Мақолаҳо

ҶОМЕА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКТРЕМИЗМ

 Дар ҷомеаи муосир баробари дастовардҳо ва муваффақиятҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар баъзан муаммоҳое пеши роҳ сар мезанад, ки он проблемаи инсонияти кураи арз аст ва баъзе ҷавонони кишвар ҷиҳати камсаводиву бехабарӣ аз набзи сайёра ба он гирифтор мегарданд. Аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки Ҳукумату давлат ва қишри масъулиятшинос ва дилсўзи ҷомеа зидди он муборизаи беамон мебаранд ва дар ин раванд корҳои назаррас ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омада истодааст...

Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзўъ гуфтаанд: “Имрўз дар миёни ҷаҳони исломи Ғарб садди нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Мутаассифона дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гўё ифротгароӣ хоси табиати дини ислом - яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад, чунин муносибат ба мардуми мусалмон,ки аз уқёнуси Ҳинду Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷякии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рўи инсофу адолат нест.

Дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозўъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зўроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зўроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугўи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугўи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст зада, ҳатто худкушӣ мекунанд, худро метарконанд, гумон мекунанд, ки бо ин роҳ қасос мегиранд. Қисми зиёди чунин рафторҳои ифротгаронаро чун таассуб дониста, маҳкум карда бояд шавад”.

Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ: “Ал-қоида”, “Ҳизб-ул-таҳрир”, “Салафия”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, “Бародарони мусулмон”, “Ҳизби исломии Ўзбекистон” (собиқ ҳаракати исломии Ўзбекистон), “Лашкари тайиба”, “Ҳаракати толибон”, “Гурўҳи 24”, “Тоҷикистони озод”, “Ансоруллоҳ” ва амсоли инҳо давоми солҳои 2009, 2014 ва 2015 манъ карда шудааст.

Вале мутаассифона баъзе аз тоифаҳои ҷавонони мо дидаю дониста ё бо роҳи фиребу гумроҳӣ, ки бештари онҳо фарогири гурўҳҳои ҷавонони бекор, дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, камсаводон, гумроҳшудагон ва аз таълиму тарбия коста мебошанд ташкил медиҳанд. Онҳо бо рафтору муносибати нописанди худ ба номи “ҷавонӣ” ғараз оварда, ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ даст мезананд ва ё ба гурўҳҳои тундрави ба ном “исломӣ” шомил мешаванду ҳаёти худро доғдор ё ҷони худро зери хатар мегузоранд. Онҳо ақидаҳои бегонапарастӣ дошта, ҳадафи вайрон намудани сохти конститутсионӣ ва ба ном пойдор намудани “давлати исломӣ”-ро доранд. Дар ҳоле, ки мувофиқи моддаи 1 ва 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд”.

Сабаби асосии даст задани ҷавонон ба ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дигар гуруҳҳои ифротӣ аз тарбияи нодурусти фарзандон дар оила, паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, гумроҳшавӣ, побанди молу мулк, таъсири бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, беаҳамиятӣ ва беназоратии падару модар боис ба доми ифротиён афтодани онҳо гардида истодааст. Аз тарбия ёфтани чунин ҷавонон ба давлат ва оила ягон манфиате нест. Зеро онҳо хиёнат ба ватану миллат, падару модар ва оилаи худ мекунанд.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати созандаву бунёдкорро пеша намуда, ҳадафи асосиаш нигоҳ доштани неъматҳои бузурги истиқлолият ва ягонагиву ваҳдати миллист. Имрўз барои решакан ва пешгирӣ намудани хатари экстремизму терроризм Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз 12 ноябри соли 2016, №776 таҳия ва қабул гардида, ҳамаи мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимии кишвар бо корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ муборизаи беамон бурда истодаанд то ки шаҳрвандон ва ҷавонон аз хатари ин падида огоҳ ва эмин бошанд.

Ҳанўз соли 2003 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид дошта буданд: “Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ба терроризм ва экстремизм танҳо бо усули низомӣ пирўз шудан имкон дорад. Бо чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанўз хеле нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва экстремизм мегарданд, пурра нест карда наметавонад. Вобаста ба ин бори дигар мехоҳам таъкид намоям: то он даме, ки бо мақсади кам кардани қашшоқию бенавоӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маълумот тадбирҳои муассир ва ҷиддӣ андешида нашаванд, хавфи терроризм ва экстремизм низ аз байн намеравад”

Омили дигари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ сатҳи пасти маърифати диниву дунявии ҷавонон ва бекории онҳо бошад, аз ҷониби дигар ба онҳо таъсири муҳити беруна низ хоҳ нохоҳ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар таъсир мерасонанд. Ҳарчанд ҷавонон бо ҷойи корӣ таъмин бошанд ҳам, вале аз мадди назари волидайн дур мондаанд. Пас ин ҷо масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, назорати кору фаъолият ва рафтору амали насли ҷавон низ нақши калидӣ мебозад. Ҷавонон мехоҳанд аз илми муосири ҷаҳонӣ бархўрдор бошанд, ҳамқадами замон бошанд, таҷрибаҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷиро азхуд намоянд, ҷойи кори муносиб дарёфт намоянд, вале, онҳоро ташвиши зиндагӣ ба яъсу ноумедиҳо ба оянда мебарад ва гоҳо аз нобоварӣ ба ояндаи нек ва надоштани таҷрибаи ҳаётӣ ба мушкилиҳои ҳаётӣ дучор мегардонад. Ҷавонон солҳои сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолият мебаранд, аз меҳри падарию модарӣ ва зану фарзандон дур мемонанд, муҳити бегона онҳоро фаро гирифта, рафтору гуфтору муносибати насли ҷавони моро ба куллӣ тағир медиҳанд...

Бояд ёдовар бояд шуд, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Ягон кас ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад. Шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қатъи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молу мулкӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

 

         Фирдавси Б.- таҳлилгар

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Log in

create an account