Мақолаҳо

ХИЁНАТ БОЗГАШТ НАДОРАД!

Дарк намудани таърихи гузаштагон, шинохти худ ва дар зиндагӣ  интихоб  намудани  роҳи дуруст аз инсони асил дар навбати аввал  як вазифаи  муқаддастаринеро  талабгор аст, ки он  ватандўст  ва вафодор  будан ба Ватан  - Модар  аст. Агар дар ботинамон  муҳаббати  Ватан, арзишҳои  миллӣ ва ахлоқи  ҳамидаи  инсониеро  парварем, ҳеҷ гоҳ  намегузорем, ки хоине, ватанфуруше зиндагии   осоиштаи  миллати моро ба нестӣ барад.

Давлати соҳибистиқлоли мо   фоҷиаҳои  зиёдеро  аз сар гузаронидааст, вале  ба ҳамаи душвориҳо  нигоҳ накарда, аз касе дасти мадад  намепурсидаву  нохалафе, ҷангҷуе ва фитнаангезеро  ба сари миллати  худ наовардааст.

Имрўз мутаасифона  фарзанди тоҷик (оё метавон ўро фарзанд номид ?)  аз минбари баланд бо фиребу   дасисабозиҳои  душманони  миллат садо баланд мекунад. Яке гуё барои  осудагии миллат «мубориза»   мебараду дигаре  баҳри адолати  замон кўшиш мекунад.

САҲА  бо «ёри» - и худ чунон меҳрубони онҳо  гардидааст, ки аз номи Ҳизби Наҳзати Ислом «адолатпарвар» гардидааст.

Он марде, ки саранҷоми оилаи худро бар души занаш гузошта, худ сафари  Варшава мекунаду аз дуриҳои дур зидди давлати осудаи мо сухан мекунад.

Хонандаи  закӣ хуб сарфаҳм  меравад, ки  сухан дар бораи  Ҳалим Шерзамонов  ва Муҳиддин Кабирӣ меравад.

Он шахсоне,  ки  иѓвогаронро  мепарастанду  осудагии  ватанро бо нияти  нопокашон  халалдор  месозанд, барои онҳо аз осудагии мардуми Ватан дида нооромӣ ва пулу  мол дар мадди аввал меистад.

Дар Ватан аз нияти  нопоки онҳо хабардоранд ва ба дасисаву баромадҳои  онҳо  на ҳама  боварӣ  ҳосил  мекунанд.  Пас саволе матраҳ  мегардад, оё ў ҳуқуқи  маънавие дорад, ки аз номи сокинони давлати  соҳибтамаддуни мо сухан намояд.

Сарвиноз  Додихудоева, донишҷў

Log in

create an account