Мақолаҳо

ИҚДОМҲОИ АҲРИМАНОНАИ МАСЪУЛИНИ ТТЭ ҲНИ

Вазъи фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми қувваҳои аҳриманӣ аз ҷониби созмону ҳаракатҳои байналмилалӣ ва кишварҳои абарқудрат ҷонибдорӣ  мегарданд.

Рафту омади намояндаҳои ТТ ДИИШ ба он шабоҳат дорад, ки дар байни кишварҳои исломӣ хатти сарҳади давлатӣ мавҷуд нест. Намояндаҳои  созмонҳои террористӣ дорои раводиди ҳамсони «раводиди шенгенӣ» ҳастанд ва убур намудани сарҳади давлатии ин ё он кишвар барои онҳо мушкили надорад.

Пас бо кадом рў намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ бо овози баланд аз минбарҳо суханронӣ менамоянд. Бо чунин амали муғризонаи худ кишварҳои Ғарб дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ худро ҳамчун ҳимоятгарӣ  муҳоҷирони сиёсӣ дар хориҷи кишвар муаррифи менамояд.

Барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки фаъолони ТЭТ ҲНИ ҳамчун  хоинони миллат пас аз кўшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 ва ноком гаштан, сараввал дар кишварҳои ба ном исломӣ ва сипас рў ба ғарб оварданд. Айни ҳол бо ақидаҳои ба истилоҳ «меҳанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ» дар Ғарб алайҳи миллат баромада намуда, кўшиш ноором намудан вазъиятро дар минтақа доранд. Агар Муҳиддин Кабирӣ, Шерзамони Алим, Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳаммаслакони онҳо дорои ақли солим мебуданд, тарки ватани аҷдодии хешро накарда, дар ватани худ рақобати солимро барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ замина мегузоштанд.

Дар кишвари ҳамҷавори мо ҶИА аз соли 1979 ҷанг идома дошта, тамоми абарқудратҳо бо баҳонаи ором сохтани он қувваҳои низомии худро ба он ҷо ворид намуда, ин кишварро ба майдони набард барои қувваозмоӣ табдил додаанд. Магар ин миллат худ қудрати ҷори намудани суботро дар кишвараш доро нест, пас чаро оромаш намегузоранд. Чунки дар он ҷо манфиате барои ин ё он абарқудрате мавҷуд аст. Ҳама абарқудратҳои ҷаҳон айни ҳол таваҷҷуҳ ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон доранд.

Пас он нафароне, ки дар хориҷи кишвар гуруҳеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд, ки маъмулан пайравони морсифати талбандаро мемонанд. Барои шиками худро сер намудан ба ҳамагуна амали зишт омода ҳастанд. Ҷанги шаҳрвандӣ магар барои миллати мо сабақ нагаштааст, ки боз модари тоҷик чунин фарзандони дуруяро тавлид ва аз пистони муборакаш шир додаст. Ё чунин афрод аз шири хар ва ё ҳайвони дигар нўш кардаанд, ки ба қадри модар Ватан намерасанд. Имрўз модари тоҷик аз чунин фарзандони беномус худ безор гардида, аз баҳри чунин насли хоин гузаштааст. Вой бар ҳоли чунин фарзанди палид!

                                                                                                                                                                                                                                               Шодоби Мирзо                                                                                                                                                                                                                                                                         

Log in

create an account