Мақолаҳо

НАҲЗАТИЁНИ ИҒВОГАР ДАР САҲНАИ САҲА

Қобили зикр аст, ки баъди ноком шудан дар муборизаҳои сиёсӣ ва ба боди фано рафтани маблағҳои зиёди пуштибонони хориҷии наҳзатиён, сарварони он дастру гирифтанд, ки бо роҳи низомӣ ҳокимиятро ғасб намоянд. Аммо хушбахтона ин ошуби душманона ва мусаллаҳонаи ХНИ бо роҳбарии шахсони фурухташуда ва дар хориҷа таълим гирифта, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоён ва тарафдарони он аз тарафи мақомотҳои қудратии кишвар пахш карда шуд.

Баъди шикаст хурдан ҳизб, роҳбари он Муҳиддин Кабири ба хориҷӣ кишвар гурезон шуда, дар онҷо бо тарафдорони худ номи ҳизби террористии худро ба Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) иваз намуда, дар хориҷӣ кишвар тариқи сомонаҳои интернетӣ ба паҳн намудани мақолаҳои характери ҷудоандозӣ, иғвогароӣ ва маҳалгарӣ дар байни мардум, машғул гардида истодаанд.

Ҳарчанде, ки ҲНИ номашро иваз намуда бошад, ба ҷуз ихтилофу ҷудоандозӣ, дигар кору амали манфиатоваре ба нафъи давлату миллат ва халқ анҷом надода истодааст. Муҳиддин Кабири ва тарафдорони онҳо дар саҳнаи САҲА танҳо бо супориш ва матнҳои тайёрнамудаи хоҷагонашон бо далелҳои бардурӯғ баромад карда истодаанд.            

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки бар муқобили ин равияҳои тундгаро мубориза бурда, дониши сиёсии ҷавонон ва сокинони ҷумҳури баланд бардошта шавад. То, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва террористию экстремистӣ дохил нашаванд, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.              

Ризвонов Ширинбек,

сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account