Мақолаҳо

ЯК ПОРЧА ЗАМИНИ ХУД МУҚАДДАС ДОНЕМ

Бо шарофати истиқлолият ва озодии кишвари маҳбубамон, меҳнати  заҳматқарини мардум, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ, ватани маҳбубамон дар миқёси ҷаҳон шинохта шуда  соҳибэҳтиром гардид.

   Ҳамагон аз он ифтихор доранд, ки Президенти кишвар, Пашвои миллат ба хонадони якояки тоҷику тоҷикистонӣ сулҳ оварда  сулҳофар гардиданд ва  он сулҳи бо баҳои  ҷон ба даст оварда,  Тоҷикистон ва миллати  тамаддунофари онро ҷаҳон  муаррифӣ намуд.

  Дар ҳамин замина бо тамоми кишварҳо дӯстиро барқарор намуда, шукронаи онро дорем, ки мо тоҷикони сулҳхоҳем,  зеро ниёгони мо  аз азал сулҳпарвару  дурандеш ва саховатпеша буданд.

 Хушбахтона, дар кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо ҳаёти  осоиштаи мардумон ва рушди бомароми  давлат таъмин аст ва таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон барои якпорчагии давлати худ,  ҳифзи муқаддасоти миллии камари ҳиммат бастаанд.

 Мо бо давлатҳои ҳамсоя робитаҳои дӯстиро барқарор  намудаем ва ҳамеша баҳри  такмили  дӯстиву  густариши бародарӣ роҳҳои тағриби сиёсати сулҳпарваронаро ҷустуҷӯ дорем.

 Дар ин лаҳзаҳо бевосита  ашори Турсунзодаи ширинкалом ёд меояд.

            Шодам, аммо мехурам ғамҳои халқи дигаре

            Дар назар меоварам тороҷ гашта кишваре…

Имрӯзҳо аз он дар  таассуфем, ки дар давлати ҳамсарҳади мо  Афғонистон модарон аз беадолатӣ ашкрезонанд.

Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки бародарони Қирғизтабори мо барои ғасб намудани замини давлати ҳамсоя хунрезӣ мекунанд. Зеро  мақсади ҳамаи миллатҳо  осудагии кишвар  ва зиндагии шоистаи мардум аст.

Дар ватани маҳбуби мо бо қирғизтаборҳои тоҷикистонӣ дӯстӣ ва хешутаборӣ барқарор гаштааст. Аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ҳар ду миллати тамаддунофари тоҷикистонӣ  шодкоманд.

Вазифаи  мудофиаи  сарҳад    муқаддастарин қарз ва фарзи ҷавонмардист,   лекин набояд  фаромӯш сохт, ки он чиро ба худат нахоҳӣ, ба дигарон низ набояд раво бинӣ. Муҳимтарин вазифаи ҳар як инсон муайян кардани муносибати тафакур ба воқеият, яъне ба ҳақиқат аст. Сарҳадбон фарзанди вафодори модар- ватан  аст ва баҳри ҳимояи  як порча хоки муққадаси Ватан ҷонфидоӣ мекунад.  Ҳимояи ватан на танҳо вазифаи  марзбон, балки қарзи фарзандии ӯст.

Фарзанди вафодори ватан ҳеҷ гоҳ  ба хунрезиҳои ваҳшиёна  роҳ намедиҳад, ӯ намегузорад, ки пои нохалафон  бар замини  поку муқаддаси  модар – Ватан расад.

Мунираи  Саодатшоҳ, омӯзгор

Log in

create an account