Мақолаҳо

ИҒВОГАРӢ ДАР ҶАМОМАДИ САҲА

Расонаҳои хабарӣ дар ҳар маврид аз нигоштаҳои САҲА иттиллооти мухталиферо паҳн карда истодаанд, ки он аз тарафи як гуруҳ мавриди корбурд қарор мегирад. Фаъолияти гурӯҳҳои САҲА аз замони ба даст даровардани Истиқлолияти кишвар дар шакли идеологӣ сурат гирифта буд. Ҳанӯз аз оғози фаъолияташон ин гурӯҳҳо тафаккури мардумро бо ҳар гуна ваъдабозиҳои бардурӯғ пур мекарданд. Эшон дар ибтидо худро ҳамчун муаррифкунандаи дини мубини Ислом муаррифӣ намуда, ҳар гуна хурофоти диниро ба тафаккури мардум латна мезаданд.

Ин бадтинатони  миллат  айни  ҳол  нияти  нишастро  дар САҲА дар кишвари хориљи  доранд. Вале,  мо бо боварии  комил  гуфта  метавонем, ки халқи тољик  имрўз дорои  тафаккури  баланди   илмӣ мебошанд ва ҳар як тафаккури  берун  аз шуури  инсониро  қабул нахоҳанд кард. Кишвари азизамон  рўз то рўз  рушду  инкишоф  ёфтааст.

 Мардумро фирефтаи ваъдабозиҳои дурӯғ намуда, майл доштанд, ин кишвари зебову ободро боз ба як харобазор мубаддал гардонанд.

Ба қвли шоире:

Ман ки имруз биҳишти нақд ҳосил мекунам

Ваьдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам.

Халқи тоҷик бо неруи бузурги худ ваьдабозиҳои ин гуруҳҳоро кулан дарк намуд. Ва хушбахтона  фаъолияти динии ин гуруҳҳои ғаразнок ба кулли қаьт гардид. Айни хол боз ин гуруҳҳо ҳануз хам аз кирдаҳои ғаразноки худ пушаймон нашуда, идеологияи ғаразноки худро боз дар Аврупо дар расонаҳо пахн карда истодаанд. Айби дигарон ҷустан ва айби худро пинҳон кардан коре басо саҳл аст.

Ба кавли шоире:

Ҷустни айби дигарон айб,

Ҷустани айби хештан ҳунар аст.

 

 

Log in

create an account