Мақолаҳо

ВАТАНХОҲӢ Ё МОҶАРОҶЎӢ АЗ МИНБАРИ САҲА

Дар марҳилаи имрўзаи таърихӣ, зиддиятҳои ҷаҳонӣ барои ҳар як  сокини ҷумҳурӣ ва ҳамватанони берун аз кишвар  таъмини осудагӣ ва амну амонии Ватан муҳимтар аз ҳамаи мақсадҳо буда, ҳар як нафари меҳандуст бояд дар таҳкими он саҳми бегаразона гузорад.  Таърихи талхи солҳои 90-ум, моро ҳушдор медиҳад, ки  барангехтани низоъ, айбдоркунӣ ва амали кур курона  дар сиёсат, иҷрои мақсадҳои давлатҳои манфиатдор чи гуна фоҷиаи вазнинро ба бор оварда   мушкилотҳои зиёдро барои миллат эҷод намуд.  Ҳануз овози садҳо қурбониёни солҳои 90-ум- ҳамдавронони мо, ки аз замони истиқлол   умеди зиёд доштанд, ба гуш меояд.  Аммо бадбахтона низоъҷўӣ, коштани тухми кинаву адоват, ҳам айбдоркунӣ, маҳалгароӣ ва мазҳабгароӣ миллатро  қисмат карда, алангаи ҷангро барангехт ва фоҷиаи гушношунидро ба бор овард.  Мутаасифона қисме аз ҳамватанони мо аз чашмаи ҷаҳолату таассуб об хурда барои  пиёда намудани  мақсадҳои  ғаразноки хеш ва доираҳои манфиатдори хориҷӣ  ба ин аланга равған мерехтанд. Умеду орзуи садҳо ҳамватанони мо ба бод рафт.  Ҷойи андешаи ҳазорсолаи таърихии пиндори нек, гуфтори нек, рафтори некро андешаи аҳриманӣ, бадгуӣ, кинаварзӣ ва рафтори ғайринсонӣ фаро гирифт. Барои аз байн бурдани ин оқибати шуми иҷтимоӣ ва бадбахтии миллат чи қадар душвориҳо паси сар, захмҳо марҳам ёфтанд ва торҳои канда пайваст шуданд ва  миллат ба ҳам омад.

Барои мо имрўзиён ва ояндагон зарур аст, ки аз ин тачрибаи талх сабақ андухта, роҳу равиши пешрафти  миллат ва амну амониашро ҳифз намоем. Аз қадимулайём дар байни халқ  сухане аст, ки  табиби дарди ҳар оила худи ҳамон оила аст.  Дуди хонаро равзан медонад, бинобар ин дар бораи  мушкилотҳои дохилии миллат, ҳаммиллатон дар чор тарафи дунё ҷор задан ва аз онҳо имдод хостан аз тарафи ҳамватанони мо айбест аз камоли инсонӣ. Чунки ин рафтор ба анъанаи миллӣ ва арзиши инсонӣ ҳамқирон нест. Вакте, ки марҳами дарди хешро  аз бегонагон умед менамоӣ. Бехабар аз он, ки онҳо чи мақсадҳои ниҳонӣ доранд. Бинбар ин иштироки гурўҳе аз ҳамватанон аз он ҷумла Алим Шерзамон дар ҳамоиши рўзҳои 16-19 сентябрии  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки худро  ҳомиёни амният медонанд ва аслан такондиҳандаи низоъ, муҳаррики  таъминкунандаи   манфиату мақсадҳои давлатҳои алоҳида мебошанд, боз як моҷароҷуии навбатӣ мебошад.

САҲА аз як ҷониб мубориза бар зидди терроризмро ҳадафи худ қарор дода аз тарафи дигар дар кадом минтақае, ки  ҷонибдорони исломи сиёсӣ фаъол мегарданд, онҳоро пуштибонӣ менамоянд. Аз ин ҷиҳат хатогии сиёсии хешро  дарк кардан, аз он  пушаймон шудан ва тавба кардан ҳам  сифати  мардонагӣ ва ҳам арзиши инсониву исломӣ мебошад.

Мо гуруҳи сокинон  аз он изҳор менамоем, ки  ба хотири  саҳифахои талхи солҳои 90-ум, ба ҳурмати курбониёни  ҷанги бародаркушӣ  мо бояд аз ҳама гуна  кинаҷўӣ, низоъандозӣ, таҳқири шахсият, бадномкунӣ ба хотири пешрафти миллат  даст бардорем.

 Як гурўҳ сокинони ш. Хоруғ:

Ҷумъа Беҳрон,

Таҳминаи Саодатқадам,

Суҳроби Мирзошо,

Ниёзалӣ Қамбар,

Ҷаббори Хуҷаназар,

Лолаи Назархудо,

Дидоршои Насриддин,

Насим Саидраҳмон,

 Юсуфбеки Шодмонбек,

 

Log in

create an account