Мақолаҳо

КУЗОВ ЯЗҒУЛОМРО ДУБОРА БОЗ БА ДОМИ ХУД АНДОХТАНИСТ

Баромади Мирзораҳим Кузов, ки яке аз думравони Кабирӣ дар Варшава маҳсуб меёбад ва имрӯз даъвои пешвоии мардуми осудаи Язгуломро дорад, маро ба шубҳа водор намуд. Муаллиф  аз сурату сирати  Ҷамоати Язгулом хабаре надорад. Ӯ аз рӯи фарзияву тахмин ва иттилои маҳдуди манбаъ носаҳеҳ изҳори ақида намуда, умед ба барангехтани ангезаи сиёсӣ дар фазои иттилоотӣ дорад. Шояд хонанда огоҳ бошад, ки ин ҳангомаҷӯ ҳамон Кузов ҳаст, ки дар ҲНИ ҳамчун муовини раис оид ба Бадахшон фаъолият дошт ва ду бор аз ҷониби ҲНИ ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, дар интихобот овозеро соҳиб нашуд. Дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ бо мошинҳои сиёҳшиша ба ноҳия ворид гардида, ба мардум варақаҳо тақсим мекард. Дар ҳама ҷо домуллоҳоро думболи худ кашида, ба ин он фатво медод. Тарғиботгаронаш дар ҳама ҷо ӯро намояндаи покбозу ростқавл ва хизматгузори халқ муаррифӣ мекарданд. Бо ҳама кару фар дар интихобот мақомеро соҳиб нашуда, ноаён нопадид мешуд.

Ин ҳамон Кузуовест,ки соли 1993 дар даврони муноқишаҳои шаҳрвандӣ дар Ҷамоати Язгулом маркази тарғиботӣ таъсис дода, ҷавонони гумроҳро ҳамчун сайд ба доми худ андохта барои хондан ба Афгонистону Покистон бурда, ба дасти муҷоҳидин месупорад.

Аз деҳаи Мотравн то Жамаг бисёрии оилаҳоро аз фарзандон бо ин баҳона ҷудо намуд.

Ҷавонони бехабар аз ҳилаи ин рубоҳи макор ба тези дарк карданд, ки ин роҳи таҳсили илм набуда, роҳ ба сӯи куштору террор аст. Бисёриҳо сарсону саргардон дар мулки ғариб бесоҳибу бесарпаноҳ монда, бархе аз онҳо ба Ватан баргаштанд. Мардум аз ин огоҳ гардида ба ин пешвои фиребгар лаънат хонданд.

Пас аз хоинигарии ҲНИ  ва элон гардидани он ҳамчун ҳизби террорист Кузов Мирзорахим низ дар қатори дигар пешвоён нопадид гардид. Ӯ аввал дар Ленинград маскан намуд зеро дар ин ҷо язгуломиҳо бештар буданд. Ӯ фаъолияти худро байни ҷавонон идома дода, бархеро ба Сурия раҳнамун намуд. Дар Ленинград ҳам мавриди кофтукови  органҳои дахлдори Россия қарор гирифта, оқибат шомили Туркия, Эрон ва  Варшава гардид. Дар Варшава имрӯз боз ҳаммаслаки Кабирӣ шуда, ба сӯи ҳамватанон аз он ҷумла ба сӯи Язгуломиҳо санг меандозад.

Ҳамоиши навбатие, ки дар Варшава бо ташаббуси САҲА доир гардид дар он Кузов Мирзорахим низ баромад намуда, оид ба вазъи забонҳои Бадахшон аз он ҷумла лаҳҷаи язгуломӣ изҳори нигарони кард. Ба ақидаи ин забоншиноси ношинос  забони язгуломи имрӯз дар остони нестӣ қарор дорад ва мардум ба забони худ озодона гуфтугӯ кардан наметавонанд.

Кузови дунёбехабар намедонад, ки забони язгуломӣ яке аз лаҳҷаҳои забони тоҷикист, ки дар баробари дигар забонҳои Бадахшон ҳифз ва омузиш мешавад. Аз ҷониби  олим Исмоили Раҳим граматикаи забони язгуломӣ коркард ва нашр гардид. Барои гуфту гузор дар ин ҷода монеае мавҷуд нест.

  Забони тоҷикӣ нишони миллат ва ҳувияту ҳастии он аст.Аз ин рӯ поку беолоиш нигоҳ доштани забон вазифаи ҳар фарди соҳибхирад мебошад. Дар замони ҷаҳонишавӣ,ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ҳамеша баҳри афзудани нуфузи худ иқдомҳои номатлуберо роҳандозӣ месозанд, забон низ дар саҳфаи ин иқдомҳо ворид мегардад, зеро  барои миллатро заиф намудан нахуст бояд забони онро заиф кард.

  Маҳз аз ҳамин лиҳоз Пешвои миллат ҳифз ва эҳтироми забонро дар мадии нахуст мегузорад. Барҳақ аст,ки носолимии ҷомеа носолимии забонро ба миён меорад. Носолимии забон бошад, ба носолимӣ ва ҳастии миллат халал ворид менамояд.

  Имрӯз забони тоҷикӣ дар пояи мустаҳкаме қарор дорад , ки ин поя  мустақиляту ваҳдати умумро дар кишвар наму мебахшад. Мусаллам  аст, ки ҳама гуна халал ба забон ин боиси ба вуҷуд овардани ихтилофотҳои маҳалливу ифротӣ мегардад.

Дар шаҳри Хоруғ конференсияе доир гардид, ки ҳадафи он дар мактабҳо ҷорӣ намудани забонҳои мавҷудаи померӣ буд. Саркардагони ин амал гурӯҳҳои навбаромад бо номи «демократҳо» буданд, ки бо ин васила ба вуҷуд овардани ихтилофи навро дар Бадахшон доштанд.

  Нахуст шоир Ширин Бунёд баромад намуда, ин иқдомро пешниҳоди аблаҳона номид ва зикр намуд, ки баръакс мо бояд имруз  дар оила ва мактабҳо забони тоҷикиро мавриди истифодаи ҳатмӣ қарор диҳем то фарзандонам бо ин забон дуруст ҳарф задан тавонанд зеро бе ин ҳам фарзандони хурд ва ҳатто мусафедон бо забони тоҷикӣ озод сухан кардан наметавонанд.

Пас аз Ширин бунёд дигарон низ ин пешниҳодро рад карданд ва он дигар ба миён наомад. Имруз боз ин сару садоҳо дар ин мавзуъ баланд мегардад,ки боиси нигаронист.

Кузов дар баромадаш боз афзудааст, ки Язгулом ва язгуломиҳо дар даврони муноқишаҳо бар зиди ҳукумат мубориза бурда мавриди таъқиб қарор гирифтанд.

Ин думрави Кабирӣ намедонад, ки имрӯз авзои Язғулом барҷост. Дар ин ҷо ҳеҷ далеле нест, ки мардум аз Ҳукумат норизо бошанд. Норизогии як-ду ҷинояткор наметавонад норизогии мардум аз Ҳукумат бошад. Мардум пайи ободгардонии диёри хеш заҳмат доранд.

Вуруди воҳидҳои низомии Ҳукумат ба Ҷамоати Язғулом дида намешавад, агар амалиёте дар ин мавзеъ гузарад, танҳо ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва сулҳу ваҳдати умум аст. Язғулом ва язгуломиҳо аз пушти фатвои дуррӯғини таблиғгарони муҷоҳиддин чи рӯзҳои сахтеро нагузарониданд. Шояд муаллиф  огоҳ бошад, ки соли 1995 маҳз бо таблиғи ӯ ва Шайх Мирзониёз 28-нафар ҷавонони язғуломиро гумроҳ карда, онҳоро ба муқобили неруҳои сарҳадии Россия, ки дар дашти Язғулом мустақар буданд, ба умеди шаҳид шудан, ба ҷанг бархезонд. Дар натиҷа 28 нафар ҳалок гардида, ҷасадашон ба Язгулом баргардонида шуд. Пас аз ин воқеа Кузов боз ғайб зада. Имрӯз низ чунин иғвогарону фатвогарон боз хостгори иғвои нав дар Язгуломанд.

Дар як вохурӣ сокинони ҷамоати Язгулом баромад карда иброз доштанд, ки Кузов умуман сокини Язгулом нест. Ӯ дар шахри Душанбе таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо ба воя расидааст. Язгуломиҳо ӯро танҳо дар солҳои нотинҷӣ шинохтанд. Пою қадами ӯ ба Язгулом танҳо бадбахтӣ овард. Чунин суханҳоро имрӯз аз забони ҳар як язгуломӣ шунидан мумкин аст. Аммо сабаб чист, ки Кузов Мирзорахим имрӯз такягоҳи худро танҳо дар Язгулом мебинад?

Ӯ гумон дорад, ки Язгулом ҳамон язгуломи пешин аст ва мардумашро низ фиребидан имкон дорад.

 Пешвоёни ҲНИ Язгуломро ҳамчун манбаи иғвои нави сиёсӣ таъсис доданианд. Бо ин васила мардуми барӯманди Язгуломро бечораву заиф маънидод намуда, дар ин ҷода пуштибонии ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Язгулом хостгоранд.

  Ба вуҷуд овардани фазои нави ангезаи сиёсӣ дар Язгулом  мақсади асосии тарғибгарони ҲНИ аст,ки имрӯз дар шабакаҳои интернетӣ язгуломро ҳадафи худ қарор додаанд.Манбаи асосии ин моҷароро онҳо дар он ҷое мебинанд, ки равияҳои мазҳабӣ дар он ҷо фаъоланд. Истифода аз ин равиш ва думболагир намудани қазияи  Хоруғшаҳру Рашт  ба ҷуз афрӯхтани оташи нави хусумат дигар чизе нест.

Кузов ва раҳбаронаш бехабаранд,ки ҷамоати деҳоти Язгулом дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуда, авзои пешинаи худро куллан тағйир дод.

Пас аз носозгориҳои сиёсӣ, ки Язгулом аз дасти фарзандони худ  ва муҷоҳиддини ҷамъгардида, ба мотамистон ва торикистон табдил ёфта буд. аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди Язгулом барои панҷ сол тасдиқ гардида, мавриди амал қарор гирифт. Тибқи ин Барнома тамоми мактабҳои ҷамоат азнавсозӣ гардида, ду бунгоҳи тиббӣ, ду маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Имрӯз бошад сохтмони  бинои ду ошёнаи ҷамоати деҳоти Язгулом идома дорад. Соли гузашта дар деҳаи Мотравн толорои варзиши барои ҷавонон  сохта шуд.

Беморхонаи ҷамоат аз таъмир бароварда шуда, бо мутахассисон таъмин гардид.

  Соли 1998 дар деҳаи Андарбак неругоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 300 квт ба истифода дода шуд, ки мардумро то андозае бо қувваи барқ таъмин намуд. Соли 2017 интиқоли хати 35 киловатаи Шипад-Язгулом  ба анҷом расида, сокинон 24 соат бо неруи барқ таъмин гардиданд. Имрӯз  боз  сохтмони  як неругоҳ дар деҳаи Мотравн идома дорад. Ба кор андохтани тиллои пошхурдаи Язгулом ва дигар корхонаҳои саноатӣ дар назар аст. Дар давоми солҳои Истиқлолият зиёда аз 8 нафар хатмкунандагони Язгулом  донишгоҳи тиббиро хатм намуданд.

  Соли 2018 бо супориши Президенти кишвар Барои хатмкунандагони макотиби Язгулом 40 квота ҷудо шуда, таъмин гардид.

Чунин навкориҳо дар ин ҷамоати кучак сол ба сол равнақ ёфта, боиси рушди ҷамоат гардидаанд.

Дашти Язгулом, ки пештар дашти сӯхтаву нооббод буд,имрӯз ба макони истироҳати ҳамагон табдил гардидааст. Бархе аз мардуми Язгулом ба ин ҷо кӯч баста,хонаву ҷой, боғу роғи зебову дилкашеро  эҳё намудаанд, ки ҳоло назарработарин ҷойи Ванҷ аст.

Тибқи Барномаҳои давлатӣ дар дарёи Язгулом  ҳафт неругоҳи барқӣ  тавлид меёбад,ки аз ояндаи неки ин ҷамоати дурдасти куҳистон дарак медиҳад.

Кузов бошад аз ҳама ин навгониҳо хабаре надорад. Ӯ дар баромадаш дар ҳамоиши Варшава мардуми Язгуломро  заифу нотавон ,ноқобилу мотамзада маҳрум аз ҳама шароити зиндагӣ нишон медиҳад,ки ин паст задани мардум ва заифияти он ҷалби ҷомеаи ҷаҳон  аст ба ин пайгириҳои беасос.

Бояд Кузов огоҳ бошад, ки ӯ барои мардуми Язгулом бегона аст. Суханҳои пучи ӯ ва ин паст заданҳои мардуми сарбаланди Язгулом мояи хиёнати ӯ ба миллат ва Ватан аст.

Мардуми деҳоти Язгулом мардуми зебову хушсухан ва соҳибмаърифатанд. Онҳо ватандору ватандӯстанд, хиёнатпеша нестанд. Муаллиф инчунин оиди таъсиси дидбонгоҳҳо ибрози назар намудааст. Бояд иқрор шуд,ки дар даврони мири Ванҷ байни роҳи куҳии Гушхун-Язгулом, Ширговад-Вахё ва дигар мавзеҳо, ки эҳтимолияти хатар мавҷуд буд,дидбонгоҳҳо амал мекарданд. Одамон тариқи ин дидбонгоҳҳо рафтуо намуда, аз тарафи маъмурон ба қайд гирифта мешуданд. Имрӯз ҳам агар ин кор амали гардад, боиси амнияти кишвар хоҳад буд.

  Баромади Кузов  хотири касро ба солҳои 1992 мебарад, ки он вақт дар майдон Эшони Қиёмиддин пайваста баромад намуда, дод мезад, ки эй шерони Бадахшон, куҷоед?. Вориди майдон шавед. Мо бе Шумо ҳеҷем. Танку тӯпи мо зеби шумо дорад. Бо ҳамин минвол мардуми гумроҳу аз сиёсати шум ноогоҳро ба майдон кашиданд.

Эшон он дам дод мезад:

-Шерони бадахшонро истиқбол кунед!

Мардуми майдон бадахшониҳои фирефтаро бо кафкӯбӣ истиқбол мекарданд. Ин мактаб боз ба рӯи Язгулом дари худро кушоданист. Бояд гуфт, ки имрӯз шуури сиёсии мардум боло рафта,фазои дарки андешааш чун солҳои пешин нест. Мардум як бор ба чоҳи таблиғоти хунин дарафтода бархостанд. Дубора бо ин роҳ нахоҳанд рафт.

Ҳофиз АЗОРАЕВ, сокини деҳаи

Мотравни ҷамоати деҳоти Язгулом

Log in

create an account