Мақолаҳо

ДАР ТОҶИКИСТОН БО ТОҶИКОН БОШЕД!

Имрӯзҳо тамоми мардум гуш ба Варшава доранд. Дар ин шаҳр ҷаласаи САҲА баргузор мегардад. Ва ният аст, ки аз номи Тоҷикистон низ дар он ширкат менамоянд ва баромад мекунанд. Мувофиқи шунид, яке аз онҳо  Алим Шерзамонов мебошад. Агар Ҳалим Шерзамонов дар Точикистон, дар зодгоҳаш дар Бадахшон дар қатори мардуми ин диёр истода, барои ободии Бадахшон заҳмат мекашид, беҳтар мебуд.  Имруз Тоҷикистон ва зодгоҳат Бадахшон дар фазои софу беғубор даст ба ободиву созандагӣ зада пеш рафта истодаанд. Хуованд ба мо як маротиба умр насиб кардааст ва рисолати таърихии мо қадре ҳам бошад, обод кардани зодгоҳи аҷдодии худ мебошад.  Имруз Бадахшон проблемаҳои дохилии худро дошта ба фарзандони худ нигарон аст, аммо Ҳалим ба  мамлакати бегона рафта барои халқи худ «ғамхор» шудааст. Ин ғамхорӣ ба хотири чӣ бошад?  Агар ба хотири пешрафти Бадахшон бошад, Халим биёяду дар байни мардуми худ меҳнат кунад, баромад кунанд, ободонӣ кунад. Шарт нест аз як мамлакати бегона истода, дар ҷаласаҳои бегона  бо қисмати миллату халқи худ бозӣ кард.  Худо медонад, бегонагон аз дур қисмати халқи моро ба некӣ ҳал намоянд. Таърих нишон медиҳад, ки ҳеҷ шахси сиёсии бегона  бе манфиати шахсии худ мулки дигарро обод накардааст ва намекунад. Бинобар ин имрузхо дилсузи халку миллат будан ин дар ватан бо халқи худ будан, бораи халқи худ заҳмат кашидан аст.  Чароки пешрафту муваффақият, ободонии ҳар як давлат  дар ҳамдастӣ, муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва бо ҳам будан аст.

С. Баҳодур

Log in

create an account