Мақолаҳо

БАДХОҲОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Ду рўз қабл дар шаҳри Варшава чун ҳамасола ҳамоиши навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Хамкорӣ дар Аврупо бо иштироки намояндагони қариб 60 давлати дунё ба кораш шуруъ намуд. Аз руи гузоришҳои шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони наҳзатиҳои ватангумкардаю роҳгумкардаи тоҷик, гирди толорҳое, ки ҷаласаҳои ин созмони кайҳо нуфузашро дар байни ҷомеаи демократӣ аздастдода мегузаранд, чун шаҳпараки гирди шамъ парвона тор метананд ва ба ҳар дару тиреза бо иҷозаву бе иҷоза сар мехалонанд, бехабар аз он ки гапи хоҷагони ин даргоҳро барои духурагиашон  ҳатто дарбонҳои он писанд намекунанд. Аз он ки САҲА чанд сол пеш чанд дақиқае минбарашро дар ихтиёри наҳзатиҳои ватангумкарда, аниқтараш аз Ватан оқшуда гузошт, обрўяш дар Тоҷикистон ба сифр баробар шуд. Мантиқи сухан дар он ки магар он чор раҳгум, ки дасташон дар Ватан оғуштаи хуни бегуноҳон буд, аз чунин минбари баланд аз номи мардуми тоҷик сухан гуфтан ҳуқуқ доранд. Мақасад аз сархалонии наҳзатиҳо ба бисёр созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла САҲА туҳмату туҳматбофӣ, иғвоангезӣ, бадном кардани Ҳукумати Тоҷикистон, аҳли зиёи он аст. Дарбадарию туҳматкобӣ онҳоро ба ҷое бурдаст, ки тақвими солро ҳам фаромўш кардаанд ва дар гумонашон Тоҷикистон ҳануз дар солҳои навадуми асри пеш асту гумроҳ кардани мардум осон аст. Онҳо бар хаёли онанд, ки дар солҳои навадуми асри пешин қадам мезананд ва мехоҳанд «обро лой карда ба моҳидорӣ машғул мешаванд», бехабар аз он ки акнун аср ҳам дигару одамон ҳам дигару ҳукумат ҳам тавоною боиқтидор аст.  Акнун мардуми тоҷик, ҳатто тифлаконаш ҳам медонанд, ки он нафароне, ки ҳатто дар боғи худ як ниҳол нашинондаанд ва дар кишварҳои Аврупоӣ чун лулизанон гадоӣ мекунанд ва  бар умеди давлату давлатдорӣ  ҳастанд, хаёлашон хом аст.

 Назар Олимшо,

 шаҳри Хоруғ 

 

 

 

 

 

 

 

 

Log in

create an account