Мақолаҳо

САҲА - ҶОНИБДОРИ ТЭТ ҲНИ

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми қувваҳо ва созмонҳои террористӣ экстремистӣ аз ҷониби созмону ҳаракатҳои байналмилалӣ ва кишварҳои абарқудрат дастгирӣ  мегарданд.

         Роҳбар ва намояндаҳои созмонҳои террористӣ аз қабили ТЭТ ҲНИ раводиди ҳамсони «раводиди шенгенӣ» доранд ва бемушкилот сарҳади давлатии ин ё он кишвари Аврупоро убур доранд.

         Новобаста аз ин намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ бо овози баланд аз минбарҳо суханронӣ намуда, аз чунин созмонҳои террористӣ ва  гуруҳҳои тундрав пуштибонӣ менамояд. Бо ин амалҳои худ дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ худро ҳамчун ҳимоятгарӣ  муҳоҷирони сиёсӣ дар хориҷи кишвар муаррифи менамояд. Вале дар асл САҲА яке аз созмонҳое мебошад, ки нооромии кишварҳои манотиқи Осиёи Марказиро хоҳон аст.

Бар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки фаъолони ТЭТ ҲНИ ҳамчун  хоинони миллат пас аз кўшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 ва ноком гаштан, сараввал дар кишварҳои ба ном исломӣ ва сипас рў ба ғарб оварданд. Айни ҳол бо ақидаҳои ба истилоҳ «меҳанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ» дар Ғарб алайҳи миллат баромада намуда, кўшиш ноором намудан вазъиятро дар минтақа доранд.

Дар кишвари ҳамсарҳади мо ҶИА аз соли 1979 ҷанг идома дошта, тамоми абарқудратҳо бо баҳонаи ором сохтани он қувваҳои низомии худро ба он ҷо ворид намуда, ин кишварро ба майдони ҷанг барои қувваозмоӣ ва санҷиши силоҳу аслиҳаҳои ҷадиди худ табдил додаанд. ҶИА худ қудрати ҷори намудани суботро дар кишвараш дорорад, чаро оромаш намегузоранд. Чунки дар он ҷо манфиате барои ин ё он абарқудрате мавҷуд аст. Барои чӣ таваҷҷуҳи САҲА дар кишварҳои пасошуравӣ ва кишварҳои исломӣ беандоза зиёд аст. Барои он ки ин ташкилот танҳо манфиатҳои ғарбиёнро ҳифз менамоянд. Ҳеҷ падар фарзанди худро хор шудан намемонад ва ҳеҷ давлат манфиатҳои кишвари бегонаро аз манфиатҳои худ боло намегузорад.

Пас он нафароне, ки дар хориҷи кишвар гуруҳеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд, ки маъмулан пайравони морсифати талбандаро мемонанд. Барои шиками худро сер намудан ба ҳамагуна амали зишт омода ҳастанд. Ҷанги шаҳрвандӣ магар барои миллати мо сабақ нагаштааст, ки боз модари тоҷик чунин фарзандони дуруяро тавлид ва аз пистони муборакаш шир додаст. Ё чунин афрод аз шири хар ва ё ҳайвони дигар нўш кардаанд, ки ба қадри модар Ватан намерасанд.

Гарчанде, ки имрӯз дар Точикистони азизамон амнияти кишвар   ба дараҷаи олӣ таъмин гардида бошад ҳам ҳанӯз ҳам бадхоҳони миллату давлат, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ба мисли ТЭТ ҲНИ, ният доранд, ин амнияти кишвар сулҳу суботи ҷомеаро ноором созанд.

Log in

create an account