Мақолаҳо

БОЗИҲОИ НАВБАТИИ НАҲЗАТИЁН ДАР САҲА

Наҳзатиёни ифротӣ, ки аз шикасти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд нагардида, роҳ сўи Аврупо гирифтаанд, имрўз мехоҳанд дар нишасти САҲА оид ба ченаки инсонӣ аз ҳадафҳои ғаразноки худ ҳифз кунанд. Чихеле ки шоир мегуяд «Бирав аз гузаштаи рўзгор баҳра бигир» Муҳиддин Кабирӣ аз саргузашти бадбахтонаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, имрўз боз роҳи террору экстремизмро пеша намудааст.

 Ташкилоти экстремистӣ - террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» бо сафарбарии намояндагони худ ба шаҳри Варшава, ки онҷо нишасти САҲА баргузор гаридида истодааст, мехоҳад симои сохти конститутсионии Тоҷикистонро дар назди оламиён бадном созад. Ин ҳам як бозии навбатии наҳзатиён аст, ки мехоҳанд дар амалигардии мақсаду ҳадафҳои хоҷагони хориҷиашон нақши худро гузоранд. Ҳар як наҳзатӣ, ки имрўз ба сўи зодгоҳи худ санг мепартояд ва ба бадном намудани миллати тоҷик машғул мебошад, то ҳол дарки он накардааст, ки баръакс ў худ ва авлоди худро ба доми бадбахтӣ гирифтор сохта истодааст. Зеро фардо баҳри пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа насли ояндаи чунин авлод ҷиҳати манфӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун зодаи оилаи хоинҳо шинохта мешавад.

Аз ин рў ҳар як шаҳрванди ватандўсти кишварро зарур аст, ки барои хунсо сохтани мақсадҳои наҳзатиён сарҷаъмона мубориза бурда, ниқоби аслии наҳзатиро ба аҳли зиёи олам нишон диҳанд. Ҷавонон, ки пешбарандагони ояндаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд,  дар раванди фош сохтани ҳадафҳои аслии наҳзатиён иштирок намуда, ҳиссагузори таъмини устувории сохти конститутсионӣ бошанд.     

 Мазабшоев Аҳтам,

Сокини шаҳри Хоруғ

 

 

Log in

create an account