Мақолаҳо

КИРДОРҲОИ ВАҲШИЁНАИ ҲНИ

 

Яке аз зуҳуроте, ки ҳоло ба масъалаи доғи рӯз мубаддал гардидааст ин фаъолияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати Ислом мебошад. Ин ҳизб яке аз сарчашмаҳои гумроҳӣ буда, то ҳол аъзоёнаш дар шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ ба гумроҳсозии ҷавонон машғул мебошанд. Ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава баргузор гардид, ва маълум гардид, ки сатҳи саводи наҳзатиҳо аз қудакони боғча камтар мебошанд. Наҳзатиҳо на танҳо забони рӯсиро намедонанд, ҳатто матни забони русиро дуруст хонда ва талаффуз карда наметавонанд. Бори дигар ҷаласаи солонаи Варшава исбот кард ва мардумро ҳушёр намуд, ки мақсади асосии ҲНИ ба даст гирифтани қудрат ва ташкил кардани давлати асримиёнагии исломӣ мебошад. Зеро дар амал ҳам ҲНИ инро борҳо исбот кардааст.

Агар ба таърихи наҳзатиҳо назар афканем онҳо моҳи январи соли 1993, вақте минтақаи Рашти Тоҷикистон муваққатан зери назорати ҲНИ афтод, онҳо дар ин минтақа зуд давлатчаи худро бо номи «Ҷумҳурии исломии Ғарм» (ҶИҒ) ташкил намуда, дар он қоидаҳои исломиро аз фаҳмиши ифротии наҳзатӣ ҷорӣ карданд. Аз тарафи ҲНИ узви раёсати олии ҳизб Саъдиддини Рустам,  «президент»-и ин «давлати исломӣ» ва қумандони хунхори ҲНИ Ризвон Садиров «вазири мудофиаи ҶИҒ» эълон шуданд. Сипас аввалин фармонҳои ин давлати худхондаи ҲНИ бахусус аз хона набаромадани занон, аз чор ангушт кам набудани риши мардон, ба мактаб нарафтани духтарон, аз ҳар хона ба лашкари наҳзат додани ду муҷоҳид, ба ихтиёри ҷангандаҳои ҲНИ супоридани захираҳои озуқавории мардум, аз ҷумла орд, асал, чорво, картошка, себ ва ғайра», «манъ будани мусиқӣ дар тўйҳо» ва ғайра буданд. Яъне бо ба даст омадани фурсат, наҳзатиҳо дар Ғарм як режими зулму ситаму ғорати мардумро бо номи «давлати исломӣ» ба роҳ монданд. Хушбахтона, ин сохтори сиёҳи наҳзатиён дер тўл накашиду баҳори ҳамон сол аз тарафи нерўҳои давлатӣ пароканда шуд. Роҳбаронаш бошад ба Афғонистон гурехта, фаъолияти золимонаро он ҷо дар сари гурезаҳои тоҷик давом доданд. Касе аз онҳо инкор карда наметавонад, чунки тамоми мардуми водии Рашт медонанд, ки ин як ҳақиқати таърихӣ аз фаъолияти даҳшатноки ҲНИ аст. Кабирӣ як зарраи ин ҷиноятро инкор карда наметавонанд. ҲНИ ташкили ба ном «судҳои исломӣ» ё «самосуд» ва бегуноҳ ба куфру бидъату қатл ҳукм кардани одамонро низ васеъ истифода мекард. Қозии ин давлати ҲНИ — Мулло Абдуғаффор машҳур бо номи «Танка» нисбати тамоми одамон танҳо як ҳукм медод — ҳукми қатл. Зеро сатҳи фаҳмиш ва идеологияи террористии ў фақат ҳамин қадар буд. Дар солҳои фаъолияти «судҳои исломӣ»-и ҲНИ дар минтақаи Рашт, водии Язғулом ва дар ҳудуди Афғонистон бо ҳукми ин қозиҳои наҳзатӣ садҳо каси бегуноҳ кушта шуданд. Пас аз Абдуғаффори «Танка» вазифаи қозигии ҲНИ-ро дар Афғонистон Мавлавӣ Муҳаммадҷони Файзмуҳаммади Панҷӣ давом дод, ки ҳукмҳои ў боз ҷоҳилонатару шадидтар буданд.

Яке аз ҳукмҳои машҳури қозии ҲНИ Мулло Абдуғаффор дар соли 1994 ҳалол эълон кардани кашидани банг ва тиҷорати маводи мухаддир барои ҷангандагони наҳзатӣ буд. Дар асоси ҳамин фатвои наҳзат қариб ҳамаи фармондеҳону ҷангиёни ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хариду фурўши маводи мухаддир машғул шуда, як қисми пули ҲНИ аз ин тариқ таъмин мешуд. Ҳама дар ёд доранд, ки дар Афғонистон байни қумандонҳои наҳзат ва қочоқбарони афғон ба сабаби саривақт надодани «пули бор» чӣ хел задухўрдҳои мусаллаҳона мешуд. Қозии наҳзат Мулло Афбдуғаффор ҳатто нисбати ҳар гуреза ё муҳоҷири тоҷик, ки фиреби наҳзатиҳоро фаҳмида, он солҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштанӣ мешуд, «Дунёи Ислом»-ро тарк карда ба «Дунёи куфр» меравад, гуфта ҳукми қатлашро медод. Роҳбарони ҲНИТ кайҳо аз мазҳаби ҳанафии тоҷикон рўй гардонда, мазҳаби шиъаро қабул кардаанд. Дар он мазҳаб бошад таҳия кардан ё пинҳон кардани мақсади асосӣ як кори оддӣ аст. Мувофиқи мазҳаби шиъа, ки наҳзатиҳо онро қабул кардаанд, дурўғ гуфтан гуноҳ ҳисоб намешавад. Ё ба фатвои наҳзатиҳо ва хоҷагони онҳо куштани тоҷикон гуноҳ ҳисоб намешавад.

Маҳз ҳамин умумият ва ҳақиқатро дар назар гирифта, моҳҳои охир ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИ-ро ҳам дар қатори «Алқоида»-ю «Толибон»-у «ДОИШ» ба рўйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил карда, фаъолияти онро дар ҳудуди худашон манъ карданд. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он кишварҳои Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дохил мешаванд ва ҳамчунин, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ки ташкилоти қудратманди минтақа мебошад, ҲНИ-ро якдилона ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карданд.

 Ноёбов Шамс,

сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account