Мақолаҳо

САҲА оташфурӯзи ҷангу ҷудоии миллатҳо аст

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон Конференсияи ҳарсолаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо вобаста ба «Ҳуқуқу озодиҳои инсон» баргузор шуда истодааст. САҲА ҳамчун ташкилоти байналмилалӣ 1-уми августи соли 1975 таъсис ёфта, вазифаи асосии он пешгирӣ ва ҳалли ҳар гуна муноқишаҳои минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон 57 давлати дунё, ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ин созмон мебошанд.  

Оё имрӯз ин созмон ба салоҳияти худаш созгор аст? Албатта не, зеро сиёсати духӯрае, ки роҳбарияти САҲА роҳандозӣ намуда истодааст, боиси паст гардидани обрую нуфузи Созмон дар арсаи байналмилалӣ шуда истодааст. Оиди кадом ҳамкорӣ ва таъмини амният мо ҳарф мезанем, вақте, ки ин ташкилот рӯирост роҳбарон ва тарафдорони ҳар гуна ташкилоту равияҳои террористӣ – экстремистиро тарафдорӣ ва дастгирӣ мекунад.

Ба ёд оред, соли 2016 дар конфронси САҲА намояндагони «Ҳизби наҳзати исломӣ» омада, тазоҳурот гузарониданд. Имрӯз ҳам, мо шоҳиди он ҳастем, ки Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравонаш дар конфронс овоз баланд карда истодаанд. Чӣ гуна роҳбарону аъзоёни ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки дар кофтуков эълон гардидаанд, аз тарафи САҲА дастгирӣ меёбанд.

Бубинед, дар толорҳои САҲА намояндагони ташкилоти террористӣ – экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон» таҳти муҳофизат қарор дошта, ба онҳо тамоми шароит барои пешбурди фаъолияти тӯҳматангез ва иғвоангезона муҳайё шудааст. Ба ҷониби расмии Тоҷикистон аққалан аксбардорӣ иҷозат намедиҳанд.

Нигоҳ ба ин намоишномаи САҲА водор ба он месозад, ки созмон бозичаи дасти абарқудратҳо буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии онҳо истифода мешавад.

  Хушбахт Некқадамов,

сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account