Мақолаҳо

АЗ НИШАСТИ САҲА ТО “СТАНДАРТҲОИ ДУГОНА”

Ё киҳо террористонро ҳомии“озодӣ”

ва “демократия” мешуморанд?

Давоми чанд рӯз аст, ки дар пойтахти Лаҳистон, шаҳри Варшава нишасти навбатии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор мегардад. Хушбахтона чун ҳамасола дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат намуда, аз минбарҳои баланд нуқтаи назари воқеии мардум ва Ҳукумати мамлакатро баён мекунанд. Имсол ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаю расонаҳои ватаниву хориҷӣ баромадҳои пурмуҳтаво ва далелҳои мушаххаси ҳайати расмии Тоҷикистонро пайгирӣ карда, ба хулоса омадан мумкин аст, ки намояндагонамон бо омодагии комил дар нишасти мазкур қарор доранд.

Ҳоло итминон дорем, ки ҳайати Тоҷикистон манфиату шарафи тоҷиконро дар назди ҷаҳониён ва ҳам ҷонибҳои мухолифу хоинонии бурунмарзӣ сарбаландона ҳимоя намуда, ба ҳар гуна суолу пурсиш посухи мувофиқу аниқ медиҳанд. Дар акси ҳол, кӣ будани душманони миллат дар симои Кабириву Ш. Гадоев, А. Шерзамонову дигарон ва чӣ будани САҲА – ро ба қадри кофӣ медонем ва ба ҳама хел ситезаҷӯиву майдонталабии хоинону ҳомиёни онҳо омодаем.

Маълум аст, ки бархе аз созмонҳову кишварҳои ғарб аз “стандартҳои дугона” - и худ даст накашида, баръакс онҳоро мавриди корбурди сиёсати берунаи хеш қарор медиҳанд. Бо ибораи дигар чунин тасмимгирии созмону кишварҳои ҳамсон аз он шаҳодат медиҳад, ки кадом расонаҳову шабакаҳои идеологӣ ба манфиати онҳо кор карда, то чӣ андоза аз ҳодисаву воқеаҳои қаблан рухдода дар Тоҷикистон ҳангома месозанд, онҳоро пайваста дастгирӣ мекунанд. Яъне ҳам бо гранту маблағҳои калони ғарбӣ ва ҳам дар нишасту мурофиаҳои сатҳҳои гуногун. Лекин кадоме, ки бо ғарб ҳамақида набошаду ҳақиқатро бозгӯ мекунад ба ӯ бо тарзҳои дигар муносибат карда мешавад.

Чунин мунофиқию риёкорӣ, ки асосан дар робита бо инқилобҳои рангаи давлатҳои гуногуни сайёра сурат мегирад, мисоли оддӣ шуда метавонад. Кишваре, ки арзишҳои ғарбиро ҷонибдор несту ба истилоҳ “тиллои сиёҳ” ё худ нафт дорад, дар ҳол сӯи он инқилобу эътирозҳои зиддиҳукуматӣ роҳандозӣ мегардад ва ниҳоят баъзеҳо дар ин маврид аз роҳу усулҳои ба худашон хос истифода мекунанд.

Дур намеравем. Ҳодисаҳои кишвари Украинаро ҳамагон хуб дар ёд доранд. Инқилоби ранга аз куҷо сурат гирифту кадом кишварҳои манфиатхоҳ аз аввал онро ҷонибдорӣ намуданд ва худи ВАО – и ғарб чӣ гуна арзишҳову идеологияро тарғиб карданду вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвари болозикр бо чӣ анҷомид ва ҳоло дар кадом сатҳ қарор дорад?!

Нақши худи САҲА – ро дар он бинед, ки оё ин тасодуф буд, ки 27 – уми марти соли 2014 созмон дар шахсияти намояндагии хеш оид ба масоили озодии ВАО Дуни Миятович қатъи фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ ва расонаҳои хориҷӣ, бахусус шабакаҳои Руссияро дар Украина маъқул донист.

Ё чаро САҲА феълан бо ташкилоти террористию экстримистии ҲНИ ва саркардагону аъзоёни ӯ равобит дошта, онҳоро ба нишастҳои сатҳи байналмилалӣ даъват мекунад. Магар чунин аъзоён чанд сол қабл дар Тоҷикистон кӯшиши табадуллоти низомиву зиддиҳукуматӣ накарда буданд? Чаро ба ҳамаи ҷиноятҳои содиркардаи ҲНИ аз тарафи САҲА чашмпӯшӣ карда мешаваду замоне дар Тоҷикистон ҳодисае ба миён ояд, дар ҳол аз он ҳангома сохта мешавад?!

Ёд дорам худи ҳарфҳои Президенти кишвари ҷангзадаи Сурия Башор Асадро, ки дар як мулоқоти хеш бо рӯзноманигорон хеле ба маврид гуфта буд: “Ғарб нисбати терроризм муносибати мунофиқона дорад. Ғарб фақат онҳоеро “террорист” мешуморад, ки ғарбиҳоро мавриди ҳамла қарор медиҳанд. Аммо вақте ки террористон ба мо ҳуҷум мекунанд, онро ғарб “инқилоб”, “озодӣ”, “демократия” ва “нақзи ҳуқуҳҳои башар” медонад.”

Бале, теъдоди чунин далелҳо кам нестанд, ки давлатҳои манфиатҷӯ бо гурӯҳҳои гуногуни экстремистӣ ва муташаккили ҷиноятӣ ҳамкорӣ карда, дар интиҳо аз онҳо қотилону террористоне месозанд, ки тамоми оламро зери ҳадафҳои нопокашон қарор дода,  чунин тамоюлро бо дастони хеш доманадор менамоянд.

Имрӯз дар баромаду суханронии душманони берунмарзӣ ва навиштаҳои сомонаҳои хориҷӣ ба Ҳукумати кунунии мо ҳам ошкоро таҳдид карда мешавад, ки ҳокимиятро меросӣ намудан ва ё барои сиёсатмадорони ҷонибдори демократия дароз мондан дар мансаби роҳбарӣ иқдомест нобахшиданӣ. Бале, ҳамаи ин лафзҳои тумтароқу суханбозӣ маҳз аз тарафи расонаҳои ғарбиву душманони миллат садо медиҳанд.

Вале танҳо назаре мебояд ба давлатҳои ғарб ва таърихи начандон дурашон, ки чӣ гуна мо дар онҳо “сиёсатмадорони дарозумр” – ро мебинем. Мисоли оне ки Кантслери кунунии Олмон Ангела Меркел алакай 10 сол дар ин мақом қарор дорад. Ё нахуст – вазири пештараи Англия Тони Блэр ҳам 10 сол дар мақоми олии роҳбарикунандаи давлатӣ қарор дошт. Инчунин собиқ Президенти Фаронса Жак Ширак 12 сол президент буд ва ё Сильвио Берлускони, нахуст – вазири пешинаи Италия бошад чор бор дар ҳамин вазифа таъйин шуда буд ва чунин мисолҳо бешуморанд.

Хуллас, ҳоло чунин қудратталабиҳо ва дахолати ошкоро ба корҳои дохилии ҳар як кишвари ҳуқуқбунёд аз тарафи созмону давлатҳои манфиатхоҳ бараъло мушоҳида мешавад. Кабириву Гадоевҳо, Шерзамонову ҳаммаслаконашон ва дигар “Паймон” - у ташкилотҳои ҳархелаи онҳо танҳо асбобу лавозимотеанд, ки ҳомиёнашон мехоҳанд, ба қадре ба онҳо “судманд” аз чунин асбобу бозичаҳо истифода кунанд.

Олим СИНАВБАРШОЕВ, таҳлилгар

 аз ноҳияи Шуғнони ВМКБ

Log in

create an account