Мақолаҳо

БА БЎҲТОНУ ҒАРАЗИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ БОВАР НАКУНЕМ

Ҳанўз  ҳам аъзоёни ҳизби раҳгумгаштаи ҲНИ ба тўҳмату  бўҳтони ҳукумати кишвар  машғул буда, ҳадафҳои муғризонаи  худро пиёда месозанд.

  Чанде пеш, аниқтараш 24 сентябри соли 2019 дар конфронси ОБСЕ, ки дар Варшава баргузор гардид, намояндаи ҳизби террористии  ҲНИ Мирзораҳим  Кузов бо суханони иғвоангези худ давлату ҳукумати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бадном кард.

  Ба гуфти ў ҳукумати кишвар гўё дар Бадахшон  режими тоталитариро ҷорӣ намуда, муддати шаш моҳи соли равон 2500 нафарро ба муҳлатҳои ҷудогона зиндонӣ намудааст. Инчунин дар баромади  Кузов боз омадааст, ки гўё ҳукумати  Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки  дар Бадахшон бо забонҳои помирӣ  барномаҳои радио ва  телевизион ва матбуот  роҳандозӣ  гардад.

  Ба гуфти Мирзораҳим Кузов  дар давоми  соҳибистиқлолии кишвар ҳуқуқу озодиҳои мардуми Бадахшон поймол гашта , аз болои шахсони фаъол ва гашту гузори мардум назорат бурда  мешавад.

   Баромади Мирзораҳим  Кузов дар конфронс бўи иғвоангезӣ ва ҷудоиандозӣ  дошта, шахси солимфикрро ба андеша водор месозад. Мардуми Бадахшон ҳаргиз ба ин дасисабозиҳои душманони  миллат бовар намекунад ва нахоҳад кард. Имрўз дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ  тинҷию амонӣ ҳукмфармо аст. Касе ба каси дигар коре надорад.  Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ягон касро бе асос зиндонӣ накардаанд. Аммо бо ҷинояткороне, ки  оромии ҷомеаро халалдор месозанд мубориза бояд бурд.

  Мо набояд зиракии сиёсиро аз даст дода,  ба  ҳар гуна иғвогариҳо бовар кунем.

 Алиназаров Саидназар, муҳаррири

рӯзномаи Маърифати Шуғнон

Log in

create an account