Ватан ва на қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо меоварданд. Ба ҷои оне, ки баҳри ободонии ин хонаи муқаддас барои мо–тоҷикон хизмат кунанд, ин зархаридон ба хоҷагоне, ки пулу моли дунёро ба онҳо тақдим мекунад, ба ҳама кор тайёр ҳастанд.

Набояд фаромўш кард, ки бозиҳои сиёсӣ –маҳалгароии ифротии солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳуриамон чи бадбахтиҳое ба миён оварда буд. Шахсиятҳои ватанфурўш хулосабарорӣ накарда, имрўз низ гапҳои беасосу бемантиқ мегўянд. Воқеан андешаҳои муғризонаи ТЭТ ҲНИ ва «Гурӯҳи 24» барои ҳадафҳои беарзиши худ мехоҳанд ҷомеаи ороми моро халалдор кунанд. Вале набояд фаромўш кард, ки бехабар аз заҳматҳои фарзандони сарсупурдаи миллату давлат, барои Тоҷикистони навин чӣ дар илму фарҳанг ва чӣ дар иқтисоду сиёсат ва иҷтимоиёт миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд.

Ҳизбу гурӯҳи зикршуда вазъи сиёсии кунунии ҷаҳонро ба эътибор гирифта, андеша ронданашон лозим мебошад, ки аз ҷумла, ҳамсояи ба мо наздик Афғонистон, солҳои тулони то имрўз сулҳу субботро ба даст наовардааст ва он дар кадом ҳолат қарор дорад? Ин вазъи ба вуҷудомада ба ҷаҳониён маълум аст!

Доир ба масъалаи матраҳшуда бо боварии комил метавон гуфт, ки умуман кулли сокинони кишвари азизамон вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳоро махкум карда истодаанд. Бинобар ин, имрӯз Тоҷикистону тоҷикистониён ба ин гуна ҳизбу анҷуманҳои фитнаангез эҳтиёҷ надоранд. Дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Таҳлилгар: Саидов А

Log in

create an account